ТАЪЛИМИ ИННОВАТСИОНИИ АДАБИЁТИ БАЧАГОНА ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Аннотация

Дар ин мақола масъалаи таълими инноватсионии адабиёти бачагона дар синфҳои ибтидоӣ баррасӣ мешавад. Муҳимияти адабиёти бачагона дар рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ ва эҷодии кӯдакон таҳлил гардида, усулҳои муосири таълим, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, усулҳои интерактивӣ ва эҷодӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва лоиҳаҳои эҷодӣ тавсиф карда мешаванд.

Тип источника: Журналы
Годы охвата с 2023
inLibrary
Google Scholar
Выпуск:
295-298
0

Скачивания

Данные скачивания пока недоступны.
Поделиться
Ҳакимова Марҷона Искандарзода,Қаюмов Нодир Найимович. (2025). ТАЪЛИМИ ИННОВАТСИОНИИ АДАБИЁТИ БАЧАГОНА ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ. Международный журнал научных исследователей, 12(1), 295–298. извлечено от https://inlibrary.uz/index.php/ijsr/article/view/130463
0
Цитаты
Crossref
Сrossref
Scopus
Scopus

Аннотация

Дар ин мақола масъалаи таълими инноватсионии адабиёти бачагона дар синфҳои ибтидоӣ баррасӣ мешавад. Муҳимияти адабиёти бачагона дар рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ ва эҷодии кӯдакон таҳлил гардида, усулҳои муосири таълим, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, усулҳои интерактивӣ ва эҷодӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва лоиҳаҳои эҷодӣ тавсиф карда мешаванд.


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

295

ТАЪЛИМИ ИННОВАТСИОНИИ АДАБИЁТИ БАЧАГОНА ДАР СИНФҲОИ

ИБТИДОӢ

Ҳакимова Марҷона Искандарзода

Донишҷӯи курси 4-уми донишкадаи

омӯзгории Ӯзбекистон -Финландия

Роҳбари илмӣ:

Қаюмов Нодир Найимович

Дотсенти донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон -Финландия

Аннотатсия:

Дар ин мақола масъалаи таълими инноватсионии адабиёти бачагона дар

синфҳои ибтидоӣ баррасӣ мешавад. Муҳимияти адабиёти бачагона дар рушди зеҳнӣ,

ахлоқӣ ва эҷодии кӯдакон таҳлил гардида, усулҳои муосири таълим, аз ҷумла

технологияҳои рақамӣ, усулҳои интерактивӣ ва эҷодӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва лоиҳаҳои

эҷодӣ тавсиф карда мешаванд.

Калидвоҷаҳо:

таълими инноватсионӣ, адабиёти бачагона, синфҳои ибтидоӣ, усулҳои

интерактивӣ, иҷрои саҳнаҳо, технологияҳои рақамӣ, муҳокимаи асарҳо, лоиҳаҳои эҷодӣ,

рушди кӯдакон.

Муқаддима

Адабиёти бачагона яке аз муҳимтарин воситаҳои тарбия ва рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ

ва иҷтимоии кӯдакон ба ҳисоб меравад. Он на танҳо кӯдаконро бо ҷаҳони афсонаҳо,

воқеият ва арзишҳои инсонӣ шинос мекунад, балки ба инкишофи хаёлот, малакаи

тафаккур ва саводи онҳо мусоидат менамояд. Дар шароити муосир, ки технология ва

методҳои таълимӣ босуръат рушд мекунанд, истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар

таълими адабиёти бачагона аҳамияти хоса пайдо кардааст. Мақсади ин мақола таҳлили

методҳои инноватсионӣ дар таълими адабиёти бачагона дар синфҳои ибтидоӣ мебошад.

Адабиёти бачагона ҳамчун воситаи рушди кӯдакон

Адабиёти бачагона дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳимеро мебозад.

Китобҳои бачагона бо мазмунҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ кӯдаконро ба арзишҳои инсонӣ,

дӯстӣ, ростқавлӣ ва меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекунанд. Ҳикояҳо ва афсонаҳо бо қаҳрамонони

мусбӣ ва манфии худ ба кӯдакон мефаҳмонанд, ки чӣ тавр дар ҳаёт дуруст амал кардан

лозим аст. Инчунин, адабиёти бачагона ба рушди забон ва нутқи кӯдакон кӯмак

мерасонад. Ҳангоми хондани ҳикояҳо ва шеърҳо кӯдакон бо луғати нав шинос мешаванд

ва тарзи дурусти истифодаи ҷумлаҳоро меомӯзанд. Инчунин, хондани китобҳо

тафаккури мантиқӣ ва тахайюлоти кӯдаконро инкишоф дода, онҳоро водор месозад, ки

фикрҳои худро равшан ва возеҳ ифода кунанд. Он як воситаи беҳтарин барои бедор

кардани эҷодкорӣ ва тасаввуроти кӯдакон мебошад. Вақте ки кӯдакон афсона ё ҳикоя

мехонанд, онҳо қаҳрамононро тасаввур мекунанд, ҷаҳони хаёлиро дар зеҳни худ

месозанд ва ҳатто худашон ба офаридани ҳикояҳои нав шурӯъ мекунанд. Агар кӯдакон аз

хурдсолӣ ба мутолиаи адабиёти бачагона ҷалб карда шаванд, дар онҳо муҳаббат ба

китобхонӣ ташаккул меёбад. Ин одат дар оянда кӯдаконро ба шахсони маърифатнок ва

донишманд табдил медиҳад. Омӯзгорон ва волидон метавонанд тавассути интихоби

китобҳои ҷолиб ва муносиб ба синну соли кӯдакон онҳоро ба мутолиа ҳавасманд кунанд.

Усулҳои инноватсионӣ дар таълими адабиёти бачагона

Бо рушди технология ва методологияи таълим, усулҳои анъанавии омӯзиши

адабиёти бачагона бо усулҳои инноватсионӣ пурра ва такмил дода мешаванд. Ин усулҳо


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

296

ба баланд бардоштани шавқи кӯдакон ба мутолиа, рушди тафаккури эҷодӣ ва беҳтар

фаҳмидани матн мусоидат мекунанд. Хусусан, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар

таълими адабиёти бачагона имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ин технологияҳо на

танҳо мутолиаро ҷолибтар месозанд, балки ба кӯдакон кӯмак мекунанд, ки мазмуни

асарҳоро беҳтар дарк кунанд ва малакаҳои забонии худро рушд диҳанд.

Яке аз чунин технологияҳо китобҳои электронӣ ва аудиокитобҳо мебошанд.

Хонандагон метавонанд ҳикояҳоро тавассути планшет ё компютер мутолиа кунанд, ки

ин раванд мутолиаи онҳоро осон ва дастрас мегардонад. Илова бар ин, гӯш кардани

аудиокитобҳо ба онҳо кӯмак мекунад, ки талаффузи дурусти калимаҳоро ёд гиранд ва

мазмуни асарро амиқтар дарк намоянд.

Видео ва аниматсияҳо низ барои фаҳмиши беҳтари адабиёт мусоидат мекунанд.

Хонандагон метавонанд филмҳои кӯтоҳеро, ки аз рӯи ҳикояҳо ва афсонаҳо сохта

шудаанд, тамошо кунанд. Пас аз тамошо, муҳокимаи ҳодисаҳо ва хулосабарорӣ аз

мундариҷаи онҳо ба таҳлили мазмуни асар кӯмак мекунад. Илова бар ин, барномаҳо ва

платформаҳои интерактивӣ метавонанд раванди таълимро боз ҳам шавқовар гардонанд.

Ҳамчунин, қироати матн бо истифодаи барномаҳои овозӣ ва интерактивӣ хонандагонро

ба муҳити муосири омӯзиш ворид менамояд. Бо истифодаи ин усулҳои рақамӣ, раванди

таълими адабиёти бачагона шавқовар ва самаранок мегардад, ки ин ба рушди зеҳнӣ ва

забондонии хонандагон таъсири мусбат мерасонад.

Барои ҷалби бештари кӯдакон ба дарс, боз усулҳои интерактивӣ ва фаъолона

истифода мешаванд. Яке аз чунин усулҳо саҳна ва саҳнасозӣ мебошад, ки дар он

хонандагон ролҳои қаҳрамонони ҳикояҳоро иҷро мекунанд. Ин раванд ба онҳо имкон

медиҳад, ки рафтори персонажҳоро муҳокима намуда, таҳлили ахлоқии онҳоро анҷом

диҳанд. Инчунин, муҳокима ва баҳсҳо низ барои фаъолона иштирок кардани кӯдакон дар

раванди таълим нақши муҳим доранд. Омӯзгор саволҳо пешниҳод мекунад, ки кӯдакон

дар гурӯҳ муҳокима намуда, фикру ақидаҳои гуногунро мешунаванд ва дар асоси онҳо

хулосаҳои муштарак мебароранд. Ғайр аз ин, бозиҳои таълимӣ низ барои ҷалби кӯдакон

ба дарс самаранок мебошанд. Онҳо кроссвордҳо ва викторинаҳоро вобаста ба мазмуни

китоб пур мекунанд, инчунин қисм ба қисм ҳикояҳоро ҷамъ намуда, матнҳои нав

месозанд, ки ин ба рушди фикрронӣ ва эҷодкории онҳо мусоидат мекунад.

Инчунин, барои рушди хаёлот ва малакаҳои эҷодӣ усулҳои гуногун истифода

мешаванд. Яке аз онҳо навиштани ҳикоя ва шеър мебошад, ки дар ин раванд кӯдакон

ҳикояҳои кӯтоҳ ва шеърҳо эҷод мекунанд. Ба онҳо имконият дода мешавад, ки

китобчаҳои шахсии худро таҳия намуда, эҷодиёти худро инъикос намоянд. Инчунин,

расмкашӣ ва сохтани бозичаҳои дӯстдошта низ барои инкишофи эҷодкорӣ муҳим аст.

Кӯдакон қаҳрамонони афсонаҳоро тасвир намуда, лӯхтаксозӣ ва офаридани саҳнаҳо аз

ҳикояҳоро меомӯзанд, ки ин раванд қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф медиҳад. Ғайр аз

ин, филмсозӣ ва аниматсия низ ҳамчун як усули самараноки эҷодӣ истифода мешавад.

Кӯдакон метавонанд филмҳои кӯтоҳ ё аниматсияҳо аз рӯи афсонаҳои машҳур омода

намоянд ва дар сабти аудио ва видео иштирок кунанд, ки ин ба рушди тахайюлот ва

малакаҳои эҷодии онҳо мусоидат мекунад.

Боз лоиҳаҳои эҷодӣ ва ҳамкории гурӯҳӣ яке аз усулҳои самараноки таълим ба

ҳисоб мераванд. Дар раванди таҳияи чунин лоиҳаҳо, кӯдакон бо ҳамкорӣ асарҳоро

таҳлил намуда, хулоса мебароранд. Онҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, барои баёни фикрҳои

худ презентатсияҳо омода мекунанд, ки ин ба рушди малакаҳои таҳлилӣ ва суханронии

онҳо кӯмак мерасонад. Илова бар ин, мулоқот бо нависандаву шоирон ба хонандагон

имконият медиҳад, ки бо нависандагон робитаи қавӣ барқарор намоянд. Ҳамчунин,


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

297

истифода аз китобхона ва осорхона низ як қисми муҳими таълим ба ҳисоб меравад.

Ташкил кардани сафарҳои таълимӣ ба китобхонаҳои бачагона кӯдаконро бо ҷаҳони

адабиёт наздиктар месозад. Онҳо бо таърихи адабиёти бачагона шинос шуда, дар бораи

муҳимтарин осори ин жанр маълумот мегиранд, ки ин ҷараён ба ривоҷёбии дониши онҳо

мусоидат мекунад.

Таҷрибаи муваффақ дар таълими инноватсионӣ

Дар мактабҳои миёна татбиқи усулҳои инноватсионӣ дар таълими адабиёти

бачагона натиҷаҳои назаррас додааст. Омӯзгорон бо истифодаи технологияи рақамӣ,

усулҳои интерактивӣ ва эҷодӣ тавонистанд шавқи хонандагонро ба мутолиа зиёд кунанд

ва самаранокии таълимро баланд бардоранд.

Яке аз усулҳои омӯзиши адабиёт дар синфҳои ибтидоӣ таҳияи саҳнаҳо аз ҳикояҳо

ва афсонаҳои бачагона мебошад. Дар ҷараёни ролбозӣ, кӯдакон ролҳои қаҳрамонҳои

афсонавиро мебозанд. Ин таҷриба ба онҳо кӯмак мекунад, ки матнро на танҳо тавассути

хондан, балки бо амалан таҷриба кардан беҳтар дарк намоянд. Инчунин, иҷрои ролҳо

маҳорати суханронӣ ва худбаёнкунии хонандагонро рушд медиҳад. Ғайр аз ин, дарсҳои

кушод бо иштироки волидон ва омӯзгорони дигар ташкил карда мешаванд. Дар чунин

дарсҳо хонандагон дар муҳити эҷодӣ ҳикояҳои хондаашонро намоиш дода, бо истифода

аз ҳаракат, овоз ва эҳсосоти худ мазмуни асарро баён мекунанд. Татбиқи ин усул

натиҷаҳои назаррас ба бор меоварад. Хонандагон дарк мекунанд, ки мутолиа на танҳо

хондани китоб, балки як таҷрибаи зинда ва фарогир буда метавонад.

Барои рушди қобилияти эҷодӣ ва таҳлилии хонандагон дар мактабҳо усулҳои

эҷодӣ ва лоиҳавӣ васеъ истифода мешаванд. Омӯзгорон бо хонандагон лоиҳаҳои адабиро

роҳандозӣ намуда, онҳоро ба эҷодкорӣ ҳавасманд мекунанд. Яке аз чунин усулҳо

навиштани китобчаҳои шахсӣ мебошад. Ҳар хонанда ҳикоя ё афсонаи худро менависад

ва онро бо тасвирҳои худ пурра мекунад. Ин раванд на танҳо малакаи навиштани онҳоро

беҳтар месозад, балки тахайюлоти эҷодии онҳоро низ инкишоф медиҳад. Илова бар ин,

ташкили маҳфили “Нависандаи наврас” ба хонандагон имконият медиҳад, ки асарҳои

худро хонда, муҳокима кунанд ва такмил диҳанд. Дар ин маҳфил онҳо фикру

мулоҳизаҳои ҳамдигарро мешунаванд ва дар асоси онҳо навиштаҳои худро беҳтар

менамоянд.

Яке аз усулҳои самараноки таълим, ки низ дар мактабҳои миёна татбиқ мешавад,

“Хондани фаъол” мебошад. Дар ин раванд хонандагон пас аз мутолиаи асарҳо дар

гурӯҳҳо муҳокима анҷом дода, фикру андешаҳои худро баён мекунанд ва хулоса

мебароранд. Барои такмили ин усул, кор бо гурӯҳҳо ба таври васеъ истифода мешавад.

Хонандагон қисматҳои гуногуни ҳикояро мутолиа намуда, сипас дар гурӯҳ муҳокима

мекунанд. Дар ин раванд онҳо на танҳо мазмуни асарро амиқ дарк мекунанд, балки

малакаи тафаккури таҳлилиро низ инкишоф медиҳанд. Илова бар ин, муқоисаи сюжетҳо

низ ба таври фаъол истифода мешавад. Кӯдакон асарҳои гуногунро муқоиса намуда

фарқиятҳои онҳоро муайян мекунанд. Ин усул ба онҳо кӯмак мекунад, ки робитаи байни

ҳикояҳо ва хабарҳои онҳоро фаҳманд ва фикрҳои худро равшан баён намоянд.

Хулоса

Адабиёти бачагона яке аз муҳимтарин воситаҳои рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ ва

иҷтимоии кӯдакон мебошад. Он на танҳо малакаи хонишро такмил медиҳад, балки

ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ карда, дар онҳо қобилияти тафаккури эҷодиро ташаккул

медиҳад. Татбиқи технологияҳои рақамӣ, методҳои интерактивӣ, нақшбозӣ, муҳокима ва


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

298

эҷоди асарҳо дар мактабҳои миёна ва махсус натиҷаҳои мусбат дода, хонандагонро ба

мутолиа ҷалб карда, малакаҳои фикрронӣ ва эҷодиёти онҳоро рушд медиҳад. Омӯзгорон

бо истифода аз ин усулҳо метавонанд муҳити таълимиро ҷолиб, муассир ва шавқовар

гардонанд. Барои боз ҳам беҳтар намудани таълими адабиёти бачагона, гуфта мешавад,

ки истифодаи усулҳои инноватсионӣ густариш ёбад, омӯзгорон бо методҳои муосир

бештар шинос шаванд ва муҳити мусоиди таълимӣ барои хонандагон фароҳам оварда

шавад. Танҳо бо чунин равиш метавон ба насли нав малакаи хуби китобхонӣ, тафаккури

эҷодӣ ва ҷаҳонбинии васеъ бахшид.

Рӯйхати адабиёт:

1. Т. Миров, Қ. Хоҷаев. Ш.Исломов. -Методикаи таълими адабиёти тоҷик. -Душанбе:

Маориф,1991.

2. С.Хӯҷақулов, Г.Адашуллоева. -Методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик. -

Самарқанд, 2023.

3. Хўҷақулов С. Технологияи нави таълим ва методикаи таълими адабиёти тоҷик. -

Самарқанд: СамДУ, 2007 (СамДУ Ziyo Net).

4. Абдусамади Мулло. Методикаи таълими адабиёти тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2014. -

400саҳ.

5. Аминов А, Воҳидов З. Иншо дар мактаби миёна. – Душанбе: Маориф,1985.

Библиографические ссылки

Т. Миров, Қ. Хоҷаев. Ш.Исломов. -Методикаи таълими адабиёти тоҷик. -Душанбе: Маориф,1991.

С.Хӯҷақулов, Г.Адашуллоева. -Методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик. - Самарқанд, 2023.

Хўҷақулов С. Технологияи нави таълим ва методикаи таълими адабиёти тоҷик. -Самарқанд: СамДУ, 2007 (СамДУ Ziyo Net).

Абдусамади Мулло. Методикаи таълими адабиёти тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2014. -400саҳ.

Аминов А, Воҳидов З. Иншо дар мактаби миёна. – Душанбе: Маориф,1985.