Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 186 ~
ҶИҲОЗИ МАТЕМАТИКӢ ОМИЛИ ТАЪМИНИ САМАРАНОКИИ
ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОР
Ҳаитова Фирӯза Шавкатовна
омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Аннотатсия:
Истифодаи ҷиҳози математикӣ барои таъмини самаранокии
фаъолияти соҳибкор яке аз омилҳои муҳимтарини воридшавии ӯ ба муҳити
мушсххаси фаъолият аст.
Асосноккунии пурраву равшани банақшагирии фаъолияти истеҳсоли бояд
тавассути системаи маълумотҳои ба танзимовардашуда ташкил ва гузаронида
шавад, ки тибқи онҳо вобастагиҳои дар истеҳсолоти моддӣ ҷой дошта ба таври
содда ва мухтасар тасвир ёбад.
Яке аз ҷиҳозоти математикии дорои чунин хусусият мафҳуми матритса ва
яке аз усулҳои асосии ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ усули матритсавӣ мебошад.
Мақолаи мазкур ба зоҳиркунии мақоми мафҳуми матритса ҳини
воридшавии соҳибкор ба раванди фаъолияти истеҳсолист.
Калидвожаҳо:
матритса,
системаи
маълумотҳои
тартибнок
ва
возеҳгардонидашуда, блок-схемаи шарҳӣ, ифодакунии вобастагиҳои иқтисодӣ
тавассути матритса, амалҳо бар матритсаҳо ҳамчун воситаи самараноки
бадастории натиҷаи банақшагирии иқтисодӣ.
Аннотатция:
Роль производстенной деятельности предприимателя и
математический аппарат регулированиях.
В настоящей статье с учётом все более возрастающей социально-
экономической
роли
предпринимательской
деятельности
рассмотрен
структурный аспект, сущность, содержание организации функционирования и
регулирования с точки зрения производственного предрпинимательства.
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 187 ~
Особое
внимание
уделено
производственному
аспекту
предпринимательской деятельности.
Приведена блок-схема производственного аспекта предпримательской
деятельности, зависенцая от содержания и направленности объекта приложения
капитала и получения конкретных результатов, связи с основными стадиями
воспроизводственного процесса.
Рассмотрен конкретный пример математического аппарата экономико-
математического моделирования.
Ключевые слова:
производственноя деятельность предпринимателья,
блок-схема производственного аспекта предпринимательской деятельности,
математический
аппарат
экономико-математичемкого
моделирования,
применение математическиго аппарата при решении конкретной задачи.
Annotation:
The role of production activity of entrepreneur old mathematic
appliance of regulation.
In this article with consideration of all mare increasing social-economic role of
enterprise activity considered structure, aspect, essence, maintain organizing
functional and regulation with the point of productional enterprise.
Main attention is paid to the productional aspect of enterprise activity.
Given the block-scheme productional aspect enterprise activity, depending from
maintain and direction, object of application of capital and taking concrete result,
connection with the main stage of reproduction process.
Considered concrete example-mathematic appliances, economic-mathematic
models.
Key words:
productivity activation of fertprenaur, block-scheme production
aspect enterprise activity, mathematic appliances of economic-mathematic model
using mathematic appliance in solving concrete task.
Яке аз намудҳои муҳити фаъолияти соҳибкор ин фаъолияти истеҳсолии
соҳибкор аст.
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 188 ~
Фаъолияти аз ҷониби соҳибкор бо мақсади даромадгирӣ ва қонеъгардонии
талаботи истеъмолгарон тавассути истифодаи самараноки ҳамаи намудҳои
захираҳои иқтисодӣ истеҳсол намудани маҳсулот, иҷрокунии хизматҳо, корҳо,
иттилоот, сарвати маънавӣ бо роҳи фурӯши онҳо дар бозори молҳо ва
хизматрасониҳо амалӣ гардонидашаванда фаъолияти истеҳсолии соҳибкор
номида мешавад.
Фаъолияти истеҳсолии соҳибкор ҷабҳаҳои зайли барориши маҳсулотро
дарбар мегирад:
1)маҳсулоти саноат, кишоварзӣ ва сохтмон,
2)молҳои таъиноти истеҳсолӣ-техникӣ дошта,
3)молҳои истеъмолӣ,
4)кашонидани бори хусусияти истеҳсолӣ дошта,
5)амалигардонии хизматрасонӣ ҳамчун намуди моли махсус.
Маънидоди паҳнои фаъолияти истеҳсолии соҳибкор тавассути раванди
тайёркунии маҳсулоти дилхоҳи барои истеъмолгар зарурбуда ва дар бозори мол
ва хизматрасонӣ қобилияти бафурӯшравию ивазшавӣ дошта тавсиф карда
мешавад.
[2]
Дар мақолаи мазкур оид ба фаъолияти истеҳсолии соҳибкор аз нуқтаи
назари бароҳгузории ин намуди фаъолият рӯшанӣ андохтем, ки он бояд боиси
оғози шуҷоатнокии соҳибкор дар пешакунии фаъолияти истеҳсолии ӯ гардад.
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 189 ~
Худмаблағгузорӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ шарти ҳатмии
фаъолияти пурсамари истеҳсолии соҳибкор аст. Ин низом дар талофи кулли
хароҷоти истеҳсоли маҳсулот ва паҳногардии базаи истеҳсолӣ-техникии
соҳибкор асос ёфта, маънои аз ҳисоби манбаъҳои хусусии худ рӯйпӯшкунии
хароҷоти ҷорӣ ва куллро дорад.
Фаъолияти истеҳсолии соҳибкор
барориши
маҳсулоти
саноат,
кишоварзӣ
ва сохтмон
барориши
молҳои
истеъмолӣ
кашонида
ни бори
хусусияти
истеҳсолӣ
дошта
барориши
молҳои
таъиноти
истеҳсолӣ-
техникӣ
дошта
амалигар-
донии
хизматрас
онӣ
ҳамчун
намуди
моли
махсус
азбаркунии
ғояҳои
мавҷуда
таҳлили
ғояҳои
ҳосил-
гашта
синтези
ғояҳои
ҳосил-
шуда
дифферен-
сиатсия ва
умумигар-
донии
ғояҳои
омӯхта-
шуда
умумигар-
донии
ғояҳои
ҳосил-
шуда
амалигардии
бизнес-
нақша
омодасозии
бизнес-нақша
ҳамчун лоиҳа
идоракунии
лоиҳа
ҷиҳози
математикии
асосноккунӣ
ва
умумигардо-
нии ғояҳои
ҳосилшуда
Рафтори ғоявӣ дар ҷабҳаи амалигардии фаъолияти истеҳсолии соҳибкор
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 190 ~
Мазмуни васоити маблағгузорӣ ба истеҳсоли маҳсулот дар бадастории
фоидаи соф буда дар мавриди аз арзиши аслӣ зиёд будани пули фурӯши мол
соҳибкор онро дар намуди даромад ба даст меорад.
Фоида ва маблағи истеҳсол натиҷаи гирдгардиши васоити ба истеҳсолот
гузошташуда ва ба захираҳои молиявии хусусии мансуб ба раводиди
мустақилонаи соҳибкор мебошад. Фоидаи дар ихтиёрӣ соҳибкор буда, ин
манбаи бисёрмақсадаи молиявию ниёзмандии ӯст, ки самти асосии истифодаи
фоидаро чун ғункунӣ ва истеъмол муайян кардан мумкин аст.
[3]
Истифодаи ҷиҳози математикӣ барои таъмини самаранокии фаъолияти
соҳибкор яке аз омилҳои муҳимтарини воридшавии ӯ ба муҳити мушаххаси
фаъолият аст. Соҳибкор дар мавриди бо ҷиҳози математикӣ мусаллаҳ ва дорои
имконияти маҳорату малакаҳои истифодаи усулу тариқаҳои математикӣ будан
муҳити фаъолияти соҳибкориро аз ҷабҳаи захираи молию пулӣ таҳлил ва
миқёси мусоидати ғояи пешгузоштаро бо воқеияти амалигардии фаъолияти худ
ва хусусияту рафтори муҳити иҳотакунандаро муқаррар менамояд.
Коркарду танзими математикии ғояи пешгузоштаи соҳибкор ченаки
амалигардии мақсадро дар раванди фаъолият ва муҳити фарогирандаи ин
фаъолиятро нишон медиҳад.
Истифодаи натиҷаи ин коркарду танзими математикӣ хусусияти нисбӣ
дорад, чунки натиҷабахшии самараноки онҳо таҳти таъсири мутақобилаи
муҳити беруна зоҳир мегардад.
Асосноккунии пурраву равшани банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ бояд
тавассути системаи маълумотҳои ба танзимовардашуда ташкил ва гузаронида
шавад, то ки тибқи онҳо вобастагиҳои дар истеҳсолоти моддӣ ҷой дошта ба
таври содда ва мухтасар тасвир ёбад.
Ин гуна системаи маълумотҳои ба танзимдаровардашударо дар намуди
ҷадвалҳои мувофиқ тасвир ва пешкаш намудан мумкин аст. Банақшагирии
фаъолияти истеҳсолии соҳибкор айнан аз рӯи системаи маълумотҳо асоснок
карда мешавад.
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 191 ~
Қисми зиёди моделҳои математикии объектҳо ва раванди иқтисодӣ дар
шакли ба таври кифоя соддаи матритсавӣ ифода карда мешаванд.
Барои таҷассум намудани мақоми матритса дар ҷабҳаи тавассути матритса
ифодакунии вобастагиҳои иқтисодӣ ва татбиқи он дар аъолияти соҳибкор тибқи
банақшагирӣ ва танзими қисми ҳисобу китоби бизнес-нақша ё дигар намуди
фаъолияти ҷабҳаи ҳисобу китоби соҳибкорӣ ҳангоми раванди ҳалли
масъалаҳои мушаххаси иқтисодмазмун намунаи ин масъалаҳоро меоварем.
Масъалаи 1. Соҳибкор сарвари ширкати сохтмонӣ буда, ширкати сохтмонӣ
сохтани 3 мағоза, 6 анбор ва 4 ошхонаро барои корхонаи тиҷоратӣ ба зимма
гирифт. Масолеҳи бинокорӣ барои сохтмон оҳан, чӯбу тахта, шиша ва рангу
бор мебошанд. Миқдори ашёи хом ва қувваи корӣ дар матритсаи
𝑀
нишон дода
шудааст.
оҳан
тахта
шиша
ранг
қувваи
корӣ
Мағоза
12
16
8
5
10
Анбор
6
12
6
3
12
Ошхона
5
14
11
3
10
𝑀 = [
12 16
8 5
10
6
12
6 3
12
5
14 11 3 10
]
Ҳангоми як воҳиди оҳан -14, як воҳиди тахта -12, як воҳиди шиша -9, як
воҳиди ранг -6 ва воҳиди қувваи корӣ 7 будан:
1)
Миқдори умумии масолеҳи бинокорӣ
2)
Арзиши масолеҳ ва арзиши қувваи корӣ барои ҳар як бино
3)
Миқдори умумии арзиши масолеҳ ва қувваи корӣ ёфта шавад.
Ҳал. 1) шартномаи байни ширкати сохтмон ва корхонаи тиҷоратиро бо
матритса-сатри
𝐾 = |3 6 4|
ифода мекунем.
Барои муайян намудани миқдори масолеҳи зарурӣ матритсаи
𝐾
–ро ба
𝑀
зарб намуда ҳосил мекунем.
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 192 ~
𝐾 ∙ 𝑀 = [3 6 4] ∙ [
12 16
8 5 10
6
12
6 3 12
5
14 11 3 10
] =
= [36 + 36 + 20 48 + 72 + 56 24 + 36 + 44 15 + 18 + 12 30 + 72 + 40]
=
= [92 176 104 45 142]
Пас, ширкати сохтмонӣ барои барпо намудани биноҳо бояд 92 воҳид оҳан,
176 воҳид тахта, 104 вҳид шиша, 45 воҳид ранг ва 142 воҳид қувваи кориро
пайдо намояд.
2)Барои муайян намудани арзиши масолеҳ ва қувваи корӣ барои ҳар як
бино матритса сутуни нархҳо
𝑁 =
[
14
12
9
6
7 ]
–ро тартиб дода мартритсаи
𝑀
-ро ба
𝑁
зарб мекунем.
𝑀 ∙ 𝑁 = [
12 16
8 5 10
6
12
6 3 12
5
14 11 3 10
] ∙
[
14
12
9
6
7 ]
=
= [
12 ∙ 14 + 16 ∙ 12 + 8 ∙ 9 + 5 ∙ 6 + 10 ∙ 7
6 ∙ 14 + 12 ∙ 12 + 6 ∙ 9 + 3 ∙ 6 + 12 ∙ 7
5 ∙ 14 + 14 ∙ 12 + 11 ∙ 9 + 3 ∙ 6 + 10 ∙ 7
] = [
168 + 192 + 72 + 30 + 70
84 + 144 + 54 + 18 + 84
70 + 168 + 99 + 18 + 70
] =
= [
532
384
425
]
Пас,арзиши масолеҳи бинокорӣ ва қувваи корӣ барои мағозаҳо 532, барои
анборҳо 384 ва барои ошхонаҳо 425 воҳиди пулиро ташкил медиҳад.
3)Барои муайян намудани миқдори умумии арзиши масолеҳ ва қувваи
корӣ матритсаҳои
𝐾
,
𝑀
ва
𝑁
-ро зарб намудан лозим аст:
𝐾 ∙ 𝑀 ∙ 𝑁 = (𝐾 ∙ 𝑀) ∙ 𝑁 = [92 176 104 45 142] ∙
[
14
12
9
6
7 ]
=
= [92 ∙ 14 + 176 ∙ 12 + 104 ∙ 9 + 45 ∙ 6 + 142 ∙ 7] = [5600]
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 193 ~
Нархи умумии ҳамаи биноҳо 5600 воҳиди пулиро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, мақоми матритса ҳамчун яке аз ҷиҳози математикӣ барои
банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ, алалхусус, баҳисобгирии фаъолияти
худмблағгузорӣ аҳамияти хосеро дорост
Адабиёт:
1.Абдуллоев Ғ., Мӯминов М. Математика: Комплекси таълимию-методӣ. –
Хуҷанд: ҶДММ “МТХ-Даврон”, 2012. – 272с.
2.Бозоров Ш.Ш. Асосҳои соҳибкорӣ: Китоби дарсӣ барои макотиби олӣ. –
Душанбе: “ЭР-граф”, 2018. – 428с.
3.Басовский Л.Е., Басовская Е.Н., Микроэкономика: Учебник. – М.:
ИНФРА – М., 2013. – 224с.
4.Колесников А.Н. Краткий курс математики для экономистов: Учебное
пособие. –М.:ИНФРА – М.:, 2001. – 208с.
