Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 579 ~
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАМЧУН ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ФАННИ
ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР МТОК
Каримова Дилором Отахўҷаевна
номзади илмҳои педагогӣ, сармуаллими кафедраи МТЗАТ-и факултети
филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дар мақола муаллиф доир ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ҶТ
мақоми марказӣ доштан ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ истифода
шудани он, воситаи асосии таълим дар МТОК бо назардошти муносибатҳои
босалоҳият, омўзиши забони тоҷикӣ на танҳо дониши назариявӣ, балки
тавонмандииамалӣ ва коммуникатсиониро низ дар бар гирифтани он сухан
меравад. Ин муносибат ба донишҷўён имконият медиҳад, ки малакаҳои
забониро дар муҳити воқеии касбӣ истифода бурданд. Омўзиши фанни забони
тоҷикӣ дар муассисаҳои олӣ ба рушди тафаккури интиқодӣ ва худифодакунӣ
мусоидат менамояд.
Вожаҳои калидӣ:
забони тоҷикӣ, муносибати босалоҳият, муассисаи
таҳсилоти олии касбӣ, донишҷўёни ғайрифилологӣ, донишҳои тахассусӣ
В статье автор говорит о центральном статусе таджикского языка как
государственного языка в Республике Таджикистан и его использовании во
всех сферах общественной жизни, основном средстве обучения в высших
учебных заведениях Республики Таджикистан с учетом компетентностного
подхода, а также о том, что изучение таджикского языка включает в себя не
только теоретические знания, но и практические и коммуникативные навыки.
Такой подход позволяет студентам использовать языковые навыки в реальной
профессиональной среде. Изучение таджикского языка в высших учебных
заведениях
способствует
развитию
критического
мышления
и
самостоятельности.
Ключевые слова
: таджикский язык, компетентное отношение, высшее
учебное заведение, студенты-нефилологи, специальные знания.
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 580 ~
In the article, the author talks about the central status of the Tajik language as
the state language in the Republic of Tajikistan and its use in all spheres of public
life, the main means of teaching in higher educational institutions of the Republic of
Tajikistan, taking into account the competence-based approach, and that the study of
the Tajik language includes not only theoretical knowledge, but also practical and
communicative skills. This approach allows students to use language skills in a real
professional environment. The study of the Tajik language in higher educational
institutions contributes to the development of critical thinking and independence.
Keywords:
Tajik language, competence-based approach, higher education
institution, non-philology students, special knowledge.
Дар замони муосир талабот оид ба баландшавии сифати дониш, маҳорат ва
малакаи хатмкунандагони мактабҳои олӣ рў ба афзунӣ мениҳад. Агар аз бар
намудани донишҳои тахассусӣ як тарафи масъала бошад, тарафи дигари он
ташаккули маҳорати суханварӣ ва муоширати озод ва фасеҳ дар доираи
ихтисос, шиносоии комил бо истилоҳоти тахассусӣ маҳсуб меёбад. Низоми
муосири таҳсилотро ҳалли масъалаи зерин тақозо мекунад: тайёр кардани
мутахассиси босаводе, ки дорои сифатҳои соҳибмаърифатӣ, таҳлили интиқодӣ,
рушди тафаккури эҷодӣ ва маҳорати мутобиқ шудан ба фазои иҷтимоӣ ва
иқтисодӣ бошад.
Дар робита ба омўзиши забони тоҷикӣ аз рўйи тахассус ҳамчун фанни
таълимӣ дар макотиби олӣ афзудан мехоҳем, ки он яке аз самтҳои асосӣ ва
маърифатпешаи соҳаи маорифи ватанӣ мебошад. Ҷаҳони муосир бо рушду
тавсеаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва иртиботӣ аз даврони пешинаи
таърихи башарият тафовут дорад, ки ин раванд, аз як тараф, боиси инкишофи
робитаҳои гуногун дар байни мардумони маскуни минтақаҳои мухталифи
ҷаҳон гардида, торафт теъдоди зиёди одамонро фаро мегирад ва, аз тарафи
дигар, боиси ба вуҷуд омадани шаклҳо ва воситаҳои мукаммалтарини робитаи
байни фардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, ба яке аз омилҳои муҳимми гироиш ба
ҷаҳонишавӣ дар шароити кунунӣ табдил меёбад. Дар ин раванд нақши забон
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 581 ~
ҳамчун муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳо беш аз пеш муҳимтар
мегардад, зеро фарогири ҳар навъ иттилоот новобаста ба роҳҳо ва усулҳои
интиқоли он танҳо ба воситаи забон сурат гирифта метавонад.
Чунин шароит тақозо менамояд, ки забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ ва
ҳамзамон забони муоширати ақаллиятҳои миллии маскуни Тоҷикистон ба
таври амиқ омўхта шавад, то ғановату имконоти забон дар таҳкиму густариши
алоқаҳои гуногуни байни инсонҳои муосир ба таври муфид ва самарабахш
истифода гардад. Вобаста ба ин нукта имрўз масъалаи таълим ва тадриси забон,
такмили равишу усулҳои самарабахши омўзиши он ба яке аз мавзуъҳои
муҳимми ҳаёти ҷомеаи имрўза мубаддал гардидааст. Пайдо намудани роҳҳо ва
усулҳои муассири таълими забон, истифода аз методҳои анъанавӣ ва
санҷидашуда, ба кор бурдани таҷрибаҳои беҳтарини омўзиш ва навовариҳо дар
ин бахш ва такмили онҳо аз масъалаҳои муҳимме ба шумор мераванд, ки имрўз
дар фарорўйи ҷомеа қарор гирифтаанд.
Забон нишони хирад, нишондиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури эҷодӣ
ва маҳорату малакаи мутахассиси маълумоти олидор маҳсуб меёбад. Ақлу
хирад тавассути забон муайян мегардад, зеро забон бо шууру тафаккури инсон
алоқаи ногусастанӣ дорад, на танҳо муҳтавои фикру андешаи инсон дар забон
ва ба воситаи забон ифода мегардад, балки ҷаҳонбинӣ, фарҳанг, одоби ҳар фард
аз гуфтораш аён мешавад.
Мазмуни гуфтори шахс ҳар қадар муҳим бошад, тарзи баёни ў на камтар аз
он аҳамият дорад. Нутқи чи шифоҳӣ ва чи хаттии возеҳу пурмаънӣ ба фарҳанги
комили сухандонӣ асос ёфта бошад, гўянда ё нависандаи онро дар назди сомеъ
ҳамчун фарди бохирад, соҳибмаърифат ва маданӣ муаррифӣ менамояд. Сатҳи
кордонӣ ва маданияти корбарии мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ,
аз ашхосе, ки дар корҳои роҳбарикунанда кор мекунанд то кормандони қаторӣ
аз бисёр ҷиҳат аз рўйи дараҷаи забондонӣ муайян мегардад.
Каломи мутахассиси хуби дорои маълумоти олӣ ҳамеша пурмаънӣ,
навиштаҷоташ дақиқу саҳеҳ аст, зеро калимаву ибораҳоро дар мавриди
муносиб бо риояи меъёрҳои луғавию грамматикӣ ба кор мебарад. Аз ин ҷост,
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 582 ~
ки омўзиши забони модарӣ (тоҷикӣ) бо хатми мактаби миёна ва соҳиб шудани
ҷавонон бо номаи камол хотима наёфта, дар мактабҳои олӣ идома мегирад [2].
Пас аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони тоҷикӣ, ки
суннатҳои қадимӣ дошта, дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ мақоми хоса
дорад, дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-фарҳангии кишвар бештар таҳким ва
густариш ёфт ва ин забон ба забони давлатии кишвар табдил ёфт. Аз ин рў,
эҳтиёҷ ба таълими самарабахши он дар тамоми сатҳҳои низоми маориф, аз
ҷумла дар макотиби олӣ, ба таври назаррас афзудааст.
Бино ба талаботи Стандарти таълими забони тоҷикӣ, дар мактабҳои олӣ
мақсад аз дарсҳои забон такрори маводи лексикию грамматикӣ дар макотиби
таҳсилоти умумӣ омўхташуда нест, балки идомаи забономўзӣ мебошад ва он
бисёр масъалаҳои назария ва амалияи омўзиши забони модариро дар бар
мегирад, ба замми он дар аз худ кардани фанҳои тахассусии донишҷўён хидмат
мекунад.
Таълими забони тоҷикӣ дорои ҷанбаи иҷтимоию ҳуқуқӣ низ мебошад, ки
он ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут аст. Қонуни ҶТ Дар бораи
забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки коргузорӣ дар
ҳамаи муассисаҳои чи давлатӣ ва чи ғайридавлатии кишвар, аз мақомоти боло
то поён ҳатман бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) сурат бигирад. Дар моддаи 3 ин
Қонун омадааст: 1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро
донад… 5. Забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ,
илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад[ 4].
Мутобиқи талаботи замон марҳилае фаро расидааст, ки забони давлатӣ дар
мактабҳои олӣ аз рўйи ихтисос таълим дода шавад ва мафҳуми ғайрифилологӣ
нисбат ба забони давлатӣ барои ихтисосҳои гуногун, ки омўзиши он ба ҳамаи
донишҷўёни макотиби олӣ тибқи Стандарти давлатии таълимии маълумоти
олии касбӣ тавсия шудааст, оҳиста аз байн хоҳад рафт.
Дар Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбӣ оварда шудааст:
«Забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз руйи ихтисос» дарс
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 583 ~
дода мешавад. Дар ин соатҳо истилоҳҳо, таъбирҳо, мафҳумҳо, тарзи навиштани
ҷумлаҳо ва риояи имло ба инобат гирифта шуда, одоби муошират ва нутқи
гуфтории донишҷў аз рўйи ихтисос омўзонида мешавад. Дар ҷараёни
истифодаи соатҳои пешбинишуда баъди ҳар 10 соат аз донишҷўён нақли хаттӣ
ва навиштани гузориш доир ба аз бар намудани истилоҳоти соҳа талаб карда
мешавад.
Донишҷў дар шакли реферат ва тарзи дигари гузориши хаттӣ ба устод
мавод пешниҳод менамояд. Мақсади навиштани реферат ва дигар маводи хаттӣ
ба хотири ба тарзи дуруст истифода бурдани имлои забони тоҷикӣ ва тарзи
таҳияи матн мебошад. Омўзиши фанни мазкур барои тамоми ихтисосҳо тавсия
мешавад. Усул ва воситаи дигари таълимиро барномаҳои таълимӣ ва китоби
дарсие, ки аз тарафи Шўрои олимони донишгоҳ тасдиқ мегардад, муқаррар
менамоянд » [5].
Пайнавишт:
1.
Абдуллоева, М.А. Теория и практика развития професионально
компетентности будущих учителей иностранного языка на коммуникативно-
грамматической основе в педагогических вузах Республики Таджикистан /
М.А. Абдуллоева. - Душанбе, 2018. -42 с.
2.
Ишонова, Д.Т., Манонова Р.А. Кор бо матнҳои тахассусӣ дар
дарсҳои забони тоҷикӣ (барои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва гумруки мактаби олӣ).
[Матн]-Хуҷанд, 2017. -120 с.
3.
Қаршиева, Г.Г. Методикаи ташаккули муоширати касбӣ-фарҳангии
донишҷӯён дар муҳити бисёрэтникии муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ
[Матн] /Г.Г. Қаршиева//. - Душанбе, 2018.-31 с.
4.
Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5
октябри соли 2009, № 553[Матн] // «Ҷумҳурият» 8-уми октябри 2009
5.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». [Матн]
Душанбе: Шарқи озод, 2013. – 41 с.
6.
Мактаби олӣ. [Матн]– Душанбе, 2006. –143с.
