Авторы

  • Наргис Раҳмонзода
    МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

Биография автора

  • Наргис Раҳмонзода , МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»
    муаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики филологияи тоҷики

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78151

Ключевые слова:

: таркиби луғавӣ воҳидҳои фразеологӣ синоним омоним антоним маҷоз фарҳанг забон

Аннотация

Дар мақола оид ба низом ва мантиқи нутқи шогирдон ва интихоби дурусти воситаҳои забонӣ, истифодаи оқилона ва барои такмили фарҳанги нутқи муҳассилин, таълими ифодаи босаводонаи фикр чӣ дар шакли шифоҳӣ ва чӣ хаттӣ сухан рафтааст. Ҳамчунин муаллиф қайд мекунад, ки воҳидҳои фразеологӣ дар забон яке аз ганҷинаҳои пурбаҳои халқ буда, онҳо аз забони мардумӣ ба асарҳои бадеӣ роҳ ёфтаанд.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 589 ~

МАВҚЕИ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ ДАР ТАКМИЛИ ФАРҲАНГИ

НУТҚИ МУҲАССИЛИН

Раҳмонзода Наргис

муаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики филологияи

тоҷики МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

Дар мақола оид ба низом ва мантиқи нутқи шогирдон ва интихоби дурусти

воситаҳои забонӣ, истифодаи оқилона ва барои такмили фарҳанги нутқи

муҳассилин, таълими ифодаи босаводонаи фикр чӣ дар шакли шифоҳӣ ва чӣ

хаттӣ сухан рафтааст. Ҳамчунин муаллиф қайд мекунад, ки воҳидҳои

фразеологӣ дар забон яке аз ганҷинаҳои пурбаҳои халқ буда, онҳо аз забони

мардумӣ ба асарҳои бадеӣ роҳ ёфтаанд.

Калидвожаҳо:

таркиби луғавӣ, воҳидҳои фразеологӣ, синоним, омоним,

антоним, маҷоз, фарҳанг, забон

В статье рассматриваются система и логика речи учащихся, правильный

выбор языковых средств, их рациональное использование и их способность

повышать речевую культуру учащихся, а также обучать их грамотно излагать

свои мысли как устно, так и письменно. Автор также отмечает, что

фразеологические единицы в языке являются одним из самых ценных

достояний народа, и они нашли свой путь из просторечия в произведения

искусства.

Ключевые слова:

лексический состав, фразеологизмы, синоним, омоним,

антоним, метафора, культура, язык

The article examines the system and logic of students' speech, the correct choice

of language means, their rational use and their ability to improve students' speech

culture, as well as teach them to correctly express their thoughts both orally and in

writing. The author also notes that phraseological units in language are one of the

most valuable assets of the people, and they have found their way from colloquial

speech to works of art.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 590 ~

Key words:

lexical composition, phraseological units, synonym, homonym,

antonym, metaphor, culture, language

Воҳидҳои фразеологӣ як ҳиссаи муҳими таркиби луғавии забони адабии

тоҷикро ташкил медиҳанд. Вожаҳои дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ

мавҷудбуда, ба маънои аслии худ наомада, балки маънои маҷозӣ доранд. Аз ин

рў, аксарияти воҳидҳои фразеологӣ, махсусан воҳидҳои фразеологии рехта,

ифодаи маънои яклухт дошта, образноканд. Онҳо аз як забон ба забони дигар

айнан тарҷума намешаванд ва моҳияти масъаларо бо як калима ифода

мекунанд. Дар қисмати лексика бахши серистеъмолу образнок, сервазифаю

ифоданоки нутқ воҳидҳои фразеологиянд. Аз ин рў, дар ин бахш нисбати

воҳидҳои фразеологӣ соатҳои зиёде ҷудо карда шудааст.

Воҳидҳои фразеологӣ мисли калимаҳо хусусияти сермаъношавӣ доранд.

Инчунин воҳидҳои фразеологӣ ба фразеологизмҳои дигар дар маънӣ зидду

муқобил шуда метавонанд, ки онҳоро дар забоншиносӣ антонимҳои фразеологӣ

меноманд. Як гурўҳи воҳидҳои фразеологӣ дар маънӣ бо ҳамдигар шарик буда,

воҳидҳои фразеологии синонимиро ба вуҷуд овардаанд.

Воҳидҳои фразеологии омонимӣ низ вомехўранд. Танҳо дар матн мо

онҳоро фарқ карда метавонем, ки онҳо воҳидҳои фразеологии сермаъноянд,

омониманд, ё ки воҳидҳои фразеологии якмаъноянд.

Аввал воҳидҳои фразеологиро аз рўйи маъноҳои дохилии вожаҳои он дида

баромадан лозим аст. Масалан, фразеологизми «офтоби лаби бом»-ро чунин

таҳлил кардан мумкин аст: ба маънои аслӣ офтоб, ки фурў рафт, шуъояш дар

гўша, лаби бом то хеле вақт хиранамо мемонад, вале он фурўравии офтоб,

баохиррасии рўз аст. Ҳамчун ибораи рехта «офтоби лаби бом» ифодаи маънои

яклухт дошта, мафҳуми пирӣ, барҷомондагӣ, баохиррасии умрро ифода

мекунад. Ё воҳиди фразеологии «гули сари сабад»-ро чунин таҳлил кардан

мумкин аст: ба маънои аслии ин воҳиди фразеологӣ назар намоем, дар ҳақиқат,

мебинем, ки гулфурўшон гули беҳтаринро дар болои сабад мегузоранд, то ки ба

чашми харидоран тезтар расад.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 591 ~

Ҳамчунин ибораи рехта «гули сари сабад» маънои яклухт дошта

калимаҳои дар таркиби он мавҷуд буда, маънои маҷозиро ифода мекунанд. Ба

маънои ягона, азиз, муътабар меояд. Яъне дар маънои фразеологии он гап на

дар бораи гул мераваду на сару на сабад. Ба тарзи дигар гўем, ибораҳои рехта

маънои яклухт дошта, аксарияти воҳидҳои фразеологӣ побанди маънои

яклухтанд.

Дар таҳлили воҳидҳои фразеологӣ бештар ба он бояд диққат дод, ки

фразеологизмҳо ҳам мисли вожаҳои муқаррарӣ хусусияти сермаъношавӣ

доранд. Дар забони тоҷикӣ баъзе воҳидҳои фразеологие ҳастанд, ки якчанд

маънои ба ҳам наздикро ифода мекунанд. Ба ҳамин маънӣ профессор

Ҳ.Маҷидов қайд мекунанд: «…чунин воҳидҳои фразеологиеро, ки ду ва ё зиёда

аз он маъноҳои фразеологии ба ҳам алоқамандро ифода карда метавонанд,

воҳидҳои фразеологии сермаъно ё полисемӣ меноманд» [6,47]. Чунончи,

воҳиди фразеологии «дароз кашидан»[14] - хоб рафтан; дароз кашидан-як паҳлў

хоб рафтан; дам гирифтан нисбатан дар асоси маънои аслӣ ба вуҷуд омадаанд,

вале дар зимни маънои аслӣ маънои маҷозӣ низ вуҷуд дорад: дароз кашида буд,

ба маънои беҳуш шудан, бе ёд шудан, мурдан низ дар истеъмол аст.

Мавқеи маҷоз дар сермаъношавии воҳидҳои фразеологӣ хело намоён буда,

дар асоси маҷозонидан маъноҳои нави фразеологӣ ба вуҷуд меоянд: ҷон

даровардан – ба маънои бақувват шудан; ҷон даровардан-қувват гирифтан

(баъди дидани фарзандаш дар баданаш ҷон даровард) ба роҳи маҷозӣ ташаккул

ёфтаанд, ки гунаи дигари он ҷон гирифтан-қувват гирифтан; ҷон гирифтан-ба

ҳол омадан; ҷон гирифтан-зинда шудан дар забонамон серистеъмоланд [14].

Маънии асосии воҳиди фразеологии «ақли худро шинохтан» боақл шудан

аст: вақто ки бачаҳои хурдсол ба воя расиданду ақли худро шинохтанд, баъд,

ин тавр фикр мекунанд.

Ба маънои таҷриба ҳосил кардан низ меояд: Ақлаша акнун шинохта гирифт

ҷиянам.

Гуфтан ба маврид аст, ки «ақлро шинохтан» бештар дар байни мардум

серистеъмол буда, маънои ба коре, чизе сарфаҳм рафтанро ифода мекунад [14].


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 592 ~

Воҳидҳои фразеолгии «вазнин шудан» [14]дорои маъноҳои гуногун аст. Ба

маънои аслӣ: аз ҷиҳати ҳаҷм зиёд шудани чизе: Бачам, ту вазнин шудӣ, ман

дигар туро бардошта наметавонам. Ба маънои ботамкин шудан: Бобо пай бурда,

ба ў чашмакзанон «шумо вазнин шавед» гуфтагӣ барин кард [5]. ба маънои

ланҷ, нотоб шудан: Пагоҳӣ пас аз дидани хобҳои парешон вазнин шуда, аз хоб

бедор мешуду чизе ба даҳон накарда, аз паси кор медавид[5].

Ба маънои бемории касе хурўҷ кардан, шиддат гирифтан. Ҳой-ҳой,

модарҷон ба шумо чӣ шуд? Вазнин шудед?

Инчунин «вазнин шудан» дар нутқи гуфтугўӣ ба маънои ҳомиладор шудан

низ меояд: Хабаратон ҳаст, холоҷонаш, духтари акоям вазнин шудааст.

Воҳидҳои фразеологии дами беғам, задан, аз дами худ фуромадан, ба

дарди касе даво шудан, дарди сар, дасти касеро гирифтан, дил кандан, дил

кушода шудан, аз кор баромадан ва ғайра дар матн ва нутқи гуфтугўӣ

хусусияти маҷозӣ дошта, сермаъно мешаванд.

Ҳамин тавр, дар забон ҳодисаи сермаъно шудани воҳидҳои фразеологӣ

назаррас буда, хонанда, шунаванда аз он баҳраи хубе мебардорад, зеро як

воҳиди фразеологӣ чандин маъноро дар матн ифода карда метавонад, ки он

ифоданокӣ ва образнокии фикрро дучанд менамояд?

Воҳидҳои фразеологӣ бо якдигар хусусияти муродифшавӣ низ доранд.

Ҳангоми нутқ, соҳибони забон як мафҳумро ба чандин воҳидҳои фразеологӣ

ифода мекунанд, ки дар ин ҳолат воҳидҳои фразеологии синонимӣ ба вуҷуд

меоянд. Воҳидҳои фразеологии синонимӣ чун синонимҳои луғавӣ аз ҷиҳати

шакл гуногун буда, аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик мебошанд, вале аз

ҷиҳати обуранги бадеӣ ва мавқеи истеъмол аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Мафҳуми «хомўш будан», «ором будан», «гап назадан» бо чунин воҳидҳои

фразеологӣ ифода меёбанд: ба даҳон об гирифтан, даҳон сафед накардан, аз

даҳон калимае набаромадан, сухан дар даҳон ях бастан, лом нагуфтан, ба даҳон

мўҳри хомўшӣ задан ва ғайра [9].

Воҳидҳои фразеологии синонимӣ аз рўйи сохт бо ҳамдигар бояд мутобиқат

кунанд. Ба тарзи дигар гўем, бояд таркиб бо таркиб, ибора бо ибора ва ҷумла бо


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 593 ~

ҷумлаҳои фразеологӣ муродиф шаванд. Синонимҳои фразеологӣ аз ҷиҳати

таркиби лексики худ бо ҳам мутобиқат мекунанд. Аз ин рў, дар таркиби

воҳидҳои фразеологии бо ҳам синоним чунин калимаҳое дохил мешаванд, ки ба

як категорияи лексикӣ мансубанд. Калимаҳои таркиби фразеологизмҳои

синонимиро ташкилдиҳанда бештар аз ҷузъҳои синонимӣ ё аз ҷиҳати мазмун ба

ҳам наздик иборатанд. Чунончи, фразеологизмҳои аз самими қалб, аз сидқи

дил; сандуқи сина, пеши бар; дарди дил кардан, рози дил кушодан аз ҳамин

қабиланд [9].

Омўзиши фразеологияи забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимӣ як баҳри

беканорро мемонад. Дар омўзишу баррасии он олимони тоҷик М. Фозилов [14],

М.Муҳаммадиев [10], Ҳ. Маҷидов [6] ва дигарон хизмати арзандае кардаанд.

Махсусан, хизмати бебаҳои М.Фозиловро дар ҷамъ овардани воҳидҳои

фразеологӣ ва хизмати профессор Ҳ. Маҷидовро аз ҷиҳати назариявӣ ба

гурўҳҳо ҷудою баррасӣ кардани воҳидҳои фразеологӣ бояд қайд кард.

Пайнавишт:

1.

Атоев М. Лексика обозначающая цвет в таджикском и русском

языках. Худжанд, 2002

2.

Барномаи забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-11. Душанбе .-2006

3.

Дарвеши Баҳриддин. «Чароғи ҳидоят»-и Орзу ва забони тоҷикии

форсӣ.-Душанбе,1992

4.

Зеҳнӣ Т. Чанд сухани судманд.Душанбе, 1984

5.

Каримов Ҳ. Дар бораи баъзе хусусиятҳои калимаи «Як» //

Масъалаҳои забоншиносии тоҷик.Душанбе.1967.

6.

Маҷидов Ҳ. Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик.-Душанбе.1982.

7.

Маъсумӣ Н. Забон ва услуби Аҳмади Дониш.-Душанбе,1976

8.

Муҳаммадиев М. Синонимҳо дар забони адабии тоҷик.-

Душанбе,1962.

9.

Муҳаммадиев М. Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ.- Душанбе,

1993.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 594 ~

10.

Муҳаммадиев М.,Талбакова Ҳ., Нурмаҳмадов Ю. Лексикаи забони

адабии тоҷик.-Душанбе, 1997

11.

Талбакова

Ҳ.

Вариантҳои

шевагии

фразеологизмҳо

//

Республиканская научно-практическая конфренция молодых учёных и

специалистон посвящ. 60-летию образования ленинского комсомола

Тадж.ССР.Душанбе,1985. с.92-93

12.

Талбакова Ҳ. Воҳидҳои фразеологии антонимӣ // Масъалаҳои

забоншиносии тоҷик.Душанбе, 1990.с.46-50

13.

Талбакова Ҳ. Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик.-Душанбе,

2000.

14.

Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехта. Ҷ.1,1963;ҷ.2 1964

Библиографические ссылки

Атоев М. Лексика обозначающая цвет в таджикском и русском языках. Худжанд, 2002

Барномаи забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-11. Душанбе .-2006

Дарвеши Баҳриддин. «Чароғи ҳидоят»-и Орзу ва забони тоҷикии форсӣ.-Душанбе,1992

Зеҳнӣ Т. Чанд сухани судманд.Душанбе, 1984

Каримов Ҳ. Дар бораи баъзе хусусиятҳои калимаи «Як» // Масъалаҳои забоншиносии тоҷик.Душанбе.1967.

Маҷидов Ҳ. Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик.-Душанбе.1982.

Маъсумӣ Н. Забон ва услуби Аҳмади Дониш.-Душанбе,1976

Муҳаммадиев М. Синонимҳо дар забони адабии тоҷик.-Душанбе,1962.

Муҳаммадиев М. Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ.- Душанбе, 1993.

Муҳаммадиев М.,Талбакова Ҳ., Нурмаҳмадов Ю. Лексикаи забони адабии тоҷик.-Душанбе, 1997

Талбакова Ҳ. Вариантҳои шевагии фразеологизмҳо // Республиканская научно-практическая конфренция молодых учёных и специалистон посвящ. 60-летию образования ленинского комсомола Тадж.ССР.Душанбе,1985. с.92-93

Талбакова Ҳ. Воҳидҳои фразеологии антонимӣ // Масъалаҳои забоншиносии тоҷик.Душанбе, 1990.с.46-50

Талбакова Ҳ. Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик.-Душанбе, 2000.

Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехта. Ҷ.1,1963;ҷ.2 1964