Авторы

  • Фурузофар Нурализода
    ДДҲБСТ

Биография автора

  • Фурузофар Нурализода, ДДҲБСТ
    магистранти курси 2 ихтисоси 1-24.0102 факултети ҳуқуқшиносии

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.70009

Ключевые слова:

амалҳои тафтишӣ тафтиши пешакӣ далелҳо исботнамоӣ азназаргузаронӣ пурсиш кофтуков озмоиши тафтишӣ экспертиза протокол.

Аннотация

Дар мақола доир ба мафҳуми амалҳои тафтишӣ, намуди амалҳои тафтишӣ, ки ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ бо мақсади дарёфт кардан, гирифтан, қайду мустаҳкам намудани далелҳо ва исбот кардани гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахс ба амал бароварда мешаванд маълумот дода шудааст.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

215

МАФҲУМ ВА ҚОИДАҲОИ БААМАЛБАРОРИИ АМАЛҲОИ ТАФТИШӢ

Нурализода Фурузофар Муқимӣ

магистранти курси 2 ихтисоси 1-24.0102 факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ


Аннотатсия:

Дар мақола доир ба мафҳуми амалҳои тафтишӣ, намуди

амалҳои тафтишӣ, ки ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ бо мақсади
дарёфт кардан, гирифтан, қайду мустаҳкам намудани далелҳо ва исбот кардани
гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахс ба амал бароварда мешаванд маълумот дода
шудааст.

Калидвожаҳо:

амалҳои тафтишӣ,

тафтиши пешакӣ,

далелҳо, исботнамоӣ,

азназаргузаронӣ, пурсиш, кофтуков, озмоиши тафтишӣ, экспертиза, протокол.


Мазмуни асосии тафтиши пешакиро амалҳои тафтишӣ ташкил медиҳанд.

Аз сабаби он ки дар моддаи 6 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, яъне дар мафҳумҳои асосӣ, мафҳуми амалҳои тафтишӣ дода
нашудааст, мафҳуми «амалҳои тафтишӣ» дар матни қонун ва дар адабиёти
ҳуқуқӣ ба чанд маъно истифода бурда мешавад. Олимони соҳаи мурофиаи
ҷиноятии ватанӣ ва хориҷӣ нисбати мафҳуми амалҳои тафтишӣ андешаҳои
гуногун доранд. Раҳматулоев А.Э. чунин пешниҳод намудааст, “амалҳои
тафтишӣ-ин маҷмӯъи амалҳоест, ки бо ёрии онҳо бо тартиби муқарраркардаи
КМҶ ҶТ ҷараёни исботнамоӣ, муайян кардани ҳолатҳои содир шудани ҷиноят
ва ба парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта, рафти дурусти пешбурди парвандаи
ҷиноятӣ ва иҷроиши вазифаҳои мурофиавии ҷиноятӣ таъмин карда мешавад”.

54

Ба ақидаи Смирнов А.В. ва Калиновский К.Б “амалҳои тафтишӣ-ин чунин тарзи
ҷамъоварӣ ва санҷиши далелҳо мебошад, ки дар қонун танзим шудаанд ва бо
имконияти татбиқи чораҳои маҷбуркунии давлатӣ таъмин мебошанд”.

55

Ба

маънои васеъ, онҳо баъзан ҳамчун "амалҳои мурофиавӣ аз ҷониби мақомоти
ваколатдор ва шахсони мансабдор ҳангоми тафтишоти пешакӣ анҷом дода
мешаванд" фаҳмида мешаванд.

56

Ба ин маъно олимони мурофиаи ҷиноятӣ

“амалҳои тафтиширо” гуногун шарҳ додаанд. Масалан, Ларин А.М., Герасимов
И.Ф. ва дигар олимон аз рӯи субъекти фаъолиятбаранда чунин меҳисобанд, ки
ҳама он амалҳое, ки дар асоси талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аз
ҷониби муфаттиш ба иҷро расонида мешавад, амалҳои тафтишӣ ҳисобида
мешаванд.

54

Ниг.: Раҳматулоев А.Э., Сангинов А.Б. Низом ва шакли мурофиавӣ-ҷиноятии амалҳои тафтишотӣ. – Хуҷанд:

Меъроҷ, 2011. С. 11.

55

Ниг.: Смирнов А.В., Калиновский К.Б. Следственные действия в российском уголовном процессе:

- Санкт-

Петербург: СПбГИЭУ, 2004. – 73 С

56

Ниг.:

Смирнов А.В., Калиновский К.Б. Следственные действия в российском уголовном процессе:

- Санкт-

Петербург: СПбГИЭУ, 2004. – 73 С


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

216

Дигар олимон пешниҳод менамоянд, ки “амалҳои тафтиширо” на аз рӯи

субъект, балки аз рӯи мазмуни фаъолият бояд шарҳ дод. Дар як қатор ҳолатҳо
(азназаргузаронӣ, пурсиш, озмоиши тафтишӣ ва ғайра) фаъолияти муфаттиш
характери таҳқиқотиро доро мебошад. Аз ин хотир олимон ба монанди
Быховский И.Е., Абдумаҷидов Г.А., Гусаков А.Н амалҳои тафтиширо ҳамчун
воситаи исботнамоӣ, тарзи гирифтани далелҳо шарҳ додаанд. Ба ин маъно ба
амалҳои тафтишӣ танҳо қисми амалҳои мурофиавиро, ки характери
даркнамоиро доранд дохил кардаанд. Инро ҳамчун маънидодкунии маҳдуди
амалҳои тафтишӣ гуфтан мумкин аст.

57

Лупинская П.А. амалҳои тафтиширо – амалҳо оид ба ҷамъоварии далелҳо

номидааст. Петрухин И.Л. низ чунин ақида дорад, ки амалҳои тафтишӣ
амалҳои мурофиавие мебошанд, ки мақсади онҳо гирифтани далелҳо
мебошад.

58

Мақсади амалҳои тафтиширо дуруст муайян намуда олимони

номбурда дар бораи тарзи расидан ба мақсадро ошкор накардаанд, яъне тарзи
расидан ба мақсад ин гузаронидани амалҳои тафтишӣ мебошад.

Аммо ба маънои маҳдуд ба амалҳои тафтишӣ танҳо амалҳое дохил

мешаванд, ки бевосита ба ҷамъоварӣ ва тафтиши далелҳо нигаронида шудаанд.
Аз ин рӯ, амалҳои мурофиавӣ на аз сабаби он, ки аз ҷониби муфаттиш анҷом
дода мешаванд, балки барои муайян кардани «изу осори ҷиноят» нигаронида
шудаанд, тафтишӣ ҳисобида мешаванд. Ба ин маъно, чунин амалҳои
мурофиавӣ, аз қабили оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, татбиқи чораи
пешгирӣ, пешниҳоди айб ва ғайра ба амалҳои тафтишӣ дохил намешаванд. Аз
нуқтаи назари муқаррароти қонун, ҳама амалҳои мурофиавии муфаттишро
тафтишӣ номидан хато мебошад. Амалҳои тафтишӣ, шакли мурофиавии ба
таври ҷиддӣ ва ҳамаҷониба коркардшуда мебошанд ва дар мавридҳои зарурӣ
барои гузаронидани онҳо имконияти татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавӣ
иҷозат дода шудааст. (масалан, маҷбуран овардан, маҷбуран кофтуков кардан).
Чунин тарзҳои ҷамъоварии далелҳо, ба монанди талаб кардан ва гирифтани
предмет ва ҳуҷҷатҳо амалҳои тафтишӣ ҳисобида намешаванд. (қ.4м.26 КМҶ
ҶТ. с.15).

59

Аҳамияти амалҳои тафтишӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо тарзи асосии

ҷамъоварии далелҳо ва воситаи асосии муайян кардани ҳақиқат оид ба
парвандаи ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд.

57

Ниг.: Быховский И.Е. Развитие процессуальной регламентации следственных действий. // Советское

государство и право. 1972, №4. С. 108; Гусаков А.Н. Следственные действия и тактические приемы. Дисс. канд.
юрид. наук. М., 1973. С. 8. Абдумадҷидов Г. Проблемы совершенствования предварительного расследования.
Ташкент: Фан, 1975. С. 8-15.

58

Ниг.: Уголовно-процессуальное право/ Под ред. П.А. Лупинской. М.: Юристъ, 2004. С. 390.; Уголовный

процесс / Под ред. И.Л. Петрухина. М.: Проспект, 2001. С. 26

59

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 декабри соли 2009, № 12, бо тағироту иловаҳо

дар ҳолати 03.01.2024 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2024.-№ 2017


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

217

Дар қонунгузории амалкунандаи мурофиавии ҷиноятӣ, чунин амалҳои

тафтишӣ пешбинӣ шудаанд: азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, озмоиши
тафтишӣ, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабси муросилоти почтаю телеграф, гӯш
кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ, пурсиш, рӯбарӯкунӣ, нишон додан барои
шинохтан, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса, гузаронидани экспертиза. Бояд
қайд намуд, ки масъала оид ба низоми амалҳои тафтишӣ дар илми мурофиавии
ҷиноятӣ баҳснок боқӣ мемонад. Баъзан ба амалҳои тафтишӣ дастгирнамоии
гумонбаршаванда, гузоштани ҳабс ба амвол, гирифтани намунаҳо барои
таҳқиқоти муқоисавиро ҳамроҳ менамоянд, баъзе амалҳои тафтиширо, ба
монанди гуш кардан ва сабти гуфтугӯи телефониро амали тафтишӣ
намеҳисобанд.

Қоидаҳои умумии баамалбарории амалҳои тафтишӣ, дар қонунгузории

мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ки чунин
ҳолатҳоро дар бар мегиранд:

1)

Амалҳои тафтишии дар қисми 3 моддаи 184 КМҶ ҶТ

(азназаргузаронии ҷасад, эсгуматсия), моддаи 186 (шаҳодаткунонӣ), моддаи 208
КМҶ ҶТ (тартиби таъини экспертиза), моддаи 201 КМҶ ҶТ (истифодаи сабти
овоз ва видео ҳангоми пурсиш) дар асоси қарори муфаттиш ба амал бароварда
мешаванд:

2)

Амалҳои тафтишии дар моддаи 192 КМҶ ҶТ (кофтуков ва дарёфт

кардан), моддаи 195 КМҶ ҶТ (ҳабси муросилоти почтаю телеграф,
азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо), моддаи 196 КМҶ ҶТ (гӯш ва
сабт кардани гӯфтугӯ) дар асоси қарори муфаттиш розигии прокурор ва иҷозати
суд ё судя гузаронида мешаванд:

3)

Баамалбарории амалҳои тафтишӣ дар вақти шабона (аз соати 22 то

6.00 рӯзи дигар), иҷозат дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир,
ки дар қисми 3 моддаи 192 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд:

4)

Ҳангоми баамалбарории амалҳои тафтишӣ истифодаи зӯроварӣ,

таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин ба вуҷуд овардани хавф барои
ҳаёт ва саломатии шахсони дар он иштироккунанда иҷозат дода намешавад.

5)

Муфаттиш барои иштирок дар гузаронидани амалҳои тафтишӣ

ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, гумонбаршаванда ва дигар шахсони дар боби 5-
6 КМҶ ҶТ пешбинӣ гардидаро ҷалб намуда ба шахсияти онҳо бовар ҳосил
менамояд, ба онҳо ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ, ҳамчунин тартиби баамалбарории амали
дахлдори тафтиширо мефаҳмонад. Агар дар гузаронидани амали тафтишӣ
ҷабрдида, шоҳид, мутахассис, эксперт ва ё тарҷумон иштирок дошта бошад, дар
ин ҳолат ҳар яки онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятие, ки дар моддаи 351 ва 352
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, огоҳ карда
мешаванд.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

218

6)

Ҳангоми баамалбарории амалҳои тафтишӣ мумкин аст воситаҳои

илмӣ-техникӣ ва тарзҳои дарёфт кардан, қайду мустаҳкам намудан, гирифтани
изҳои ҷиноят ва далелҳои шайъӣ истифода бурда шаванд.

7)

Дар рафти гузаронидани амали тафтишӣ мутобиқи моддаҳои 172 ва

173 КҶМ ҶТ протокол тартиб дода мешавад.

Ба асосҳои умумии меъёрӣ-ҳуқуқии тайёрӣ ва баамалбарории амалҳои

тафтишӣ, ҳамчунин ҳолатҳои тартиби судии гирифтани иҷозат барои
гузаронидани амалҳои тафтишӣ, тарзи тартиб додани протоколи амали
тафтишӣ (м. 172 КМҶ ҶТ), тасдиқи воқеияти даст кашидан аз имзо ё
ғайриимкон будани имзои протоколи амали тафтишӣ (м.173 КМҶ ҶТ), ҷалби
мутахассис, тарҷумон, шахсони холис дар пешбурди амалҳои тафтишӣ (м.м.
179-181 КМҶ ҶТ) дохил мешаванд.

Аз қоидаҳои номбаршуда бармеояд, ки амалҳои тафтишӣ дар мурофиаи

ҷиноятӣ моҳияти ҳуқуқӣ доранд, чунки тартиби мурофиавию ҷиноятӣ, асос,
мақсад ва шакли мурофиавии онҳоро меъёрҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба танзим медароранд.

Амалҳои тафтишӣ мумкин аст бо асосҳои гуногун тасниф карда шаванд:

субъекти баамалбароранда, ҳайати иштирокчиён, дараҷаи татбиқи чораи
маҷбурӣ, шароити баамалбарории онҳо ва ғайра. Дар қонунгузории
мурофиавии ҷиноятӣ, мафҳуми амалҳои таъхирнопазири тафтишӣ, амалҳои бо
иштирок ва беиштироки шахсони холис оварда шудааст.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:

1.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09

декабри соли 2009, № 12, бо тағироту иловаҳо дар ҳолати 03.01.2024 // Ахбори
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2024.-№ 2017

2.

Абдумадҷидов Г. Проблемы совершенствования предварительного

расследования. -Ташкент: Фан, 1995. 362с.

3.

Быховский

И.Е.

Развитие

процессуальной

регламентации

следственных действий. // Советское государство и право. 1972, №4. С. 108;

4.

Гусаков А.Н. Следственные действия и тактические приемы. Дисс.

канд. юрид. наук. - М., 1973. – 25с.

5.

Раҳматулоев А.Э., Сангинов А.Б. Низом ва шакли мурофиавӣ-

ҷиноятии амалҳои тафтишотӣ. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2011.-312с.

6.

Смирнов А.В., Калиновский К.Б. Следственные действия в

российском уголовном процессе:

- Санкт-Петербург: СПбГИЭУ, 2004. – 473с.

7.

Уголовно-процессуальное право/ Под ред. П.А. Лупинской. -М.:

Юристъ, 2004. -390с.

8.

Уголовный процесс / Под ред. И.Л. Петрухина. -М.: Проспект,

2001.- 618с

Библиографические ссылки

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 декабри соли 2009, № 12, бо тағироту иловаҳо дар ҳолати 03.01.2024 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2024.-№ 2017

Абдумадҷидов Г. Проблемы совершенствования предварительного расследования. -Ташкент: Фан, 1995. 362с.

Быховский И.Е. Развитие процессуальной регламентации следственных действий. // Советское государство и право. 1972, №4. С. 108;

Гусаков А.Н. Следственные действия и тактические приемы. Дисс. канд. юрид. наук. - М., 1973. – 25с.

Раҳматулоев А.Э., Сангинов А.Б. Низом ва шакли мурофиавӣ-ҷиноятии амалҳои тафтишотӣ. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2011.-312с.

Смирнов А.В., Калиновский К.Б. Следственные действия в российском уголовном процессе: - Санкт-Петербург: СПбГИЭУ, 2004. – 473с.

Уголовно-процессуальное право/ Под ред. П.А. Лупинской. -М.: Юристъ, 2004. -390с.

Уголовный процесс / Под ред. И.Л. Петрухина. -М.: Проспект, 2001.- 618с

Наиболее читаемые статьи этого автора (авторов)