Авторы

  • Фурузофар Нурализода
    ДДҲБСТ

Биография автора

  • Фурузофар Нурализода , ДДҲБСТ
    магистранти курси 2 ихтисоси 1-24.0102 факултети ҳуқуқшиносии

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78109

Ключевые слова:

техникаҳои криминалистӣ тафтишот амалҳои тафтишӣ аксбардорӣ наворгирӣ сабти овоз муфаттиш шоҳид протокол далел.

Аннотация

Дар мақола доир ба масъалаи истифодаи техникаҳои криминалистӣ дар вақти гузаронидани амалҳои тафтишӣ, истифодаи сабти овоз, суратгирӣ, банаворгирӣ ва аҳамияти натиҷаи онҳо дар давраи тафтишот ва баррасии судии парванда маълумот дода шудааст.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 341 ~

ИСТИФОДАИ ТЕХНИКАҲОИ КРИМИНАЛИСТӢ ҲАНГОМИ

ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛҲОИ ТАФТИШОТӢ

Нурализода Фурузофар Муқимӣ

магистранти курси 2 ихтисоси 1-24.0102 факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Аннотатсия:

Дар мақола доир ба масъалаи истифодаи техникаҳои

криминалистӣ дар вақти гузаронидани амалҳои тафтишӣ, истифодаи сабти

овоз, суратгирӣ, банаворгирӣ ва аҳамияти натиҷаи онҳо дар давраи тафтишот ва

баррасии судии парванда маълумот дода шудааст.

Калидвожаҳо:

техникаҳои криминалистӣ, тафтишот, амалҳои тафтишӣ,

аксбардорӣ, наворгирӣ, сабти овоз, муфаттиш, шоҳид, протокол, далел.

Яке аз омилҳои самаранокии тафтишоти пешакӣ ин дуруст интихоб ва

истифода бурдани воситаҳои илмӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад. Дар раванди

тафтишот воситаҳои техникӣ асосан дар мавридҳои гузаронидани амалҳои

тафтишотӣ истифода мешаванд. Истифодаи воситаҳои илмӣ-техникӣ дар

мавриди гузаронидани амалҳои тафтишотӣ таъсири муайян расонида барои

самаранокии онҳо шароит муҳайё мекунад. Аввалин маротиба солҳои 90 асри

гузашта аввалин - воситаи аксбардорӣ дар амалҳои тафтишотӣ аз тарафи

Алфонс Бертелен истифода шудааст. Айнан ҳамин шахс минбаъд усулҳои

аксбардориро кор карда ба таҷриба ворид намуд.

Имрўзҳо воситаҳои гуногуни техникӣ ва барои онҳо усулҳои тактикии

истифодабарӣ кор карда баромада шуда ба таҷрибаи тафтишотӣ ворид гашта

истодаанд.

Тактикаи истифодаи сабти овоз, ки дар чорчўбаи талаботҳои қонуни

мурофиавии ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад, натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи

муайяни истифодаи сабти овоз дар таҷриба ба ҳисоб рафта бо усул ва

имкониятҳои техникии раванди сабти овоз муқаррар карда мешавад.

Таҳлили таҷрибаи тафтишотӣ имконият медиҳад, ки чунин хулоса


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 342 ~

барорем: истифодаи сабти овоз бисёртар барои қайду мустаҳкам намудани

нишондоди шахсоне, ки вазъи саломатиашон вазнин аст зарур мебошад,

(ҷабрдидагони садами роҳу - нақлиётӣ; шахсоне, ки дар натиҷаи ҳуҷум захмӣ

шудаанд; ҷабрдидагони сўхтор ва ѓайра). Шумораи лентаҳои зикршудаи

навиштагирии овоз на он қадар калон аст, зеро ин гуна ҷабрдидагон хело кам

вомехўранд.

Истифодаи сабти овоз барои қайду мустаҳкамкунии нишондоди шахсоне,

ки бо сабабҳои гуногун ба мурофиаи судӣ иштирок дошта наметавонанд низ

аҳамият дорад. Масъалан, то саршавии пурсиш муффатиш хабардор мешавад,

ки шоҳид бояд ба сафари хизматии дуру дароз ба хориҷа раҳсипор шавад. Дар

таҷриба сабти овоз бисёртар дар мавридҳои пурсиши шоҳидоне, ки ба суд

ҳозиршавиашон мушкилтар аст, истифода мешавад. Дар ин ҳолатҳо ба амал

баровардани сабти овоз имконият медиҳад, ки дар оянда суд натанҳо

нишондоди шоҳидро мехонад, балки боз фонограммаи онро метавонад гўш

кунад.

Дар мавриди пурсиши ноболигон ва хурдсолон низ истифодабарии сабти

овоз натиҷаҳои назаррас медиҳад. Доираи дониш ва хусусиятҳои нутқии

кудакон ва калонсолон фарқияти ҷиддӣ дорад, бинобар ин дар протоколи

пурсиш аниқ сабт кардани нишондоди кўдак бисёр вақт бо эҳсосот алоқаманд

аст, онҳо дар бисёр мавридҳо ҳақиқатро дуруст баҳо дода наметавонанд. Аниқ

дарк намудани нишондоди кудак дар ҳолати таҳлили чуқур, ки гузаронидани

онро мавҷудияти фонограмма сабуктар месозад, имконпазир мешавад.

21

Истифодаи сабти овоз дар пурсиши ноболиѓон ва хусусан кўдакон на

танҳо барои баёни хусусиятҳои нутқӣ ва дигар сабабҳои дар боло зикршуда

лозим мебошад, балки боз барои он зарур аст, ки кўдакон ба осонӣ ба таассурот

дода мешаванд, ки боиси дар оянда дигаргун шудани нишондоди онҳо

мегардад.

Истифодаи сабти овоз барои мустаҳкамкунии нишондодҳое, ки дар

иштироки тарҷумон дода мешавад, фоидабахш аст. Дар чунин ҳолатҳо

21 Ниг.: Кертес И. Тактические и психилогические основы допроса. - М.: Юрид. лит, 1983, - с.27.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 343 ~

асоснокии дигаргунии нишондодро, ки ба тарҷумаи нодуруст ё ноаниқ такя

мешавад, санҷидан сабук аст.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои пурсидашавандагон сабти овоз мумкин аст,

ки ҳамчун воситаи иловагии мустаҳкамкунии нишондоди шахсони

каммаълумот, нобино ва дигарҳо, ки мустақилона нишондоди навишташудаи

худро хонда наметавонанд, истифода шавад. Дар ин ҳолат таҷдиди фонограмма

барои ба дуруст навишта шудани нишондод боварии комил ҳосил кардан кўмак

мерасонад. Ба ѓайр аз ин дар мурофиаи судӣ онҳо гуфта наметавонанд, ки

нишондодҳое, ки онҳо мустақилона хонда наметавонанд нодуруст навишта

шудааст.

Истифодаи сабти овоз дар дигар амалҳои тафтишотӣ ба монанди санҷиши

нишондод дар ҷои ҳодиса ва озмоиши тафтишотӣ низ натиҷаҳои назаррас

медиҳад.

Мувофиқи қонун протоколи гузаронидани амали тафтишотӣ дар рафти

баамалбарории амалҳои тафтишотӣ ва ё бевосита пас аз ба охир расонидани он

тартиб дода мешавад. Вале шароити номусоид дар ҷои ҳодиса баъзан барои

тартиб додани протокол имконият намедиҳанд. Ҳамин тавр, ҷиҳатҳои зарурии

нишондод барҳам рафтанашон мумкин аст. Истифодаи сабти овоз ҳамаи

масъалаҳоро ҳал менамояд, зеро асоси фонограмма протокол бо сатҳи баланди

аниқи ҳамон замон пас аз бозгашти муффатиш ба утоқи корӣ тартиб дода

шуданаш мумкин аст.

Таҷрибаи тафтишотӣ нишон медиҳад, ки истифодаи сабти овоз,

банаворгирӣ ва дигар воситаҳои намоишдиҳӣ барои мустаҳкамгардонии

нишондодҳои ҷабрдидагон дар тафтишоти пешакӣ аз рўи парвандаҳо оид ба

ҷиноятҳо ба муқобили дахлнопазирии ҷинси фоидабахш аст, зеро онҳо дар суд

одатан бо сабабҳои номаълум аз додани нишондод шарм медоранд ва ҳатто дар

баъзе ҳолатҳо бо баҳонаҳои гуногун ҳаракат мекунанд, ки ба суд ҳозир

нашаванд.

Сабти овоз инчунин баъзан дар тафтишоти парвандаҳо оид ба дуздии

моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва гирифтани пора истифода мешавад. Камтар


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 344 ~

истифодашавии сабти овоз дар парвандаҳо оид ба дуздии моликияти давлатӣ ва

ҷамъиятӣ бо он маънидод мешавад, ки дар ин гуна ҷиноятҳо чун қоида маводи

бисёри далелии дорои хусусияти ҳуҷҷати мавҷуд аст. Таҳлили таҷриба нишон

дод, ки дар мавриди тафтишоти ин гуна ҷиноятҳо нисбат ба ҷиноятҳои

муқобили шахсият воситаҳои техникӣ ниҳоят кам истифода мешавад.

Ҳолатҳои истифодаи мақсадноки сабти овоз дар тафтишоти пешакӣ ба

истифодаи он дар рафти таҳқиқ, ки мувофиқи қонун аз рўи қоидаҳои

тафтишоти пешакӣ ба амал бароварда мешавад дахл дорад. Аҳамияти баъзе

фонограммаҳо барои парванда на танҳо бо мундариҷаи он, балки бо акси

шароите, ки дар он ин мундариҷа гирифта шудааст, муқаррар карда мешавад.

22

Истифодаи бо муваффақияти сабти овоз дар таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши

пешакӣ аз риоя намудани як қатор қоидаҳои хусусияти техникӣ дошта вобаста

аст. Дар ҳолати истифодаи сабти овоз имконияти муҳлати дароз давом додани

пурсиш мавҷуд аст. Дар ҳолати истифода накардани он бошад, бинобар

тартибдиҳии протокол, ки диққати муфаттишро ба худ ҷалб мекунад, хатари

барҳам рафтани баъзе ҷиҳатҳои пурсиш ба вуҷуд меояд.

Чунин фаъол гузаронии пурсиш аз муффатиш таҷриба ва тайёрии ҷиддиро

талаб менамояд. Дарк намудани ҳолати сабтгардии ҳар як сухан на танҳо ба

пурсидашаванда, инчунин ба муффатиш таъсири муайяни психологиро

мерасонад, вобаста ба ин мавҷудияти нақшаи аниқи пурсиш ва тайёрии

пешакии саволҳо ба таври хаттӣ аҳамияти калон дорад. Ҳатто дар ҳолати

мавҷуд будани таҷрибаи муайян дар истифодаи сабти овоз зарур аст, ки

пурсишкунанда дафтари хотиравӣ оид ба тартиби гузаронидан ва ба расмият

даровардани ҳаракатҳои тафтишотие, ки дар он сабти овоз истифода мешавад,

дошта бошад.

23

Дар ҳолати истифодаи сабти овоз муқаррар намудани муддати тахминии

гузаронидани пурсиш муҳим аст, зеро вобаста ба муддати гузаронидани

пурсиш миқдори лентаи овоз навиштагири тайёр карда мешавад.

22

Ниг.: Арсеньев В.Д. Вопросы общей теории судебных доказательств. – М.: Юрид. лит. 1997

23

Ниг.: Карнеева Л.М. Применение звукозаписи в следственной работе. - М.: Госюриздат, - 1984. - с.45.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 345 ~

Дар рафти пурсишҳои мушкил аҳамияти мавҷуд будани мутахассис, ки

сабти овозро аз ҷиҳати техникӣ ба амал мебарорад, баланд мешавад.

Мавҷудияти мутахассиси сабти навор хусусан дар мавриди гузаронидани

рўбарўкунӣ муҳим мебошад, зеро бинобар ҷой доштани ҷиҳатҳои ҷиддии

рўбарўкунӣ диққати муффатишро пурра ба худ ҷалб мекунад ва мутахассис дар

ин маврид бояд бо навиштагирии равандаи амали тафтишотӣ ба воситаи сабти

овоз машѓул шавад. Дар рўбарўкунӣ ҳама вақт на кам аз се нафар иштирокчи

ширкат меварзад, бинобар ин зарурияти риояи қатъии сатҳи лозимаи

навиштагирии овозҳо ба миён меояд. Дар ҳолати риоя намудани сатҳи баланди

сабти овозҳо, дарк кардани гуфтугўи баёни иштирокчиён имконнопазир аст.

Дар адабиётҳои криминалистӣ ақидаҳое мавҷуданд, ки дар мавриди

намоиш додани сабти пурсиш ки якчанд шахс иштирок кардааст, дар муқаррар

кардани пурсишу посухи ҳар шахси муайян мушкили пайдо шуданаш мумкин

аст.

24

Лекин таҷриба нишон медиҳад, ки чунин мушкили дар мавриди

иштироки танҳо ду шахс дар пурсиш пайдо намешавад. Аломатҳои фардии овоз

ва хусусияти баён кардани он имконият медиҳад, ки овози ҳар як шахсро озод

бе мушкили ҷудо кунем.

Яке аз масъалаҳои муҳими тактикӣ ин интихоби лаҳзаи ба амал

баровардани сабти овоз ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сабти

овоз на дар пурсиши аввалин балки дар пурсишҳои минбаъда истифода

мешавад. Вале ба фикри мо хусусияти тактикиро ба инобат гирифта дар баъзе

шароитҳои муайян аз давраи пурсиши аввалин истифодабарии сабти овоз

мувофиқи мақсад мебошад. Пеш аз ҳама ин ба омада ба гуноҳи худ иқрор

шудан низ дахл дорад, ки ҷинояткор одатан дар пурсишҳои аввалин оид ба

воқеяти кор бисёр пурра маълумот медиҳад. Дар чунин ҳолатҳо мавҷудияти

фонограммаи пурсиши аввалин барои нигоҳ доштани маълумоти муҳим

имконият фароҳам меоварад.

Дар пурсиши аввалини ҷабрдидагони аз рўи парвандаҳои таҷовуз ба номус

24

Ниг.:

Леви А.А., Научно - технические средства в уголовном судопроизводстве - М.: Полиграф, I981.-

с.72.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 346 ~

ва дигар ҷиноятҳои муқобили дахлнопазирии ҷинсӣ низ истифодабарии сабти

овозро тавсия менамоем. Зеро дар оянда, ҳангоми паст шудани ҳолатҳои

ҳаяҷони рўҳӣ онҳо аз таъсири ҳиссиёти шарм ва ё дар зери фишори хешу

табори шахсӣ ҷиноятсодиркарда нишондоди дар пурсиши аввалин додаашонро

дигаргун карда метавонад.

Қобили қайд аст, ки вобаста аз амали тафтишотие, дар раванди он сабти

овоз ба амал бароварда мешавад, тактикаи истифодаи сабти овоз дорои

хусусиятҳои хоси худ мебошад.

Маълум аст, ки рўбарўкунӣ яке аз амалҳои мушкили тафтишотӣ ба ҳисоб

меравад. Барасмият даровардани натиҷаи он низ мушкил мебошад. Дар фарқият

аз пурсиш протоколро дар ҳаракати мазкур на баъди ба охир расонидани он

балки дар раванди рўбарўкунӣ тартиб додан мувофиқи мақсад аст, зеро танҳо

дар чунин ҳолат хатогиро барҳам дода рафти амали тафтишотиро бо аниқии

лозима сабт кардан мумкин аст. Вале шакли зикршудаи барасмиятдарории

ҷараёни рўбарўкуниро суст менамояд, бо ин ба пурсидашаванда барои сохтани

нишондодҳои бардурўѓ ҳангоми фосилаҳо дар вақти барасмиятдарории

ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоварад.

Истифодаи сабти овоз ба дараҷаи муайян мўътадил намудани лаҳзаҳои

зикршударо имконият медиҳанд. Натиҷаи истифодаи сабти овоз дар

рўбарўкунӣ ба мушкилиҳои дар вақти барасмиятдарорӣ пайдошаванда хотима

мегузорад. Истифодаи сабти овоз дар раванди рўбарўкунӣ ба муфаттиш

имконият медиҳад, ки ба бомуваффақият гузаронидани ин ҳаракати мушкил

диққати ҷиддӣ зоҳир намояд.

Тактикаи истифодаи сабти овоз дар рафти санҷиши нишондод дар ҷои

ҳодиса низ хусусияти хоси худро дорад. Ҳангоми ба амал баровардани сабти

овоз дар рафти санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса бо калимаҳо номгир кардани

ҳамаи он ашъёҳое, ки пурсидашаванда нишон медиҳад хело зарур аст.

Масъалаи барои шинохтан пешкаш намудани сабти нутқи даҳонӣ диққати

ҷиддиро талаб менамояд. Дар қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон

нишондод оид ба имконияти аз рўи нутқи даҳонӣ гузаронидани нишон додан


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 347 ~

барои шинохтан вуҷуд надорад, вале дар таҷриба ин ҳолат якчанд маротиба ба

амал бароварда шудааст. Имконияти аз рўи нутқи даҳонӣ гузаронидани нишон

додан барои шинохтанро дар таҷриба ба он асос мекунанд, ки шахс аз рўи

аломатҳои динамикӣ ва статистикӣ шинохта шуданаш мумкин аст. Яке аз

чунин аломатҳои динамикӣ хусусияти нутқи даҳонӣ ҳисоб меёбад.

Дар таҷрибаи истифодаи сабти овоз масъалаи оиди имконияти истифодаи

нусха фанограмма низ пайдо мешавад. Моҳиятан дар истифодаи нусхаи

фонограмма зиддият пайдо шуданаш номумкин аст. Танҳо барои ҳаммонанд

будани нусхаи аслиашро кафолат додан лозим аст. Таҷрибаи сабти овоз дар

тафтишоти пешакӣ ҳолатҳоеро медонад, ки аз фонограмма пас аз хотима

ёфтани пурсишҳои муҳим ҳамон замон нусха гирифта мешавад. Нусхабардорӣ

бо мақсади дар оянда барои пешгирии вайроншавии сифати фонограммаи

нусхаи аслӣ ба амал бароварда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо нусхаи аслии

фонограмма дар қуттии картони басташуда, муҳр гузошта дар сейф ҷойгир

карда мешавад ва дар мавриди ба суд фиристонидани парванда он ҳамроҳи

парванда ба суд супорида мешавад.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:

1.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09

декабри соли 2009, № 12, бо тағироту иловаҳо дар ҳолати 03.01.2024 // Ахбори

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2024.-№ 2017

2.

Арсеньев В.Д. Вопросы общей теории судебных доказательств. –

М.: Юрид. лит. 1997 438с.

3.

Кертес И. Тактические и психилогические основы допроса. - М.:

Юрид. лит, 1983, - 327с.

4.

Карнеева Л.М. Применение звукозаписи в следственной работе. -

М.: Госюриздат, - 1984. 215с.

5.

Леви А.А. Научно - технические средства в уголовном

судопроизводстве - М.: Полиграф, I981.- 332с.

Библиографические ссылки

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 декабри соли 2009, № 12, бо тағироту иловаҳо дар ҳолати 03.01.2024 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2024.-№ 2017

Арсеньев В.Д. Вопросы общей теории судебных доказательств. – М.: Юрид. лит. 1997 438с.

Кертес И. Тактические и психилогические основы допроса. - М.: Юрид. лит, 1983, - 327с.

Карнеева Л.М. Применение звукозаписи в следственной работе. - М.: Госюриздат, - 1984. 215с.

Леви А.А. Научно - технические средства в уголовном судопроизводстве - М.: Полиграф, I981.- 332с.

Наиболее читаемые статьи этого автора (авторов)