Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 107 ~
РУШДИ СИЁСАТИ САНОАТИ МИНТАҚА ВА НАҚШИ ОН ДАР
ТАШАККУЛИ ИСТЕҲСОЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР
Аскарова Санавбархон Султонхожаевна
сармуаллима доктор PhD фалсафа кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии МДТ
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”
Султонова Шаҳноза Хайруллоевна
муаллимаи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров” Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд тел
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаҳои ташаккули консепсияи рушди
инноватсионӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати саноатӣ баррасӣ карда
мешавад. Хусусиятҳое, ки ба шароити фаъолияти инноватсионии соҳибкорӣ
мутобиқ карда шудаанд ва самтҳои рушди мошинсозӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон оварда шудаанд. Консепсияи нави рушди инноватсионӣ ҳамчун
самти афзалиятноки сиёсати саноатии миллӣ ҳар чӣ бештар ба назар мерасад.
Консепсияи рушди саноати минтақаро дар шароити муосир бо консепсияи
рушди фазоӣ пурра кардан мувофиқи мақсад мебуд. Дар назар дошта мешавад,
ки њангоми коркарди консепсияи рушди илмиву технологии муљтамаъњои
саноатї пайдарпайии мантиќии татбиќшавї бояд ба инобат гирифта шавад, чун
он заминаи асосии системаи банаќшагирии стратегии рушди иќтисодиёт ба
њисоб меравад. Умуман мафњуму мундариљаи стратегия бояд мураккаб
набошад, ҳамчунин раванди ташаккули барномањои дар заминаи стратегия
омода шаванда низ сода ва дастрас бояд бошанд ва бояд танњо фарогири
масоили мубрам ва мушаххаси технологияњои афзалиятнокро дар бар гиранд.
Дар ин масъала на фақат зарурати муайян кардани нишонаҳои аниқи
консепсияи рушди саноати кушод, ки дорои хусусияти гетерогенӣ ва сармояи
назарраси ҷамъшуда мебошад.
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 108 ~
Вожаҳои калидӣ:
инноватсияҳо, саноат, рақобатпазирӣ, минтақа, сиёсати
саноатии минтақа. рушди техникї-технологї ва илмї, марњилањои рушд,
ташаккулёбї, татбиќ, санадњои меъёрї-њуќуќї, санадњои соњавї, барномањо,
муљтамаъњои саноатї
Аннотация:
В статье рассматриваются вопросы разработки концепции
инновационного развития как приоритетного направления промышленной
политики.
Представлены особенности,
адаптированные к
условиям
инновационной предпринимательской деятельности и направлениям развития
машиностроения в Республике Таджикистан.
Все больше появляется новая
концепция инновационного развития как приоритетного направления
национальной промышленной политики. Было бы целесообразно дополнить
концепцию регионального промышленного развития в современных условиях
концепцией пространственного развития.
Предполагается, что при разработке
концепции научно-технологического развития промышленных комплексов
следует учитывать логическую последовательность реализации, поскольку она
считается основной основой системы стратегического планирования
экономического развития.
В целом концепция и содержание стратегии не
должны быть сложными, а также процесс формирования программ,
подготовленных на основе стратегии, должен быть простым и доступным и
должен включать только критические и конкретные вопросы приоритетных
технологий. В этом вопросе возникает не только необходимость определения
четких признаков концепции развития открытой промышленности, имеющей
неоднородный характер и значительный накопленный капитал.
Ключевые слова.
инновации, промышленность, конкурентоспособность,
регион, региональная промышленная политика. технико-технологические и
научные разработки, этапы разработки, становления, реализации, нормативно-
правовые акты, отраслевые акты, программы, промышленные комплексы
Annotation:
The article discusses the development of the concept of innovative
development as a priority area of industrial policy. Features adapted to the conditions
of innovative business activity and directions of development of mechanical
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 109 ~
engineering in the Republic of Tajikistan are presented.
A new concept of innovative
development is increasingly emerging as a priority direction of national industrial
policy. It would be advisable to supplement the concept of regional industrial
development in modern conditions with the concept of spatial development.
It is
assumed that when developing the concept of scientific and technological
development of industrial complexes, the logical sequence of implementation should
be taken into account, since it is considered the main basis of the strategic planning
system for economic development.
In general, the concept and content of the strategy
should not be complex, and the process of developing programs prepared on the basis
of the strategy should be simple and accessible and should include only critical and
specific issues of priority technologies.
In this matter, there is not only a need to
define clear signs of the concept of development of open industry, which has a
heterogeneous nature and significant accumulated capital.
Key words.
innovation, industry, competitiveness, region, regional industrial
policy. technical, technological and scientific developments, stages of development,
formation, implementation, regulations, industry acts, programs, industrial
complexes.
Айни замон зарурати ташаккули консепсияи нави рушди инноватсионӣ
ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати саноатии миллӣ беш аз пеш возеҳу равшан
шуда истодааст. Дар ин масъала на танҳо дар муайян кардани самтҳои аниқи
стратегии иқтисоди кушода, ки дорои хусусияти гетерогенӣ ва сармояи
назарраси зеҳнии андӯхта мебошад, балки дар тактикаи найли онҳо низ
зарурати шадид эҳсос мегардад. Ташаккули муносибати нав ба низом, ташкили
иттиҳоди миллӣ дар сатҳи минтақавӣ ва федералӣ, ки барои найл ҳадафҳои
мушаххаси стратегӣ таъсис дода шудааст, инчунин ташаккули шабакаи байни
гурӯҳҳои минтақавии менеҷерони касбӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёти онҳо дар
доираи тамоми фазои иқтисодӣ тақозо карда мешавад. Танҳо дар ҳамин маврид
ба ҷои системаи куҳна тадриҷан дар раванди ҷойивазкунӣ низоми нави солим
ва бештар рақобатпазир меояд. Рақобатпазирӣ имрӯз манбаи асосии рушди
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 110 ~
устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Асоси онро, дар навбати худ,
фаъолиятнокии инноватсионии бизнес ташкил мекунад. Муваффақият, бахусус
муваффақияти ҷаҳонӣ, ба туфайли навсозии технологияҳо, азхудкунии ҷойҳои
нав дар бозор ва навовариҳои ташкилӣ (маъмулан онҳоро навовариҳои
институтсионалӣ меноманд) муайян карда мешавад
1, с. 6
.
Тадқиқот нишон медиҳад, ки фаъолнокии инноватсионии корхонаҳои
Тоҷикистон дар сатҳи паст қарор дорад. Иқтидори инноватсионии илм ва
низоми маорифи он амалан истифода намешавад, гарчанде ки вақтҳои охир
ҳукумат барои дар субъектҳои соҳибкорӣ ташаккулдодани ангезаҳои навоварӣ
кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар баробари ин, алҳол замон дар доираи тавсеаи
истифодаи усулҳои барномавию мақсадноки идоракунии рушди иҷтимоию
иқтисодӣ ба ҳавасмандкунии фаъолнокии инноватсионӣ диққати бештар додан
зарур аст. Дастгирии инноватсияҳо бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати
давлат гардад.
Рушди инноватсиониро метавон аз ду ҷиҳат баррасӣ намуд: аз як тараф,
дар бозор ҷойгиронӣ ва пешбарии фаъолонаи инноватсияҳои озуқаворӣ ва, аз
тарафи дигар, такрористеҳсоли васеи сармояи корхона дар асоси истифодаи
технологияҳои инноватсионӣ, гузариш ба базиси нави технологӣ.
Ивазшавии босуръати технология дар бисёр соҳаҳо боиси ба вуҷуд
омадани шумораи зиёди модификатсияҳо ва кӯтоҳ шудани сиклҳои
инноватсионӣ мегардад. Ба вуҷуд овардани низоми иқтисодии чандир ва тез ба
тағйироти манфии муҳити беруна вокунишкунандаи, дорои алоқаҳои
мустаҳками дохилӣ, ки вобаста аз умқ ва давомнокии таъсироти берунаю
дохила ба вуҷуд иваз намудани ҳамоҳангсозии дохилӣ қобил аст, кори ниҳоят
мушкил мебошад. Махсусан, агар сухан дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон –
кишвари дорои диверсификатсияи баланди захираҳои дохилӣ, гуногунии
“бартариятҳои қиёсӣ”- и минтақавӣ ва мухталифия “вуҷуди инноватсионӣ”-и
миллӣ – доираи васеи тадқиқоту коркардҳо ва омодасозии доимии
мутахассисони баланихтисос равад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки
интихоби дурусти стратегияи тамаркузи захираҳои миллӣ барои рушди
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 111 ~
устувори инноватсия меҳвар ниҳоят муҳим аст. Чунин стратегия дар доираи
сиёсати саноатӣ муайян карда мешавад.
Сиёсати саноатӣ ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси зерини рушди миллӣ
нигаронида шудааст: рафъи вобастагии иқтисодӣ аз ҳисоби беҳтар намудани
тавазуни тибқи амалиёти пардохт ҷорӣ; бардоштани монеаҳо дар намуди
маҳдудиятҳои захиравӣ масалан, якборӣ қиматшавии захираҳои энергетикӣ;
баланд бардоштани устувории бизнеси миллии хусусӣ дар шароити тақвияти
кушодагии иқтисодиёти миллӣ ва ғайра. Азбаски пешгӯӣ кардани ҳолатҳои
мушаххаси иқтисодиёти ҷаҳонии муосири гуногунҷанба баъзан хеле душвор
аст, яке аз принсипҳои асосии сиёсати саноатӣ принсипи “амал карда омӯхтан”
мебошад
2, с. 46-61
.
Сиёсати саноатӣ на танҳо сиёсати давлатӣ, балки сиёсати миллӣ низ
мебошад. Дар ташаккул ва татбиқи он ширкатҳои хусусии миллӣ ва минтақаҳо
баробар иштирок мекунанд. Дар Тоҷикистон сиёсати саноатӣ сараввал бояд дар
сатҳи минтақавӣ ташаккул ёбад, зеро ин имкон медиҳад, ки самтҳои ояндадори
таҷаммуи захираҳои ашёӣ хом, молиявӣ ва, пеш аз ҳама, зеҳнӣ муайян карда
шавад. Танҳо дар ҳамин замина ташаккули сиёсати миллии саноатӣ, ки
мундариҷаи
асосии
он
мутобиқ
кардани
стратегияҳои
саноатии
байниминтақавӣ мебошад, имконпазир аст. Стратегияи рушди саноатии низоми
мураккаби иқтисодӣ бояд чунин бошад.
Яке аз унсурҳои сиёсати саноатии минтақа интихоби соҳаҳои ояндадор
мебошад. Чунин интихоб дар асоси принсипи “бартариятҳои қиёсӣ” ва бо
назардошти шароитҳои бозори ба нақша гирифтаи фурӯши маҳсулоти саноатӣ
сурат мегирад. Тадриҷан зиёд шудани даромаднокӣ аз самтҳои интихобшудаи
рушди саноат, тавсеаи раванди онҳо ва сармоягузории такрорӣ ба ин самтҳо ва
амалӣ самараи мултипликатори сармоягузориҳо имконият медиҳад, ки натиҷаи
хуб ба даст оварда шавад. Зимнан тарафи дигари интихоби соҳаҳои
афзалиятнок ҳамзамон интихоби соҳаҳои аз ҷиҳати сохтор,оянда надошта
мебошад, ки ба онҳо тадриҷан гузаштан ба истеҳсоли маҳсулоти нави нисбатан
технологӣ мукаммал тавсия дода мешавад. Чунин мавҷудияти ҳамзамони
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 112 ~
соҳаҳои ояндадор ва куҳнашуда ба амалигардонии бомуваффақияти сиёсати
саноатӣ монеа шуда метавонад.
Ҷанбаи муҳимтарини сиёсати саноатии минтақа сохторбандии такрори
босамар ва босуръат, интиқоли захираҳо аз соҳаҳои куҳна ба соҳаҳои нави дар
асоси технологияҳои усулан нав ташкилшуда (хусусан, дар маҳалли “иттисол”
фанҳои илмӣ пайдошуда) мебошад, ки имкон медиҳанд маҳсулоти аз
истеҳсолот баровардашуда бо маҳсулоти воридотии нисбатан арзон иваз карда
шавад. Вазъи сохтор барои рушди иқтисодиёт аҳаммияти калон дорад: чӣ
қадаре ки сохтор чандиртар бошад, ҳамон қадар рушди он муваффақтар
мешавад. Алҳол тағйироти пурсамари сохторӣ шарти рушди рӯзафзуни
иқтисодиёти ҳар як минтақа мебошад. Ба сохтори соҳавии саноати Ҷумҳурии
Доғистон сараввал сиёсати ИҶШС ва хусусиятҳои сохтори иқтисодиёти Русия;
сониян, захира ва сохтори сарватҳои табиӣ (нафт, газ, ашёи хоми хӯрокворӣ,
ашёи бинокорӣ); солисан хусусияти таърихии минтақа (рушди ҳунарҳои
мардумӣ); робеан, вазъи иҷтимоӣ-сиёсии минтақа таъсиртрасонидаанд. Якбора
коҳиш ёфтани фармоишҳои давлатӣ ба корхонаҳои МҲС дар раванди
конверсияи охири солҳои 80ум ва аввали солҳои 90-ум ба ҷумҳурӣ зарбаи
ҳалокатовар зад, зеро қариб 70% ҳаҷми истеҳсолотро маҳсулоти ҳарбӣ ташкил
мекард. Вайрон шудани алоқаҳои пештараи истеҳсолотӣ ва тиҷоратӣ дар
натиҷаи пош хӯрдани ИҶШС, либерализатсияи босуръати иқтисодиёт дар асоси
принсипҳои бозорӣ дар минтақа проблемаҳои сифатан нави сохторӣ ба вуҷуд
овард, ки таъсири манфии онҳо аз ҳисоби махсусгардонии маҳдуди соҳавии
истеҳсолот, дур будан аз бозорҳои асосӣ ва ҳифзи иҷтимоии нокифоя зиёдтар
мешуд. Ба қатори чунин мушкилот дохил мешаванд: бурунрафти захираҳои
молиявӣ (даромади соҳибкорӣ), буҳрони шадиди пардохтпазирӣ, аз байн
рафтани рақобатпазирии истеҳсолот ва робитаҳои иқтисодӣ ба сабаби
баландшавии босуръати нархи энергияю нақлиёт,тақвияти тафриқаи ноҳияҳо аз
рӯи даромади аҳолӣ. Чунин падидаҳои давраи гузариш нисбатан сахт дар
ноҳияҳои кӯҳистони, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳое, ки соҳаҳо ё корхонаҳои
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 113 ~
таназзулёфта (яксиллаи шаҳракӣ дар онҳо бештар таҷаммӯъ ёфтаанд) зоҳир
шуданд.
Дар натиҷа номутаносибии бавуҷудомадаи байни иқтидори иқтисодии дар
ихтиёр буда ва сатҳи истеҳсолот яке аз мухолифатҳои калидии марҳилаи
ҳозираи буҳрони иқтисодиёти минтақаро ба миён овард: айни замон иқтидори
истеҳсолии истифоданашаванда наздик 4/5 ҳаҷми имкониятҳои мавҷудаи
истеҳсолотро ташкил мекунад. Оқибати табиии чунин коҳиши истеҳсолот на
фақат аз кор баромадани қисми зиёди иқтидори истеҳсолӣ, балки пастшавии
ҳамаҷонибаи сатҳи даромаднокии қисми фаъолияткунандаи он шуд. Вазни
иқтисодии корхонаҳои зарароварибахши воқеии саноат айни замон ба 57%
(1990 – 3% тамоми корхонаҳо) расидааст. Ҳаҷми даромад ва фондҳои аксарияти
қисми дигари корхонаҳои ин бахш на танҳо барои такрористеҳсоли васеъ,
балки барои такрористеҳсоли одӣ низ шароити муътадилро таъмин намекунанд.
Иқтидори саноатии Доғистон асосан аз рӯи корхонаҳои комплекси мошинсозӣ
муайян карда мешавад. Он қариб 40 корхонаро дар бар мегирад, ки аз онҳо 19 –
корхонаи ба соҳаи мудофиа тааллуқ дорад ва солҳои пеш супоришҳои
мудофиавиро иҷро мекард Дар шароити ҳозира мошинсозӣ ва технологияҳои ба
он алоқаманд дараҷаи тараққиёт, асоси иқтидори саноатӣ ва некӯаҳволии
иҷтимоии аҳолӣ, қобилияти мудофиавӣ, мустақилият, мақоми давлатҳоро дар
арсаи байналхалқӣ муайян мекунанд. Тасодуфӣ нест, ки дар мамлакатҳои
мутараққӣ, одатан, соҳаи мошинсозӣ бештар рушд ёфтааст.
Дар марҳилаи ҳозира “минтақавикунонӣ” сиёсати инноватсионӣ аз
хусусияти рушди инноватсионии иқтисодиёти ҷаҳон вобаста аст. Давраи
истеҳсолоти азими стандартионида, ки дар он ширкатҳои калон, аз ҷумла,
ширкатҳои миллӣ ба сармоягузориҳои ҳаҷман калон ва фурӯши калонмиқёс
самтгирӣ мекунанд тадриҷан аз байн рафта истодааст. Хусусиятҳои сиёсати
технологӣ ва инноватсионӣ дар ин маврид дар кӯшиши амалгардонии
“технологияҳои равандӣ” бо мақсади коҳиш додани хароҷот, инчунин
ташаккули тақсимоти дахлдори байналхалқии меҳнат, ки ҳангоми он содироти
маблағ ба кишварҳои дорои хароҷоти камтар (аз ҷумла, аз рӯи арзиши қувваи
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 114 ~
корӣ) афзалиятҳои иловагӣ медод, зоҳир мегардад. Давраи нав - давраи
истеҳсолоти ғайристандартӣ, истеҳсолоти илмталаб, ки дар он на миқёси
истеҳсол ва фурӯш, балки қобилияти мунтазам нав кардани маҳсулот аз ҳисоби
ҷорӣ намудани “технологияҳои маҳсулотӣ” (ташкил ва пешбурди маҳсулоти
тамоман нав ба бозор) дар таҳкими мавқеъи рақобатӣ дар бозор нақши
ҳалкунанда мебозанд, фаро мерасад. Дар ин ҷо соҳибкории хурд ва миёна, ки ба
ивазшавии босуръати технологияҳои маҳсулот бештар мутобиқ аст,нақши
асосӣ мебозад. Он метавонад ҳини бо сармояҳои ба маротиб кам будани
сармоягузорӣ маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кунад ва метавонад ҳатто
ҳангоми афзоиши хароҷоти анъанавӣ аз ҳисоби арзиши баланди изофашуда
рақобатпазир бошад. Дар чунин иқтисодиёт иттиҳодҳои маҳалли олимон,
соҳибкорон ва маъмурияти маҳаллӣ омили муҳимми ноил шудан ба комёбӣ дар
бозор мебошанд
3, с. 48
.
Махсусгардонии минтақавӣ ба мошинсозӣ мавҷудияти самти муайяни
хизматрасонии таҳсилотиро дар минтақа пешбинӣ мекунад, ки он хароҷоти
тайёр кардани кадрҳои “ғайритахассусӣ” кам менамояд). Қисми зиёди
ширкатҳо ба истеҳсоли мавод ва таҷҳизоти дар доираи ҳамин соҳа ва махсус
гардонида мешавад, таҷрибаи идоракунии истеҳсолот ва ба бозор баровардани
мол мавҷуд аст. Ҳамаи ин хароҷоти ширкатҳои минтақавиро азхудкунии
технологияҳои навро хеле кам мекунад. Дар натиҷа афзоиши назарраси самараи
умумии тиҷоратӣ(ва иқтисодӣ) дар минтақа мушоҳида мешавад, зеро самара аз
татбиқи технологияҳои нав ба шумораи ширкатҳои минтақа, ки дар татбиқ
вапешбурди онҳо ба бозор комёбӣ ба даст овардаанд, зам мешавад. Маҳз аз
ҳамин сабаб фароҳам овардани шароит барои диффузияи технологияҳо дар
доираи махсусгардонии муайян яке аз муҳимтарин ҷузъҳои сиёсати миллии
инноватсионӣ шуда истодааст.
Ғайр аз ин, бояд фарқи рушди инноватсионии минтақавӣ ва соҳавӣ аз
нуқтаи назари фишори бартаридоштаи махсусгардонии саноатӣ ба инобат
гирифта шавад. Масалан, дар минтақаҳое, ки дар онҳо истеҳсолоти
стандартикунонида рушд ёфта буданд иқтисодиёт рушди соҳаҳои пойгоҳӣ асос
Конференсияи илмии байналмилалй
“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”
“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya
~ 115 ~
меёбад, ки асосиашон сармоягузории калон фондҳои азими моддӣ, истеҳсолот
ва фурӯши миқёснок, сарбории вазнини иҷтимоӣ ва сатҳи баланди таъсир ба
буҷетҳои минтақаҳо мебошад нисбат ба минтақаҳое, ки чунин сохторо
надоранд қобилият ба рушди инноватсионӣ нисбатан суст аст.
Рӯйхати адабиёт:
1. Матеров И. Факторы развития «новой экономики» России // Экономист.
- 2003. - № 2. - С.6.
2. Медведев Ю. Кулибины на холостом ходу // Российская газета. - 2004. -
№ 96 (3473). - С.2.
3. Фостер Р. Обновление производства: атакующие выигрывают. М.:
Прогресс, 1987. - С.48.
4. Стратегияи рушди инноватсионии Љумњурии Тољикистон барои давраи
то соли 2020, Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 майи соли 2015,
№ 354.
