Авторы

  • Санавбархон Аскарова
    ҷаҳонии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биография автора

  • Санавбархон Аскарова , ҷаҳонии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон
    сармуаллима доктор PhD фалсафа кафедраи иқтисодиёти

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.77794

Ключевые слова:

бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ инкишофи иқтисодӣ инноватсияҳо дар сохтмон таъсири экологӣ стратегияҳои ивазнамоии воридот ташвиқи истеҳсоли маҳаллӣ технологияҳои нав дар сохтмон сиёсати давлатӣ дар сохтмон инфрасохтори сохтмонӣ рақобат дар бозори масолеҳи сохтмонӣ.

Аннотация

Мақолаи мазкур хусусиятҳои асосии инкишофи бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ дар шароити муосирро баррасӣ мекунад. Бозори масолеҳи сохтмонӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ки ба рушди саноат, таъмини инфрасохтор ва таҳияи шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад. Ин бозор бо талаботҳои муосир, тағйироти иқтисодӣ, пешрафти технологӣ ва ҳолати муҳити зист алоқаманд аст. Мақола хусусиятҳои бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили вобастагии ба шароити минтақавӣ, маҳдудияти ҷуғрофӣ, иртиботи зич бо соҳаи сохтмон, таъсири сиёсати давлатӣ, таъсири экологӣ ва технологияҳои навро таҳлил мекунад. Ҳамчунин, дар мақола стратегияҳои ивазнамоии воридот, ташвиқи истеҳсоли маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои наво барои рушди устувори ин бозор баҳс шудааст.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 116 ~

ИНКИШОФИ БОЗОРИ МИНТАҚАВИИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ ДАР

ШАРОИТИ МУОСИР

Аскарова Санавбархон Султонхожаевна

сармуаллима доктор PhD фалсафа кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, ш. Хуҷанд,

Ҷумҳурии Тоҷикистон

sanam85@mail.ru

Аннотатсия:

Мақолаи мазкур хусусиятҳои асосии инкишофи бозори

минтақавии масолеҳи сохтмонӣ дар шароити муосирро баррасӣ мекунад.

Бозори масолеҳи сохтмонӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёт ба ҳисоб

меравад, ки ба рушди саноат, таъмини инфрасохтор ва таҳияи шароити мусоид

барои рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад. Ин бозор бо талаботҳои муосир,

тағйироти иқтисодӣ, пешрафти технологӣ ва ҳолати муҳити зист алоқаманд аст.

Мақола хусусиятҳои бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили

вобастагии ба шароити минтақавӣ, маҳдудияти ҷуғрофӣ, иртиботи зич бо соҳаи

сохтмон, таъсири сиёсати давлатӣ, таъсири экологӣ ва технологияҳои навро

таҳлил мекунад. Ҳамчунин, дар мақола стратегияҳои ивазнамоии воридот,

ташвиқи истеҳсоли маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои наво барои рушди

устувори ин бозор баҳс шудааст.

Калидвожаҳо

: бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ, инкишофи

иқтисодӣ, инноватсияҳо дар сохтмон, таъсири экологӣ, стратегияҳои

ивазнамоии воридот, ташвиқи истеҳсоли маҳаллӣ, технологияҳои нав дар

сохтмон, сиёсати давлатӣ дар сохтмон, инфрасохтори сохтмонӣ, рақобат дар

бозори масолеҳи сохтмонӣ.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 117 ~

РАЗВИТИЯ РЕГИОНАЛЬНОГО РЫНКА СТРОИТЕЛЬНЫХ

МАТЕРИАЛОВ В СОВРЕМЕННЫХ УСЛОВИЯХ

Аскарова Санавбархон Султонходжаевна

старший преподаватель доктор PhD фалсафа кафедры мировой экономики

Государственное образовательное учреждение «Худжандский государственный

университет имени академика Б.Гафурова», Республика Таджикистан,

Согдийская область, г. Худжанд.

sanam85@mail.ru

Аннотация:

В статье рассматриваются основные особенности развития

регионального рынка строительных материалов в современных условиях.

Рынок строительных материалов является одним из ключевых секторов

экономики, способствующим развитию промышленности, обеспечивающим

инфраструктуру и создающим благоприятные условия для экономического

роста. Этот рынок связан с современными требованиями, экономическими

изменениями, технологическим прогрессом и условиями окружающей среды. В

статье анализируются особенности регионального рынка строительных

материалов, такие как зависимость от региональных условий, географические

ограничения, тесные связи со строительной отраслью, влияние государственной

политики, воздействие на окружающую среду, новые технологии. В статье

также рассматриваются стратегии импортозамещения, стимулирования

местного производства и использования новых технологий для устойчивого

развития этого рынка.

Ключевые слова:

региональный рынок строительных материалов,

экономическое развитие, инновации в строительстве, воздействие на

окружающую среду, стратегии импортозамещения, стимулирование местного

производства, новые технологии в строительстве, государственная политика в

строительстве, строительная инфраструктура, конкуренция на рынке

строительных материалов.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 118 ~

DEVELOPMENT OF THE REGIONAL MARKET OF CONSTRUCTION

MATERIALS IN MODERN CONDITIONS

Askarova Sanavbarkhon Sultonkhodzhaevna

Doctor Ph.D. Senior Lecturer, Department of World Economy, State Educational

Institution “Khujand State University named after Academician B. Gafurov”,

Republic of Tajikistan, Sughd region, Khujand.

sanam85@mail.ru

Abstract:

The article discusses the main features of the development of the

regional market of building materials in modern conditions. The market of building

materials is one of the key sectors of the economy, promoting the development of

industry, providing infrastructure and creating favorable conditions for economic

growth. This market is associated with modern requirements, economic changes,

technological progress and environmental conditions. The article analyzes the

features of the regional market of building materials, such as dependence on regional

conditions, geographical limitations, close ties with the construction industry, the

influence of government policy, environmental impact, new technologies. The article

also discusses strategies for import substitution, stimulation of local production and

the use of new technologies for the sustainable development of this market.

Keywords:

regional market of building materials, economic development,

innovations in construction, environmental impact, import substitution strategies,

stimulation of local production, new technologies in construction, government policy

in construction, construction infrastructure, competition in the market of building

materials.The article discusses the main features of the development of the regional

market of building materials in modern conditions. The market of building materials

is one of the key sectors of the economy, promoting the development of industry,

providing infrastructure and creating favorable conditions for economic growth. This

market is associated with modern requirements, economic changes, technological

progress and environmental conditions. The article analyzes the features of the


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 119 ~

regional market of building materials, such as dependence on regional conditions,

geographical limitations, close ties with the construction industry, the influence of

government policy, environmental impact, new technologies. The article also

discusses strategies for import substitution, stimulation of local production and the

use of new technologies for the sustainable development of this market.

Дар шароити кунунӣ, бозори масолеҳи сохтмонӣ яке аз соҳаҳои калидии

иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ки на танҳо барои рушди саноат, балки барои

таъмини инфрасохтори зарурӣ ва таҳияи шароити мусоид барои рушди муътали

ва босуботи иқтисоди миллӣ замина мегузорад.. Инкишофи бозори масолеҳи

сохтмонӣ бо талаботҳои муосир, тағйироти иқтисодӣ, пешрафти технологӣ ва

ҳолати муҳити зист алоқаманд аст.

Рушди бозори масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон ба якчанд заминаҳои

асосӣ вобаста аст, ки метавонанд таъсири назаррас ба ин соҳа дошта бошанд.

Бо афзоиши иқтисоди миллӣ, талабот ба масолеҳи сохтмонӣ низ зиёд шуда

истодааст. Ин ба сохтмони инфрасохтор, манзил ва дигар объектҳои иқтисодӣ

мусоидат мекунад. Бояд ба назар гирифт, ки барномаҳои давлатии рушди

иқтисодӣ ва сохтмон, инчунин сиёсати давлатии дастгирии соҳаи сохтмон ба

рушди бозори масолеҳи сохтмонӣ таъсир мерасонанд. Воридоти сармояи

хориҷӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи сохтмон, инчунин дастгирии молиявии давлат

барои лоиҳаҳои сохтмонӣ, омили калидии рушди бозор мазкур ба ҳисоб

меравад. Қобили қайд аст, ки талабот ба масолеҳи сохтмонӣ дар натиҷаи

афзоиши аҳолӣ, тамоюл ба шаҳрнишинӣ ва рушди соҳаҳои гуногун, бозори

масолеҳи сохтмониро дар Тоҷикистон ба яке аз бозорҳои ба таври динамикӣ

инкишофёбанд табдил додааст. Аз ҷониби дигар, вобастагии иқтисоди

Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ, нархи масолеҳи сохтмонӣ ва дигар омилҳои

глобалӣ рушди бозори масолеҳи сохтмониро дар кишвар ба таҳдидҳо ру ба ру

мекунанд. Рушди ширкатҳои маҳаллӣ ва воридотии масолеҳи сохтмонӣ,

инчунин рақобат дар бозор – ҳамагӣ дар маҷмуъ зарурати густариши сиёсати

воридотивакунандаро асоснок менамоянд.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 120 ~

Бозори масолеҳи сохтмонӣ дар шароити муосир бо хусусиятҳои хоси худ

фарқ мекунад, ки онҳо на танҳо ба арзиш ва сифати масолеҳ, балки ба

равандҳои истеҳсолӣ, таъсири экологӣ, инноватсияҳо ва сиёсатҳои давлатӣ

вобастаанд. Яке аз ҷанбаҳои асосии инкишофи ин бозор, рушди инноватсионӣ

мебошад, ки ба воситаи он имконияти истеҳсоли масолеҳи баландсифат, арзон

ва экологӣ фароҳам меояд. Инноватсияҳо на танҳо равандҳои истеҳсолиро

оптималӣ мекунанд, балки барои иваз намудани воридот бо маҳсулоти маҳаллӣ

низ замина меҳмонанд [1, С. 127-131.].

Стратегияҳои ивазнамоии воридот низ дар инкишофи бозори масолеҳи

сохтмонӣ нақши муҳим мебозанд. Тавассути ташвиқи истеҳсоли маҳаллӣ ва

истифодаи технологияҳои нав, ки барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ

мувофиқанд, давлатҳо метавонанд вобастагии худро ба воридот коҳиш дода ва

иқтисодиёти миллии худро қавӣ намоянд. Ин раванд бо татбиқи сиёсатҳои

дуруст ва ташвиқи рушди технологияҳои нав алоқаманд аст. Таҳлили ин

хусусиятҳо имконият медиҳад, ки нақши ин бозор дар иқтисодиёт ва ҷомеа ба

таври ҳамаҷониба фаҳмида шавад ва роҳҳои оқилона барои рушди минбаъдаи

он пешниҳод карда шаванд [7, С. 359-364.].

Мафҳуми "бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ" ба системаи

муносибатҳои иқтисодӣ дахл дорад, ки ба истеҳсол, тақсим, мубодила ва

истифодаи масолеҳҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, вобаста аст. Ин

бозор маҳсулоти гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла маводи хом, нимтайёр ва

маҳсулоти омода, ки барои сохтани биноҳо, таъмир ва бозсозӣ истифода

мешаванд.

Муҳаққиқон таърифҳои мухталифро дар робита ба мафҳуми “Бозори

минтақавии масолеҳи сохтмон” пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла В.А. Кудяков

қайд менамояд, ки “Бозори минтақавии масолеҳи сохтмон як қисми бозори

миллии масолеҳи сохтмонӣ ва маснуоти бинокорӣ мебошад, ки дар ҳудуди

минтақа маҳдуд буда, бо шароити махсуси истеҳсол ва фурӯши мол,

манфиатҳои мушаххаси иштирокчиён, инфрасохтори инфиродии система ва

қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидории минтақавӣ ба масолеҳи


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 121 ~

сохтмонӣ тавсиф мешавад. Ин низоми муносибатҳоест, ки дар доираи он

манфиатҳои истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон, миёнаравҳо ва

намояндагони муҳити бозор дар мавриди хариду фурӯши масолеҳу маснуоти

сохтмонӣ ҳамоҳанг карда шуда, ҷараёни моддӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ барои

қонеъ гардонидани талаботи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ташаккул меёбанд”

[3, С.24].

Аммо ба андешаи И.И. Акулова “Бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ

системаи мураккаби муносибатҳои хариду фурўши мавод, маснуот ва

конструксияҳо барои сохтмони иншооти таъиноти гуногун байни

истеъмолкунандагон (харидорон) ва таъминкунандагон (фурӯшандагон) дар

ҳудуди як минтақаи муайян мебошад” [1, С.36]..

Ин дар ҳолест, ки И.А. Каирова таърифи то андозае истисноиеро пешниҳод

менамояд: “Бозори масолеҳи сохтмонӣ як қисми бозори миллии масолеҳи

сохтмонӣ ва маснуоти сохтмонӣ ҳисобида мешавад, ки бо ҳудуди минтақа

маҳдуд буда, бо шароитҳои махсуси истеҳсол ва фурӯши мол, манфиатҳои

мушаххаси сохторҳои соҳибкорӣ, инфрасохтори инфиродии система тавсиф

мешавад, ки зарурати таҳияи стратегияи аслии рушди онро аз стратегияи миллӣ

фарқ мекунад” [6, С.4].

Ҳамин тавр, андешаву мулоҳизаҳои ин ва дигар муҳаққиқони соҳаро

ҷамъбаст намуда истода метавон таърифи наверо дар ин замина пешниҳод кард:

Бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ як системаи динамикии муносибатҳои

иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад, ки дар ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ

фаъолият мекунад. Ин бозор бо истифодаи технологияҳои навоварӣ ва

воридотивакунӣ, таъмини масолеҳи баландсифат ва экологӣ барои сохтмон ва

таъмири биноҳо, иншоот ва инфрасохтор машғул аст. Ҳамчунин, он бо

ташаккули

манфиатҳои

ҳамҷояи

истеҳсолкунандагон,

фурӯшандагон,

миёнаравҳо ва истеъмолкунандагон, инчунин бо таъмини шароити муосир

барои рақобати озод ва рушди устувори соҳаи сохтмон дар минтақа тавсиф

мешавад.

Дар таърифи мазкур мо ба чанд нукта таваҷҷуҳи хос намудем (ҷадвали 1).


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 122 ~

Ҷадвали 1 - Бозори минтақавии масолеҳи сохтмонӣ

АЛОМАТҲО

ТАВСИФ

СИСТЕМАИ ДИНАМИКӢ

Ин бозор бо тағйироти зуд ва мувофиқшавӣ бо
талаботҳои нав ва шароити муҳитӣ ифода мешавад,
тағйиротҳои бозори ҷаҳонии масолеҳи сохтмониро
ба назар мегирад ва ба он вокуниши саривақти
нишон медиҳад.

ТЕХНОЛОГИЯҲОИ

НАВОВАРӢ ВА

ВОРИДОТИВАКУНӢ

Технологияҳои навоварӣ дар соҳаи масолеҳи
сохтмонӣ ба маҳсулоти нав, равандҳои истеҳсолӣ
ва усулҳое дахл доранд, ки барои беҳтар кардани
сифат, коҳиш додани хароҷот ва таъсири экологӣ
пешниҳод мешаванд.

РАВИШИ МУТТАКӢ БА

ВОРИДОТИВАКУНӢ

Воридотивакунӣ ба истифодаи технологияҳо,
маҳсулот ё равандҳое дахл дорад, ки аз бозорҳои
хориҷӣ ба бозори маҳаллӣ ворид карда мешаванд.
Ин раванд барои рушди бозори маҳаллӣ ва баланд
бардоштани сифати масолеҳи сохтмонӣ муҳим аст.

МАСОЛЕҲИ

БАЛАНДСИФАТ ВА

ЭКОЛОГӢ

Таъмини масолеҳе, ки ба муҳити зист зарар
нарасонанд ва барои сохтмони устувор мувофиқ
бошанд. Масолеҳи баландсифат ба маҳсулоте дахл
доранд, ки ба талаботҳои зиёди техникӣ, меъморӣ
ва

иқтисодӣ

ҷавобгӯ

бошанд.

Масолеҳи

баландсифат барои баланд бардоштани сифати
сохтмон ва тӯли умри биноҳо мусоидат мекунанд.
Масолеҳи экологӣ барои коҳиш додани таъсири
манфии сохтмон ба муҳити зист, барои коҳиш
додани сарфи энергия дар биноҳо мувофиқанд.

МАНФИАТҲОИ

МУШТАРАК

Ҳамоҳангсозии манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо барои
рушди устувори бозор. Манфиатҳои муштарак дар
бозори масолеҳи сохтмонӣ ба манфиатҳои ҳамҷояи
ҳамаи

ҷонибҳои

иштироккунанда

(истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон, миёнаравҳо
ва истеъмолкунандагон) дахл доранд, ки барои
рушди устувори бозор ва қонеъ гардонидани
талаботҳои ҳамаи ҷонибҳо заруранд.

РАҚОБАТИ

ОЗОД

Таъмини

шароити

баробар

барои

ҳамаи

иштирокчиёни бозор. Дар шароити рақобати озод,
истеҳсолкунандагон бояд барои ҷалби муштариён
ва ғолиб омадан дар бозор, маҳсулоти баландсифат
ва арзонтар пешниҳод кунанд. Ин боиси он
мешавад, ки онҳо барои беҳтар кардани равандҳои
истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои нав ва
коҳиши хароҷот кӯшиш кунанд. Харидорон низ аз
ин раванд фоида мебаранд, зеро онҳо ба масолеҳи


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 123 ~

баландсифат ва арзиши мунтазам дастрасӣ пайдо
мекунанд, ки ин барои коҳиши хароҷоти сохтмон
ва баланд бардоштани сифати биноҳо муфид аст.

Таҳияи муаллиф

Ҳамин тавр, бозори масолеҳи сохтмонӣ як системаи мураккаб ва динамикӣ

аст, ки вазъияти соҳаи сохтмон ва иқтисодиётро инъикос мекунад. Рушди он ба

омилҳои гуногун, аз ҷумла пешрафти технологӣ, талаботҳои экологӣ ва сиёсати

давлатӣ вобаста аст.

Барои таъмини самаранокии татбиқи стратегияи воридотивазкунӣ ва ҷори

намудани равандҳои иноватсионӣ дар бозори масолеҳи сохтмонӣ ба назар

гирифтани хусуситяҳои хос ва тамоюлҳои рушди бозори мазкур аҳамияти

калон дорад.

Рушди бозори ҷаҳонии масолеҳи сохтмонӣ дар асри ҳозира бо тамоюлҳои

асосӣ ва ҷараёни нав ифода мешавад, ки ба тағйироти иқтисодӣ, технологӣ,

экологӣ ва иҷтимоӣ вобастаанд. Бояд қайд кард, ки яке аз тамоюлҳои асосӣ

рушди технологияҳо ва инноватсияҳо мебошад. Дар ин ҷо истифодаи

технологияҳои пешрафта, аз қабили 3D-принтерҳо, робототехника ва

автоматизатсия, маводи нав ва инноватсионӣ, аз қабили композитҳо ва

наноепоксидҳо, ва рақамисозӣ бо ёрии BIM (Building Information Modeling)

мавқеи калон доранд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин технологияҳо на танҳо

равандҳои истеҳсолиро оптималӣ мекунанд, балки барои иваз намудани

воридот бо маҳсулоти маҳаллӣ низ замина мегузоранд [4, С.90-98.].

Муҳим ин, ки риояи талаботҳои экологӣ низ яке аз самтҳои афзалиятнок

мебошанд. Дар ин ҷо талабот ба масолеҳи "сабз" ва энергияи барқароршаванда,

аз қабили изолятсияҳои гармӣ ва маводи аз нав истифодашаванда, афзоиш

ёфтааст. Аммо ин танҳо бо риояи стандартҳои экологӣ, аз қабили LEED ва

BREEAM, имконпазир аст, ки барои коҳиш додани таъсири экологӣ аҳамияти

калон доранд [6, С. 196-199.].

Агарчӣ глобализатсия ва рақобати байналмилалӣ ба бозори масолеҳи

сохтмонӣ таъсир мерасонанд, вале афзоиши саҳми бозорҳои навташкилёфта, аз


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 124 ~

қабили бозори кишварҳои Осиё, Африка ва Амрикои Лотинӣ, ва афзоиши

мубодилаи байналмилалии масолеҳи сохтмонӣ бо ташвиқи технологияҳо ва

маводи маҳаллӣ низ аз ҷумлаи ин тамоюлҳо мебошанд. Бояд қайд кард, ки

шарикӣ ва иттиҳодияҳо байни ширкатҳои байналмилалӣ низ барои таҳия ва

тавзеҳи маводи нав аҳамияти калон доранд [2, С. 17-25].

Гуфтан ба маврид аст, ки таъсири шаҳрсозӣ ва аҳолӣ низ бозори масолеҳи

сохтмониро тағйир медиҳад. Афзоиши шаҳрҳо ва эҳтиёҷ ба манзилҳо ва

инфрасохтор боиси афзоиши талабот ба масолеҳи сохтмонӣ шудааст. Муҳим

ин, ки имкониятҳои иқтисодӣ ва тағйироти демографӣ низ ба ин раванд таъсир

мерасонанд [5, С. 219-224.].

Адабиёт:

1.

Деветьярова, И. П. Теоретические аспекты конкурентоспособности

предприятия на рынке строительных материалов / И. П. Деветьярова, А. Ю.

Брагин // Комплексные и отраслевые проблемы науки и пути их решения :

сборник

статей

Международной

научно-практической

конференции,

Новосибирск, 25 апреля 2020 года. – Уфа: Общество с ограниченной

ответственностью "Аэтерна", 2020. – С. 127-131.

2.

Есауленко, И. В. Перспективы развития высотного деревянного

домостроения в России на примере зарубежного опыта / И. В. Есауленко //

Архитектура, строительство, транспорт. – 2021. – № 4. – С. 17-25. – DOI

10.31660/2782-232X-2021-4-17-25.

3.

Кудяков, В. А. Регулирование регионального рынка строительных

материалов (на примере регионов Западно-Сибирского экономического

района): специальность 08.00.05 "Экономика и управление народным

хозяйством (/ Кудяков Виталий Александрович. – Томск, 2004. – 26 с.

4.

Омӯзиши хусусиятҳои масолеҳи гармимуҳофизи муосир / П. С. Хуҷаев,

Ҷ. И. Исматуллозода, А. М. Абдуғаниев, М. С. Ситамов // Ilm va innovatsia.

Бахши илмҳои геологӣ ва техникӣ. – 2024. – No. 1. – P. 90-98.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 125 ~

5.

Применение современных образовательных технологий при разработке

и реализации продукции предприятий строительной отрасли / С. Н. Казначеева,

Ю. Н. Жулькова, Е. В. Новожилова, Л. М. Туйнова // Modern Economy Success.

– 2020. – № 4. – С. 219-224.

6.

Руднева, Т. С. Развитие инновационных форматов на рынке

строительных и отделочных материалов в Российской Федерации / Т. С.

Руднева, И. А. Красюк // Неделя науки СПбПУ : Материалы научной

конференции с международным участием. Институт промышленного

менеджмента, экономики и торговли. В 3-х частях, Санкт-Петербург, 18–23

ноября 2019 года. Том Часть 3. – Санкт-Петербург: Федеральное

государственное

автономное

образовательное

учреждение

высшего

образования "Санкт-Петербургский политехнический университет Петра

Великого", 2019. – С. 196-199.

7.

Тихонова, Т. В. Анализ рынка строительных материалов и особенности

оценки качества строительных материалов / Т. В. Тихонова // Наука,

образование, инновации: апробация результатов исследований : Материалы

Международной (заочной) научно-практической конференции, Нефтекамск, 07

февраля 2020 года / под общей редакцией А.И. Вострецова. – Нефтекамск:

Научно-издательский центр "Мир науки" (ИП Вострецов Александр Ильич),

2020. – С. 359-364.

Библиографические ссылки

Деветьярова, И. П. Теоретические аспекты конкурентоспособности предприятия на рынке строительных материалов / И. П. Деветьярова, А. Ю. Брагин // Комплексные и отраслевые проблемы науки и пути их решения : сборник статей Международной научно-практической конференции, Новосибирск, 25 апреля 2020 года. – Уфа: Общество с ограниченной ответственностью "Аэтерна", 2020. – С. 127-131.

Есауленко, И. В. Перспективы развития высотного деревянного домостроения в России на примере зарубежного опыта / И. В. Есауленко // Архитектура, строительство, транспорт. – 2021. – № 4. – С. 17-25. – DOI 10.31660/2782-232X-2021-4-17-25.

Кудяков, В. А. Регулирование регионального рынка строительных материалов (на примере регионов Западно-Сибирского экономического района): специальность 08.00.05 "Экономика и управление народным хозяйством (/ Кудяков Виталий Александрович. – Томск, 2004. – 26 с.

Омӯзиши хусусиятҳои масолеҳи гармимуҳофизи муосир / П. С. Хуҷаев, Ҷ. И. Исматуллозода, А. М. Абдуғаниев, М. С. Ситамов // Ilm va innovatsia. Бахши илмҳои геологӣ ва техникӣ. – 2024. – No. 1. – P. 90-98.

Применение современных образовательных технологий при разработке и реализации продукции предприятий строительной отрасли / С. Н. Казначеева, Ю. Н. Жулькова, Е. В. Новожилова, Л. М. Туйнова // Modern Economy Success. – 2020. – № 4. – С. 219-224.

Руднева, Т. С. Развитие инновационных форматов на рынке строительных и отделочных материалов в Российской Федерации / Т. С. Руднева, И. А. Красюк // Неделя науки СПбПУ : Материалы научной конференции с международным участием. Институт промышленного менеджмента, экономики и торговли. В 3-х частях, Санкт-Петербург, 18–23 ноября 2019 года. Том Часть 3. – Санкт-Петербург: Федеральное государственное автономное образовательное учреждение высшего образования "Санкт-Петербургский политехнический университет Петра Великого", 2019. – С. 196-199.

Тихонова, Т. В. Анализ рынка строительных материалов и особенности оценки качества строительных материалов / Т. В. Тихонова // Наука, образование, инновации: апробация результатов исследований : Материалы Международной (заочной) научно-практической конференции, Нефтекамск, 07 февраля 2020 года / под общей редакцией А.И. Вострецова. – Нефтекамск: Научно-издательский центр "Мир науки" (ИП Вострецов Александр Ильич), 2020. – С. 359-364.

Наиболее читаемые статьи этого автора (авторов)