Authors

  • Mekhrobiddin Sadulloev
    ДДҲБСТ

Author Biography

  • Mekhrobiddin Sadulloev, ДДҲБСТ
    магистранти курси 2 факултети ҳуқуқшиносии

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.70008

Keywords:

азназаргузаронӣ ҷои ҳодиса дарёфт кардан объекти ҷиноят тарафи объективии ҷиноят субъекти ҷиноят тарафи субъективии ҷиноят далелҳо.

Abstract

дар мақолаи илмӣ дар хусуси азназаргузаронӣ ҳамчун амали аввалиндараҷа ва таъхирнопазири тафтишӣ, қоидаҳои мурофиавӣ ва усулҳои тактикии гузаронидани он, вазифаҳои азназаргузаронӣ, барасмиятдарории натиҷаи азназаргузаронӣ маълумот дода шудааст.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

209

ҚОИДАҲОИ МУРОФИАВӢ ВА УСУЛҲОИ ТАКТИКИИ

БААМАЛБАРОРИИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ АЗНАЗАРГУЗАРОНБӢ

Саъдуллоев Меҳробиддин

магистранти курси 2 факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ


Аннотация:

дар мақолаи илмӣ дар хусуси азназаргузаронӣ ҳамчун амали

аввалиндараҷа ва таъхирнопазири тафтишӣ, қоидаҳои мурофиавӣ ва усулҳои
тактикии гузаронидани он, вазифаҳои азназаргузаронӣ, барасмиятдарории
натиҷаи азназаргузаронӣ маълумот дода шудааст.

Калидвожаҳо:

азназаргузаронӣ, ҷои ҳодиса, дарёфт кардан объекти

ҷиноят, тарафи объективии ҷиноят, субъекти ҷиноят, тарафи субъективии
ҷиноят, далелҳо.


Азназаргузаронии амали аввалиндараҷа ва таъхирнопазири тафтишӣ ба

ҳисоб меравад. Азназаргузаронии ҷои ҳодиса намуди азназаргузаронии
тафтишӣ мебошад. Ҷои ҳодиса дар криминалистика маҳалле (бино, иншоот)
фаҳмида мешавад, ки дар он ҳодисаи тафтишшаванда содир шудааст ва
оқибатҳои он дарёфт карда шудаанд.

Моҳият ва фарқияти азназаргузаронӣ дар бевосита дарёфт кардан,

омухтан, инъикос кардан ва мустаҳкамкунии ҳолат, хусусият ва нишонаҳои
объектҳои моддӣ дар ҷои ҳодиса ифода меёбад.

Азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҳама вақт характери комплексиро дорад: дар

як вақт ҳам минтақаи маҳал, предметҳо ва ҳуҷҷатҳо ва баъзан ҷасади одам
азназаргузаронида мешавад. Таҳқиқ намудани изҳои моддии ҷиноят предмет,
мазмун ва мақсади охирони намуди мустақили азназаргузаронӣ -
азназаргузаронии ҷои ҳодисаро ташкил медиҳад.

49

Аҳамияти он хело бузург

мебошад. Ин воситаи муайян намудани алоқаи байниҳамдигарии объектҳои
алоҳида ва тарзи фикрронии азнавтакроркунии элементҳои асосии механизми
он ҳаракатҳои минбаъдаи тафтишотӣ ва дар охир воситаи кафолатноки
мурофиавӣ ва илмӣ - техникии мустаҳкамкунии натиҷаҳои гирифташуда ба
ҳисоб меравад.

Вазифаи асосии азназаргузаронии ҷои ҳодиса - дарёфти ҳама намуди

алоқаи байниҳамдигарии ҷои ҳодиса бо ҳодисаи тафтишшаванда: дар якҷояги
бо дигар маълумотҳо азнавтакроркунии механизми ҳодиса ва дар охир
гирифтани ҷавоб ба саволи асосӣ: дар ҷои азназаргузаронӣ чи рух додааст?

49

Ниг.: Шлифт А. А. Сущность и понятие осмотра места происшествия, и следственные действия. - М.:

Контракт, 1994. С. 106


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

210

Вазифаҳои муайяни азназаргузаронӣ дар гирифтани маълумотҳои

ифодакунандаи: 1) субъекти ҷиноят (шумораи ҷинояткорон, синну соли
тахминии онҳо; маълумотҳои ҷисмонӣ, ҳолати саломатӣ, ихтисос, хусусиятҳои
руҳӣ ва ғайра; 2) объекти ҷиноят (хусусиятҳои ҷисмонӣ ва руҳии ҷабрдида,
предмети ҷиноят, нишонаҳои фардии он); 3) тарафи объективии ҷиноят (вақт,
ҷой, тарзи ҳаракати ҷинояткор, мавҷудияти алоқаи сабаби); 4) тарафи
субъективии ҷиноят (шакли қасд, ангеза, мақсад ва ғайра); 5) ҳолатҳои ба
содиршавии ҷиноят мусоидаткарда. Азназаргуазрониро баамалбароварда
муфаттиш вазифаҳои муайянро ҳал менамояд. Мазмуни онҳо аз хусусиятҳои
ҳодисаи тафтишшаванда муайян карда мешавад. Дар ҳар як ҳолат онҳо алоҳида
мебошанд. Масалан: аз рўи парвандаҳо оид ба куштор масъалаҳои
аввалиндараҷа оид ба олоти ҷиноят, оид ба ҷойгиршавии байниҳамдигарии
ҷабрдида ва ҷинояткор оид ба изҳои мубориза дар бадани ҷинояткор ва ғайра аз
рўи парвандаҳои вайронкунии қоидаҳои бехатарии меҳнат - масъалаҳо оид ба
сабабҳои ҳодисаи тафтишшаванда (таркиш, афтодани бор) оид ба воқеаҳои
вайронкунии қоидаҳои техникаи бехатарӣ (онҳо дар чи ифода ёфтаанд, аз
ҷониби ки роҳ дода шудаанд) ва ғайра.

Дар криминалистика се тарз ё методи азназаргузаронии ҷои ҳодиса фарқ

карда мешавад: консентрикӣ, эксентрикӣ ва фронталӣ.

Методи консентрикӣ - азназаргузаронӣ аз канор ба маркази ҷои ҳодиса

гузаронида мешавад. Дар зери марказ объекти нисбатан муҳим фаҳмида
мешавад (ҷасади маит, ҷои шикаста ва ғайра) Афзалияти ин метод - дар он
ифода меёбад, ки изҳои дар канор мавҷуд буда нобуд карда намешаванд.

Методи эксентрикӣ - ин баракси методи консентрикӣ яъне дар ин метод

азназаргузаронӣ аз марказ ба канори ҷои ҳодиса гузаронида мешавад.
Муҳофизатии изҳо ҳангоми он, нисбатан камтар мебошад, вале кофтукови онҳо
нисбатан муайян мебошад. Масалан: азназаргузаронии ҷасади маит ва
ҷароҳатҳои он ба мақсад мувофиқ мебуд ба канор гузаронида шавад. Вазифаи
аввалиндараҷаи муҳим кофтукови олоти куштор баҳисоб меравад, зеро аллакай
характери ҷароҳатҳо, доираи объектҳои кофтуковшавандаро муайян менамояд.

Методи фронталӣ - дар ин метод ҷои ҳодиса аз як канори ҷои ҳодиса ба

канори дигар азназаргузаронида мешавад. Истифодаи чунин метод ҳангоми
азназаргузаронии ҳудудҳои васеъ минтақаҳои печдарпеч, муфид аст.

50

Азназаргузаронии ҷои ҳодиса марҳила ва хусусиятҳои хоси худро дорад.

Марҳилаҳои азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз марҳилаи тайёрй, таҳлилӣ
марҳилаи хотимавӣ иборат мебошад.

Марҳилаи ибтидоӣ (тайёрӣ) ин тарз ва маълумотҳои моддӣ -техникӣ оид

ба ҳозир гаштан ба ҷои ҳодиса ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила муфаттиш

50

Ниг.: Уфимчев С.П. Сулочин Н.И. Следственный осмотр. - Волгоград, 1991.308с


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

211

бояд ҳама чораҳоро оид ба пешгирӣ намудани окибатҳои зараррасонро андешад
ва маълумотҳоеро ҷамъ намояд, то ки нақшаи мукаммалро тартиб диҳад. Дар
ҳолате, ки агар аз ҷиноят зарардидагон мавҷуд бошанд ёрии аввалиндараҷаи
тиббиро расонад агар зарурияти ҳимоя намудани ҷои ҳодиса мавҷуд бошад он
гоҳ, барои ҳимоя ва муҳофизат намудани далелҳои шаӣъи ва дигар маълумотҳо
кормандони мақомоти милисаро даъват менамояд.

Муфаттиш то оғоз гардидани ҳаракати тафтишотӣ бояд вобаста ба

маълумотҳои мавҷуд буда иштирокчиёни ин ҳаракатро даъват намояд ва
онҳоро барои фош накардани маълумоти амали тафтишӣ мутобиқи Кодекси
ҷиноятӣ огоҳ намояд (духтур, мутахассис, эксперт ва ғайра).

51

Пеш аз ҳозир

гаштан ба ҷои ҳодиса муфаттиш бояд ҷомадани тафтишотиро азназар
гузаронад, ки оё ҳама хокаҳои химиявй ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳои лозима мавҷуд
ҳастанд ё ин ки не!

Дар ин марҳила оид ба даъват намудани кучук (кинолог) боз ҳал карда

мешавад. Баъди ҳозир гаштан ба ҷои ҳодиса муфаттиш бояд ҳама чораҳоро
андешад ва шахсан назорат намояд. Ҳангоми мавҷуд будани ҳаракатҳои
иловагӣ барои нигоҳ, доштани далелҳо чораҳо меандешад. Муфаттиш пеш аз
оғоз

намудани ҳаракати тафтишотӣ иштирокчиёни амали тафтишотиро азназар

мегузаронад ва дар ҳолатҳое, ки агар иштироки одамони холис ҳатмӣ бошад ё
иштироки одамони холис ҳатмӣ бошад ё иштироки мутахассис оиди ҳозир
гаштани онҳо чораҳо меандешад.

Давраи тайёрии азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз лаҳзае, ки муфаттиш

қарорро оиди азназарнузарони ба худ қабул менамояд оғоз

меёбад. То ба ҷои

гузаронидани он омадан муфаттиш бояд: 1) аз шахсе, ки оиди ҳодиса маълумот
додааст муайян намояд, ки чи руй додааст, аз кормандони мақомоти милиса ва
шахсони мансабдори онҳо дар ҷои ҳодиса ки иштирок дорад, он дар куҷо
ҷойгир аст, зарурияти воқеии ҳозир шудани муфаттиш ба ҷои воқеа мавҷуд аст;
2) муайян намояд, ки оиди муҳофизати ҷои ҳодиса чораҳо андешида шудаанд ё
не агар не оиди он бояд супориш диҳад; 3) андешидани чораҳо оиди барҳам
додани оқибатҳои нохуши ҳодиса (расонидани ёрии тиббӣ, хомуш намудани
сухтор; 4) додани супориш ба кормандони милиса оиди муайян намудани
шахси дарёфткунандаи ҳодиса ва изҳои он, шоҳидон, иштироки онҳоро дар ҷои
ҳодиса то омадани муфаттиш ба он ҷо таъмин намояд; 5) масъаларо оиди
ҳайати гуруҳи фаврӣ барои баромадан ба ҷои ҳодиса ҳал менамояд: дар он
иштироки мутахассисони заруриро таъмин менамояд. (эксперт - криминалист,
тиббӣ - судӣ); 6) ба тайёрӣ ва коршоямии воситаҳои илмӣ - техникӣ боварӣ
ҳосил менамояд ва ҳамроҳи худ онҳоро мегирад.

51

Ниг.: Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 21 майи соли 1998, № 574 бо таѓйироту иловањо дар

њолати 03 январи соли 20249 // Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2024, № 1987


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

212

Дар ҳолати тайёрии доимӣ бояд воситаҳои илмӣ - техникӣ ва нақлиёт,

таҷҳизотҳо қарор дошта бошанд. Ба муфаттиш бояд доираи ҳудуди фаъолияти
он, хусусиятҳои он, (география, аҳолӣ, тенденсия ва сатҳи ҷинояткорӣ,
характери урфу одатҳо). Муфаттиш бояд роҳбарон ва шахсони мансабдори
мақомотҳои прокуратура ва таҳқиқ, ки одатан дар ҷои ҳодиса ҳамкори кардан
ба миён меояд донад. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки азназаргузаронӣ
муташаккил ва натиҷанок гузаронида шавад. То оғози азназаргузаронӣ ба
муфаттиш пешниҳод карда мешавад: 1) вақти ҳозир шуданро ба ҷои ҳодиса
қайд менамояд; 2) андешидани чораҳо оиди расонидани ёрӣ ба ҷабрдида; 3) ба
барҳам додани оқибатҳои ҳодиса мусоидат намудан; 4)муҳофизати ҷои
ҳодисаро месанҷад; 5) бегонагонро дур намудан; 6) холисонро даъват намудан;
7) гирифтани маълумотҳо оиди ҳодиса ва шахсони дар он иштироккунанда;
оиди тағиротҳое, ки ба ҷои ҳодиса дохил шудаанд ва сабаби онҳо; оиди
фаъолияти кормандони милиса то ҳозир шудани муфаттиш; 8) тартиб додани
нақшаи азназаргузаронӣ, система ва паӣдараҳамии он: 9) иштирокчиёни
азназаргузаронӣ (холисон, мутахассисон, коркунони фаврӣ) фаҳмонидани
тартиби азназаргузаронӣ ва нақши ҳар яки онҳо. Марҳилаи таҳлили - ин
марҳилае мебошад, ки пеш аз оғоз

гардидани амали тафтишотӣ муфаттиш аз

одамони шоҳид ва кормандони мақомоти милиса, ки якум ҳодисаи ҷиноятро
муайян намудаанд маълумоти мукаммал мегиранд. Маълумотҳои гирифташуда
ба муфаттиш имконият медиҳад то ин ки ў барои босифат ва самаранок
гузаронидани ҳаракати тафтишотӣ чораҳо андешад ва он дигаргуниҳое, ки дар
ҷои ҳодиса ба амал омадаанд андешида шавад. Маълумотҳое, ки аз ин шахсон
гирифта мешаванд беҳтар мешуд агар ба воситаҳои сабткунӣ расмӣ гардонида
шаванд.

Марҳилаи таҳлилии азназаргузарони бо азназаргузаронии умумии ҷои

ҳодиса ба охир мерасад. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса муфаттиш
метавонад мувофиқи хоҳиши худаш азназаргузарониро ба амал барорад
тартиби оғоз

намудани он ва интихоб намудани тарз ва услуб аз дониш ва

малакаи касбии муфаттиш вобаста аст.

52

Марҳилаи таҳлилкунанда ғайр аз ҷой ҳодиса, ки аломати ҷиноят муайян

карда шудааст бояд боз минтақаҳои он ва биноҳои он азназар гузаронида
шаванд. Баъди ҳозир гаштани муфаттиш ба ҷои ҳодиса мумкин аст ба расм
гирад, нақша тартиб диҳад ва оиди ин ҳаракатҳо дар протокол қайд намояд.

Дар ин марҳилаи азназаргузаронӣ масъалаҳое ҳалли худро меёбанд, ки дар

давраи азназаргузаронии ҷои ҳодиса мумкин аст дар якҷоягӣ ё дар алоҳидагӣ
гузаронида шавад. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ё маҳалли муайян бо
далелҳо ва воситаҳои ёфташуда ба тариқи даст расонидан мумкин нест.

52

Ниг.: Алексеев А.Н. Доказательства в угловном процесс. - М.: Норма, 1987. 582с.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

213

Воситаҳои ёфташуда бояд бетағир ва дар он ҳолате, ки ёфт шудаанд

гузошта шаванд.

Интихоби ҳаракат ва роҳхати ҳаракат ин мумкин аст ба тариқи умумӣ

сурат гирад ё ба тариқи интихобӣ. Ба тариқи умумӣ мумкин аст ҷои ҳодиса бо
мақсади ёфта гирифтан ва муайян намудани далелҳои шайъи ба амал бароварда
шавад, лекин ба тариқи интихоби он ҷойҳое азназар гузаронида мешавад, ки
бевосита ҳодисаи ҷиноят асари худро гузоштааст. Тарзи интихобӣ дар бисёр
ҳолатҳо барои таҳлил намудани ҳолатҳои парванда ба тариқи иловагӣ ба амал
бароварда мешавад. Масалан: ҳангоми одамкушӣ истифода бурдани яроқи
оташфишон на балки ҷои ёфтшудаи ҷасади маит балки ба тариқи интихоби ҷои
истодаи шахси ҷинояткор, бино ё ҷойҳои махсус, ки аз он ҷо мумкин аст, тирҳо
дастрас карда шаванд. Бевосита баъд аз гузаронидани азназаргузаронӣ бояд
маҳаллаҳо ва ҷойҳои алоҳида низ бояд азназаргузаронида шаванд.

Азназаргузаронӣ дар бисёр ҳолатҳо аз марказ ба як тараф ба амал

бароварда мешавад, аз ҷое, ки дар он ҷо воситаи махсус мавҷуд мебошад
(маҷмўаи изу пай, ё предметҳо) ё ин ки объектҳои махсус (маит, автомашинаи
зарардида, сейфи кушода ва ғайра). Азназаргузаронӣ мумкин аст аз канор ба
марказ ба амал бароварда шавад, дар он ҳолате, ки агар маркази ҷои ҳодисаро
аниқ, кардан мумкин бошад.

53

Марҳилаи хотимавии азназаргузаронӣ вобаста ба интихоб намудани

намудҳои ҳаракат азназаргузаронӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин марҳила
алоқамандии воситаҳои дар гирду атрофи он мавҷуд буда қайд карда мешавад.
Масалан: Холчае, ки ба гардани маит гузошта шудааст. Пештахтаи тиреза, ки
изу паи ҷинояткор муайян карда шудааст ва ғайра. Ҳангоми азназаргузаронии
ҷои ҳодиса муфаттиш бояд ҳодисаи ҷиноятро муайян намояд ва ҳолатҳои
ногуворро низ бояд ба эътибор гирад. Ҳолатҳои ногувор мумкин аст дар он
ҳолатҳое шаҳодат диҳанд, ки ин ҳолатҳо аз ҷониби муфаттиш бароварда
шудаанд ва боиси гирифтори камбудиҳо гардидаанд.

Вазифаҳои асосии азназаргузаронии ҷои ҳодиса ин гирифтани

маълумотҳои умумӣ мурофиавӣ оиди ҳодисаи ҷиноят ва расмӣ гардонидани
онҳо ки ба моҳияти парвандаи тафтишшаванда аҳамият доранд. Барои самарнок
ҳал намудани ин масъала бояд чунин ҳолатҳо ҳалли худро ёбанд.

а) Бояд дар протоколи азназаргузаронӣ маълумотҳои мавҷудаи ҳодисаи

ҷиноят дуруст қайд карда шаванд.

б) Ҳангоми муайян намудан ва ёфта гирифтани изу паи ҷинояти

содиршуда бояд қайд ва расмӣ гардонида шавад.

53

Ниг.: Баев С.Я. Содержание и формы криминалистической тактики. - Воронеж, 1989. – 398с.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

214

в) Бояд аз ҷониби муфаттиш чораҳо андешида шаванд то ки вобастагии изу

пай ва далелҳои шайъи бо шакли ҷинояти содир карда муайян карда шаванд.

г) Ҷамъ намудани маълумот барои муайян намудани аломатҳои зоҳирии

шахси ҷиноятсодиркарда бо мақсади ба кофтуков эълон намудани он. Дар ин
марҳила мумкин аст чунин масъалаҳои хусуси низ ҳалли худро ёбанд.

д) Мавҷуд будани шоҳидон ва одамони дар содир кардани ҷиноят

иштирок

дошта.

е) Кадом намуди изу паи ҷиноят мумкин аст аз ҷониби иштирокчиёни

ҷинояти содиршуда гузошта шавад (шакли ҷиноят ва воситаҳои нақлиёт).

ҷ) Кадом намудҳои ҳолатҳо мумкин аст истифода бурда шаванд барои

муайян намудани тобеияти изу паи гирифташуда.

Барои ҳал намудани талаботҳои қонуни мурофиаи ҷиноятӣ бояд чунин

масъалаҳо ба инобат гирифта шаванд.

1.Ҷинояти содиршуда оё аломати ҷиноятро дорад ё ин, ки не?
2.Дар кадом шароит ва дар кадом ҳолат ҷиноят содир шудааст.
3.Муайян намудани шахсони ҷиноятсодиркарда ва ангезаи ҳаракатҳои

онҳо.

4.Муайян намудани сабаб ва асосҳои содир шудани ҷиноят.

Руйхати адабиёти истифодашуда

1.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. аз 3.12.2009,

№564 бо тағйироту иловагиҳо дар ҳолати 03 январи 2024// Ахбори Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024, № 1987

2.

Алексеев А.Н. Доказательства в уголовном процесс. - М.: Норма,

1987. 582с.

3.

Баев С.Я. Содержание и формы криминалистической тактики. -

Воронеж, 1989. – 398с.

4.

Криминалистика. /Под.ред. Митричева С.П., Шаламова. М.:

Госюриздать 1978. 673с.

5.

Уфимчев С.П. Сулочин Н.И. Следственный осмотр. - Волгоград,

1991.308с

6.

Шлифт А. А. Сущность и понятие осмотра места происшествия, и

следственные действия. - М.: Контракт, 1994. 285с.

References

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. аз 3.12.2009, №564 бо тағйироту иловагиҳо дар ҳолати 03 январи 2024// Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024, № 1987

Алексеев А.Н. Доказательства в уголовном процесс. - М.: Норма, 1987. 582с.

Баев С.Я. Содержание и формы криминалистической тактики. - Воронеж, 1989. – 398с.

Криминалистика. /Под.ред. Митричева С.П., Шаламова. М.: Госюриздать 1978. 673с.

Уфимчев С.П. Сулочин Н.И. Следственный осмотр. - Волгоград, 1991.308с

Шлифт А. А. Сущность и понятие осмотра места происшествия, и следственные действия. - М.: Контракт, 1994. 285с.