Авторы

  • Меҳробиддин Саъдуллоев
    ДДҲБСТ

Биография автора

  • Меҳробиддин Саъдуллоев , ДДҲБСТ
    магистранти соли дуюми ихтисоси 1-24.01.02 факултети ҳуқуқшиносии

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78112

Ключевые слова:

коррупсия ҷиноят амали ғайриқонунӣ муқовимат Барнома Стратегия ҳуқуқу озодиҳо падидаи манфӣ омили номатлуб

Аннотация

Коррупсия яке омилҳои номатлуб, падидаи манфӣ, поймолкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар мақола мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллиф бо истифода аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фикру ақидаи олимони ватанӣ ва хориҷӣ мавзӯи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода доир ба пешгирӣ ва паст намудани шиддати ин кирдори ҷиноятӣ таклифу пешниҳодҳоро баён намудааст.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 361 ~

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ-КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Саъдуллоев Меҳробиддин

магистранти соли дуюми ихтисоси 1-24.01.02 факултети

ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Аннотатсия:

Коррупсия яке омилҳои номатлуб, падидаи манфӣ,

поймолкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар мақола

мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллиф бо истифода аз санадҳои меъёрии

ҳуқуқӣ, фикру ақидаи олимони ватанӣ ва хориҷӣ мавзӯи мазкурро мавриди

омӯзиш қарор дода доир ба пешгирӣ ва паст намудани шиддати ин кирдори

ҷиноятӣ таклифу пешниҳодҳоро баён намудааст.

Калидвожаҳо:

коррупсия, ҷиноят, амали ғайриқонунӣ, муқовимат,

Барнома, Стратегия, ҳуқуқу озодиҳо, падидаи манфӣ, омили номатлуб

Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои мутараққии замони муосир

дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун қарор дорад ва ҷомеаи ҷаҳониро

муаммоҳои зиёде аз ҷумлаи терроризм, экстремизм, хариду фурўши одамон ва

ба инҳо монанд, ки дар байни онҳо коррупсия мавқеи махсусро ишғол

менамояд, фаро гирифтаанд. Коррупсия яке мавзуъҳои мубрами рўз ва

муаммои “сарпеч” дар замони муосир ба шумор меравад, зеро дар қатори дигар

падидаву омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста

шуда, яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ишора намудаанд, ки «Чунин як

падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои

хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро

ҳамаҷониба омўхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои

пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем».[1]


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 362 ~

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2017 дар суханронии

худ ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва

мубориза бо коррупсия зикр намуд, ки

Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки

эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш

медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки

маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмўъ, боиси

поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа

мегардад”.[2]

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии

кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи

монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.[3]

Коррупсия ин амали ғайриқонунии шахсоне мебошад, ки ба давлату

ҷамъият зарари калонро ба вуҷуд меорад. Дар ин ҷо, мазмун ва диққати асосӣ

ба калимаи зарар додан мумкин аст, зеро омили ҷойдошта имконияти

вайронкунӣ, маҳудкунӣ, ё ин ки маҳрумкуниро ба миён меорад.

Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти

он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рўзи пайдоиши давлат, то ин дам ҳамқадами

он мебошад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо тарзу усулҳои гуногун он

амалӣ мешуд.

Маҳдуд сохтани коррупсия бояд ба таври маҷмўӣ ва ҳамматарафа сурат

гирад ва азбаски сиёсати зиддикоррупсионӣ метавонад дар сатҳҳои гуногуни

ҳокимият ба зиддият рў ба рў шавад, тақозо мегардад, ки чораҳои мубориза бо

коррупсия бояд ҳамеша таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад, то ки чораҳои

каммаҳсул ошкор ва аз онҳо даст кашида шуда, ба чораҳои таъсирбахш иваз

карда шаванд.

Таҳлил нишон дод, ки таҷрибаи коррупсионӣ гуногуншакл мебошад.

Коррупсия дар тамоми шаклҳояш бояд дар қонунгузории ҷиноятӣ, маъмурӣ ва

дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дахлдор инъикос ёбад.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 363 ~

Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ

мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор

дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои

байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Дар миқёси ИДМ яке аз аввалинҳо шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми

декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар

зидди коррупсия» қабул гардид.

21 – уми июли соли 1999 тахти №1262 Фармони Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бо

коррупсия» қабул карда шуд, ки ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия

замина гузошт.

Бо нияти амалӣ сохтани асоси институтсионалии мубориза бо коррупсия

соли 2004 дар сохтори Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори

махсуси мубориза бо коррупсия ташкил шуд.

Вобаста ба вуҷуд омадани зарурият ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид

ба мубориза бар зидди коррупсия ба талаботи меъёрҳои СММ дар бораи

мубориза бар зидди коррупсия, 25-уми июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Президенти

кишвар ба имзо расид. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои

инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъиятӣ, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти

муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати

давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ,

кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия

алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои

ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян

менамояд.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид

сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб

намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои мубориза бо

коррупсия, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 364 ~

соли 2007 таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо

коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Баъди таъсиси мақомоти Агентӣ, 20 – уми апрели соли 2008 Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва

мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он вазифа,

самтҳои асосии фаъолият, принсипҳо, низом, сохтор ва ташкили фаъолият,

ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматчиёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва

мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ мемонад. Вазифаҳои

асосии Агентӣ аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани

ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои

хусусияти коррупсионӣ, инчунин гузаронидани назорати давлатии молиявӣ

иборат мебошад.

Муқовимат ба коррупсия ва таъсиси Агентӣ иродаи қатъии Пешвои

миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан

ба ҳамфикрии байни ҳамаи қувваҳои солим ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати

роҳбари давлат дар мубориза бо коррупсия мебошад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008,

таҳти

№ 34

Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2008-2012 қабул гардид. Стратегияи мазкур қисми

ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати

зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки принсип ва муносибатҳои

асосии онро муайян менамуд. Вазифаҳои асосии он аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ,

озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат

аз коррупсия; амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва

барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; муносибсозии шакл, усул ва

воситаҳои муқобилият бо коррупсия; васеъ намудани татбиқи чораҳои

пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи

шаҳрвандӣ; тавсеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии

Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия иборат буд.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 365 ~

Коррупсия ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди

бозоргонӣ, ҷалби сармоя монеа буда, ба институтҳои ҷамъиятию сиёсии давлат

таъсири манфӣ расонида, барои инкишофи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд меорад. Бо дарназардошти ин, бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, таҳти №864 Тадбирҳои иловагии

тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки ин

тадбирҳо то 30-юми августи соли 2013 амал мекарданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010,

таҳти №968 Низомномаи Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон тасдиқ шуд. Мақсади асосии ин Шуро аз инҳо иборат аст: таҳлил

ва баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва мутобиқ намудани

фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти псшгирӣ ва

мубориза бо коррупсия; мусоидат оид ба татбиқ намудани талаботи санадҳои

меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии

эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия,

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

давраи то соли 2030 ва дигар санадҳои барномавии миллии мубориза бо

коррупсия; мониторинги давлатию ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия ва

иҷрои самараноки вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар мубориза бо коррупсия ва

баҳогузорӣ намудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар

ин самт; ҷалби васеи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва

шахрвандон дар мубориза бо коррупсия; бартараф намудани таҳдидҳо ба

бехатарии иқтисодиёти миллӣ, пешгирии омилҳо ва шароитҳои ба коррупсия

мусоидаткунанда, мусоидат ба дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа ва

ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба омилҳои коррупсионӣ.

Бо мақсаду мароми паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит

барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани

некўаҳволии мардум, 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 бо

Фармони


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 366 ~

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли

2015, таҳти №587 «Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои

муқовимат ба коррупсия», ки мақсади асосии ин ҳамоҳангсозӣ, баланд

бардоштани самаранокии фаъолият ҷиҳати огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва

рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши

пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва

ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии

молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода

мешавад, мебошад.

Ҷиҳати таҳлили фаъолият (ҷой доштани хавфҳои коррупсионӣ ё не) дар

ташкилотҳо раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба

коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва

ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири

онҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016,

таҳти №465 «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили

фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» тасдиқ гардид. Методологияи мазкур

асосҳои ташкилӣ ва методии раванди таҳлили хавфҳои коррупсияро дар

вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти

худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони

хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии онҳоро ҳиссаи давлат

ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои

ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди

Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, муқаррар менамояд.[4, С 267]

Баҳри ҷамъоварӣ ва ташаккули маълумоти оморӣ оид ба вазъи пешгирӣ,

ошкоркунӣ,

бақайдгирӣ,

кушодан,

рафъ

намудан

ва

тафтиши

ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ҳолати таҳқиқу тафтиш ва баррасии судии

парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва муайян


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 367 ~

намудани вазъи мубориза бо ин намуд ҷиноятҳо бо мақсади таъминоти ҳуқуқӣ -

иттилоотии мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2018, таҳти №253

«Методологияи мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия»

тасдиқ гардид. Мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия аз

ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда

мешавад.

7 августи соли 2020 бори сеюм дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Точикистон

«Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қабул гардид. Ин Қонун аз қонунҳои

зиддикоррупсионии қаблан қабулгардида ба таври куллӣ тафовут дошта,

субъектҳои муқовиматбаранда ба таври васеъ муқаррар шудаанд. Мутобиқи

муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур субъектҳои муқовимат ба коррупсия аз

субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар

муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, иборат мебошанд. Минбаъд, дар

муқовимат ба коррупсия тамоми қишрҳои ҷомеа масъул мебошанд.

Айни замон, барномаи давлатии муқовимат ба коррупсия - Стратегияи

давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то

соли 2030 маҳсуб меёбад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 тасдиқ гардидааст.

Баҳри танзими қоидаҳои таҳия ва пешбурди ҳисоботи оморӣ оид ба

натиҷаҳои назорати прокурории амалисозӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия", фаъолияти мақомоти ҳифзи

ҳуқуқ оид ба баррасии муроҷиатҳо ва маълумот дар бораи ҷиноятҳои хусусияти

коррупсионидошта,

ошкоркунӣ

ва

тафтиши

ҷиноятҳои

хусусияти

коррупсионидошта, категорияҳои шахсони чунин ҷиноятҳоро содирнамуда,

натиҷаи баррасии судии чунин парвандаҳои ҷиноятӣ, татбиқи ҷазои ҷиноятӣ ва

категорияҳои шахсони барои содиркунии чунин ҷиноятҳо маҳкумшуда,

инчунин

тартиби

баҳисобгирӣ

ва

пешбурди

ҳисоботи

омории

ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, шахсони онҳоро

содирнамуда ва феҳристи чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, бо қарори Ҳукумати


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 368 ~

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми октябри соли 2022, таҳти №506 «Тартиби

баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд» тасдиқ шудааст.

Тартиби мазкур ба ҳуқуқвайронкуниҳои интизомӣ ва граждании ба коррупсия

алоқаманд татбиқ нагардида, он аз 1-уми январи соли 2023 мавриди амал қарор

дода шудааст.

Новобаста аз чунин чораандешиҳо, гуфтан ғайриимкон аст, ки пурра

решакан намудани коррупсия имконпазир аст, зеро он дорои латентнокии

баланд мебошад, яъне ин ҷиноят нисбати содиршавиашон камтар дар мақомоти

ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта мешаванд, зеро дар асл ҳам порадиҳанда ва ҳам

порагиранда кўшиш мекунанд, ки ин кирдор пинҳонӣ содир шавад ва сирри

миёни тарафҳо боқӣ монад. Аз ин ҷо бармеояд, ки тарафҳо барои ошкор

гардидани кирдорҳои пинҳониашон ҳавасманд намебошанд.

Мавқеи муқовимат ба коррупсияи ин ё он давлат – аз сиёсати

зиддикоррупсионии он вобастагӣ дорад. Сиёсати зиддикоррупсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи ҳокимият дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади паст намудани сатҳи амалҳои

коррупсионӣ ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва

давлат аз таҳдидҳои бо коррупсия алоқамад мебошад.

Гуфтаҳои боло аз он далолат медиҳанд, ки муқовимат ба коррупсия ин

амали дастаҷамъии тамоми қишрҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби давлат

тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию сохторӣ муҳайё карда

шудааст, мо аҳли ҷомеаро мебояд, ки бо ин зуҳуроти номатлуб муқовимати

дастаҷамъона нишон диҳем ва баҳри ободиву пешрафт ва ояндаи босаодати

давлату миллати худ саҳм гузорем.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:

1.

Эмомалӣ Раҳмон. Баҳри волоияти қонун, манфиатҳои давлат ва

ҳуқуқи шаҳрвандон. Маърўза дар ҷамъомади кормандони мақомотҳои ҳифзи

ҳуқуқ бахшида ба 80-солаги мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон//

«Народная газета», соли 2005, №1.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 369 ~

2.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати

10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо

коррупсия (10 январи соли 2017) // Сомонаи интернетии

www.prezident.tj

.

Санаи муроҷиат: 01.01.2024.

3.

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 3 августи соли 2021, №222

4.

Сиёсати зиддикоррупсионӣ. Воситаи таълимӣ. // Зери таҳрири Ф.Р.

Шарифзода, С.Ҳ. Ҳусейнзода. «Ирфон». – Душанбе, 2018. - 800 с.

Библиографические ссылки

Эмомалӣ Раҳмон. Баҳри волоияти қонун, манфиатҳои давлат ва ҳуқуқи шаҳрвандон. Маърўза дар ҷамъомади кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба 80-солаги мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон// «Народная газета», соли 2005, №1.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (10 январи соли 2017) // Сомонаи интернетии www.prezident.tj. Санаи муроҷиат: 01.01.2024.

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 3 августи соли 2021, №222

Сиёсати зиддикоррупсионӣ. Воситаи таълимӣ. // Зери таҳрири Ф.Р. Шарифзода, С.Ҳ. Ҳусейнзода. «Ирфон». – Душанбе, 2018. - 800 с.