Авторы

  • Ҷамолиддин Абдукаримов
    Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Биография автора

  • Ҷамолиддин Абдукаримов , Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
    н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷикии

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78102

Ключевые слова:

Мунтахаб ут-таворих” Муҳаммад Ҳакимхон Умархон Муҳаммадалихон Раҷабқушбегӣ хонигарии Қӯқанд

Аннотация

Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи нақши тоҷикон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳарбии хонигарии Қӯқанд меравад. Вазъи сиёсӣ ва ҳарбии хонигарии Қӯқанд ва иштироки фаъоли тоҷикон дар он тибқи маълумоти “Мунтахаб ут-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 268 ~

НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ ВА ҲАРБИИ ХОНИГАРИИ

ХУҚАНД ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

(тибқи маълумоти “Мунтахаб ут-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон)

Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич

н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Б. Ғафуров

Аннотатсия:

Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи нақши тоҷикон дар

ҳаёти сиёсӣ ва ҳарбии хонигарии Қӯқанд меравад. Вазъи сиёсӣ ва ҳарбии

хонигарии Қӯқанд ва иштироки фаъоли тоҷикон дар он тибқи маълумоти

“Мунтахаб ут-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон мавриди баррасӣ қарор

гирифтааст.

Вожаҳои калидӣ.

“Мунтахаб ут-таворих”, Муҳаммад Ҳакимхон, Умархон,

Муҳаммадалихон, Раҷабқушбегӣ, хонигарии Қӯқанд

Яке аз сарчашмаҳои нодири таърихӣ “Мунтахаб-ут-таворих” ба ҳисоб

рафта, соли 1843 дар шаҳри Китоб аз ҷониби Муҳаммад Ҳакимхон ибни

Маъсумхон таълиф шудааст. Асари мазкур аз панҷ боб, дувоздаҳ тоифа (фасл)

иборат буда, ҳудуди хронологии он аз “офариниши олам” то оғози солҳои 40-

уми асри XIX-ро дарбар мегирад.

Тоифаи дувоздаҳуми боби панҷуми китоби мазкур ҳаҷман хеле калон буда,

қариб аз нисф зиёди асарро дар бар гирифта, ба таърихи хонигарии Хуқанд ва

давлатҳои ҳамҷавори он бахшида шудааст. Омӯзиши “Мунтахаб-ут-таворих”-и

Муҳаммад Ҳакимхон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар асари мазкур на танҳо

роҷеъ ба муносибатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, балки дар

бобати хусусиятҳои хоси яке аз ҷузъҳои асосии давлатдорӣ- сохтори идораи

маъмурии хонигарӣ ва нақши тоҷикон дар он маълумоти пурарзиш оварда

шудааст. Маълумоти дар ин бобат овардаи Муҳаммад Ҳакимхон хеле дақиқу

саҳеҳ мебошанд, зеро ӯ бо хонҳои Хуқанд робитаҳои хешутаборӣ дошта,


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 269 ~

муддати кӯтоҳ бошад ҳам дар корҳои идораи мамлакат бевосита ширкат

варзида буд [8, 25].

Муаллифи асар Муҳаммад Ҳакимхон дар шаҳри Қӯқанд таваллуд шуда,

падараш Маъсумхон аз авлоди намояндаи маъруфи тариқати тасаввуфи асри

XVI Махдуми Аъзам буд ва дар доираи аҳли дарбор, мансабдорони олимақоми

дунявӣ ва динии хонигарӣ обрӯ ва нуфузи зиёд дошт. Муҳаммад Ҳакимхон аз

ҷониби модар ба хони Хуқанд Норбутабӣ (1770-1799) набера ва ба ворисони ӯ

Олимхон (1799-1810) ва Умархон (1810-1822) хоҳорзода ба ҳисоб мерафт.

Ҳанӯз дар давраи ҷавонӣ Муҳаммад Ҳакимхон ҳамроҳи тағоҳояш дар

муҳорибаҳои ҳарбӣ иштирок кардааст. Ширкат дар шабнишиниҳои адабӣ,

мулоқот бо шоирон, адибон, уламо ва маросими дигари дарбор дар ташаккули

шахсияти ӯ таъсири калон расонид.

Дар аҳди Олимхон аҳамияти сиёсии хонигарӣ дар натиҷаи муттаҳид

намудани Фарғона, ҳамроҳ карда шудани Тошканд ва Чимкент афзуд.

Махсусан шаҳру водиҳои Оҳангарон, тамоми вилояти Тошканд, инчунин

Сайрам- марказҳои муҳими роҳи корвонгузари ҷониби Русияро тобеъ

гардонидани Умархон аҳамияти калон дошт. Баъди забти Тошканд аз лиҳози

иқтидор ва вусъати сарзамини худ Олимхон бо амири Бухоро баробар гардид.

Дар ин қаламрав намояндагони сулолаи Минг то ибтидои асри XIX

ҳукмронӣ намуда унвони “бӣ”-ро доштанд. Соли 1805 Олимхон ба таври расмӣ

рутбаи хонро қабул намуд ва кишвари Фарғона хонии Қӯқанд ном гирифт.

Хонҳои Хуқанд мунтазам аз ҳуҷуми қавми қипчоқ дар ҳарос буданд.

Қипчоқҳо бештар бо қавми қирғиз робитаҳои наздик дошта, бодиянишинӣ

мекарданд. Қисми асосии онҳо дар минтақаҳои Шаҳрихон, Балиқчӣ, байни

дарёи Сиёҳ ва Норини водии Фарғона сукунат доштанд. Бо мақсади раҳоӣ аз

ҳуҷумҳои пайдарпайи қавми қипчоқ хонҳои Хуқанд, аз ҷумла Олимхон қувваи

ҳарбии худро аз ҳисоби тоҷикони куҳистон ва мардуми Шарқи Миёна, ки онҳо

бо мардуми маҳаллӣ ягон робита надоштанд, ташаккул медод.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар аҳди Олимхон қисми асосии

қӯшуни хонигарӣ аз ҳисоби ҳарбиёни пуртаҷриба ташкил гардида, онҳоро


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 270 ~

“гала-баҳодурон” меномиданд. Хони Хуқанд дар пахши исёну ошӯбҳо, ки дар

минтақаҳои гуногуни қаламрави мамлакат ба вуқӯъ мепайвастанд, бештар ба

онҳо такя мекард. Инчунин Олимхон бо мусоидати ҷонибдоронаш, ки

баромадашон аз тоҷикони Куҳистон буд ва нисбати онҳо таваҷҷӯҳи махсус

зоҳир менамуд, ду дастаи нави ҳарбӣ таъсис кард: дастаи якум аз 3700 нафар

ҷавонмардони қаротегинӣ ва дастаи дувум аз 2200 нафар дарвозиҳо,

бадахшониҳо, шуғнониҳо, рушониҳо, гунтҳо ва эрониҳо иборат буд. Дастаҳои

мазкур аз ҳисоби хазинаи хон бо маош, либос, аслиҳа таъмин гардида, қисме аз

онҳо ҳатто барои таъмини бехатарии дарбор сафарбар гардида буданд ва онҳо

дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи “мирбачаҳо”, “бекбачаҳо” ёдовар гашта,

нисбат ба онҳо этноними “тоҷик”-ро истифода менамуданд[1, 95].

Яке аз сабабҳои асосии ба мардуми куҳистонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир

кардани хонҳои Хуқанд дар он буд, ки роҳбарони қӯшун таълиму тарбия ва

таҷрибаи кофии ҳарбӣ надоштанд. Дар ин давра нафақат дар хонигарии

Хуқанд, балки дар қаламрави ягон хонигарии Осиёи Миёна марказҳои таълими

ҳарбӣ мавҷуд набуд [6, 35].

Муаллифи “Мунтахаб –ут -таворих” Муҳаммад Ҳакимхон зулму истибдод

ва ҷангҳои ғоратгаронаи ин давраро маҳкум карда бошад ҳам, баъзе иқдомҳои

хони Хуқанд Олимхон, аз ҷумла муборизаи ӯро зидди хурофот дастгирӣ

менамояд. Тадбирҳои андешидаи Олимхон боиси ба вуҷуд омадани зиддияту

мухолифат байни ҳукумати ӯ ва ашрофи маҳаллию рӯҳониён гардид. Вақти

бозгашт аз лашкаркашии навбатӣ ба шаҳри Тошканд Олимхон дар мавзеи

Олтинқуш аз ҷониби хоини андиҷонӣ Қамбар Мирзо кушта шуд. Ҳамин тариқ

кӯшишҳои Олимхон барои бартараф намудани парокандагии феодалӣ, бидъату

хурофот ва бунёди давлати мутамаркиз бо фоҷеа анҷом ёфт [8, 186].

Дар ибтидои асри XIX дар сохтори идораи хонигарӣ ислоҳоти гуногун

амалӣ гардид. Иқдомҳои Олимхонро дар самти мустаҳкам намудани ҳокимияти

марказӣ ва васеъ намудани ҳудуди давлат бародараш Умархон (1810-1822)

идома дода, дар бунёди давлати мутамаркиз кӯшиш ба харҷ дод. Баъди ба сари

қудрат омадан Умархон бо давлатҳои гуногун робитаҳои тиҷоратӣ ва


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 271 ~

дипломатиро ба роҳ монда, ҳокимияти марказиро такмил дод, як чанд унвону

мансабҳои навро ҷорӣ намуд. Масалан, ӯ мансаби мингбоширо, ки пас аз хон

дар мамлакат шахси дувум ба ҳисоб мерафт, таъсис намуд. Мувофиқи

маълумоти Маҳаммад Ҳакимхон то давраи ҳукмронии Умархон вазифаи

сарвазириро шахси ба мансаби қушбегӣ таъингардида дар ӯҳда дошт [6, 26]

Муаллифи “Мунтахаб- ут- таворих” дар баробари инъикоси воқеаҳои

сиёсӣ, ҳарбӣ, тарзи ташкили лашкар ва идоракунии он, инчунин дар бораи

шахсиятҳои машҳури ин давра маълумот додааст, ки онҳо дар силсилаи

мартабҳои (иерархияи) дарбор, умури давлатдорӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ мақом ва

нуфузи зиёд доштанд.

Яке аз чунин шахсиятҳои маъруфи ҳаёти сиёсии хонигарии Хуқанд дар

нимаи аввали асри XIX Раҷабқушбегӣ аз тоҷикони куҳистонӣ буд, ба ҳисоб

меравад. Муҳаммад Ҳакимхон дар рафти баёни воқеаҳои муҳимми сиёсии

хонигарии Хуқанд дар аҳди Олимхон ва Умархон доир ба фаъолияти густурдаи

ҳарбии Раҷабқушбегӣ маълумоти хеле фаровону дақиқ додааст. Дар асар

муаллиф дар баъзи мавридҳо ӯро Раҷабдевонбегӣ ном бурдааст. Шояд он бо

ислоҳоти дар самти идоракунии маъмурии мамлакат татбиқ намудаи Умархон

вобаста аст.

Дар мисоли фаъолияти сиёсӣ ва ҳарбии Раҷабқушбегӣ мо доир ба нуфуз ва

мақоми баъзе шахсиятҳои маъруфи хонигании Хӯқанд аз байни қавму

халқиятҳои гуногун аз ҷумла тоҷикон маълумоти ҷолиб пайдо карда метавонем,

ки то ҳол роҷеъ ба ин масъала махсусан шахсияту фаъолияти Раҷабқушбегӣ

татқиқотҳои махсус анҷом дода нашудаанд.

Муҳаммад Ҳакимхон ҳангоми тасвири муборизаи Олимхон бар зидди

ҳокими онвақтаи мулки Тошканд Юнусхоҷа доир ба далерию шуҷоат ва

мардонагии Раҷабкушбегӣ маълумот додааст. Олимхон пас аз забти дубораи

вилояти Чуст Раҷабқушбегиро бо лашкари зиёд ба самти шаҳри Ҳуҷанд

фиристода буд. Дар ҳамин вақт ҳокими шаҳри Тошканд Юнусхоҷа баъди

музаффарият бар Хонхоҷа ба забти мамлакати Хуқанд пардохт. Юнусхоҷа

Ҳошимҷон ном писаре дошт ва мехост ӯро бо шаҳомати бузург хонадор кунад.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 272 ~

Аммо барои гузаронидани он маблағи кофӣ надошт. Рӯзе Юнусхоҷа амр кард,

ки лашкар ба ҷанг омода шаванд, тӯйи Ҳошимҷонро пас аз фатҳи Хуқанд дар

он ҷо баргузор менамоем. Бо ҳамин мақсад Юнусхоҷа бо воситаи роҳи Қурама

аз куҳ гузашта, ба мавзеи Ашт расид. Вақте хабари мазкур ба гӯши Олимхон

расид, чопарҳоро ба назди Раҷабқушбегӣ фиристод. Раҷабқушбегӣ пас аз

шунидани ин хабар Хуҷандро гузошта дар як шаб ба мавзеи Ғурумсарой расид.

Дар ин вақт писарони Хонхоҷа Юсуфалихоҷа ва Юнусалихоҷа барои

гирифтани қасди падар аз Юнусхоҷа фурсати муносибро интизор буданд ва

онҳо низ дар майдони ҷанг ҳозир гаштанд. Вақте Юнусхоҷа аз мавзеи Ашт ба

Ғурумсарой мерафт лашкари Хуқанд аз чапу рост ба онҳо ҳамла намуданд. Пас

аз муҳорибаи зиёд насими зафар ба ҷониби Олимхон вазид [9, 61]. Муҳаммад

Ҳакимхон менависад, ки дар ҳамон муҳориба Раҷабқушбегӣ бо лашкари тоҷик

ва Юсуфалихоҷа ва Юнусалихоҷа намунаи мардиро нишон доданд.

Маълумоти “Мунтахаб- ут -таворих”-ро оид ба вазъи сиёсии хонигарии

Хуқанд дар нимаи аввали асри XIX ва як мушоҳидаи хеле муҳими муаллифи

онро таъкид кардан зарур аст: Раҷабқушбегӣ ва мардуми куҳистонӣ дар ҳайати

лашкари Хуқанд нисбат ба хон садоқату мардонагӣ нишон дода бошанд ҳам,

Олимхон онҳоро дар роҳи манфиатҳои шахсии худ истифода намуда, бо ёрии

онҳо мулкҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна аз ҷумла Хуҷанду Уро-теппа

тасарруф намудааст, вале нисбат ба онҳо беэтиноӣ зоҳир намуд. Шояд барои

ҳамин Раҷабқушбегӣ аз хизмати Олимхон даст кашида, ба аморати Бухоро

назди амир Ҳайдар (1800- 1826) рафта буд.

Пас аз чанд рӯзи ба сари қудрат омадан Умархон нисбат ба

Раҷабдевонбегӣ (Раҷабқушбегӣ- А.Ҷ.) меҳрубонии подшоҳона намуда ӯро ба

вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд таъин намуд [9, 128].

Муҳаммад Ҳакимхон дар зикри лашкар кашидани Умархонро ба савби

Дашти Қипчоқ ва фатҳ кардани Туркистон доир ба шуҷоату мардонагии

Раҷабдевонбегӣ чунин ёдовар шудааст: (амир Умархон- А.Ҷ.) соли дигар ба

вақти фасли баҳор бо лашкари Фарғона мутаваҷеҳи Тошканд шуд. Чун аз дарёи

Сайҳун убур намуда ва аз кӯҳу давон гузашта, дар вилояти Қурама бар чулгоҳи


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 273 ~

Оҳангарон ворид гардид ва аз он ҷо кӯч намуда, дар вилояти Тошканд нузули

иҷлол фармуд ва Раҷабдевонбегӣ тариқи хизматкорӣ ва меҳмондориро бояду

шояд ба ҷо овард. Дар он вақт қалъаи Ясси, ки ҳоло ба Туркистон иштиҳор

дорад ва қабри султонулавлиё Хоҷа Аҳмади Яссавӣ он ҷо аст, дар таҳти

тасарруфи амир Ҳайдар подшоҳ буд. Амир Умархон хост, ки он вилоятро

тасхир намояд, ба умаро машварат андохт. Дар он миён Раҷабдевонбегӣ аз миён

бархост. Арза намуд, ки агар ҷаноби ҳазрати ҷаҳонпаноҳиам бандаро аз

ҳукумати Тошканд азл намоянд, ба остонабӯсии худ дар Хуқанд баранд, банда

иншооллоҳи таоло мутасаддии фатҳи он вилоят хоҳам шуд. Амир Умархон

сухани ӯро қабул намуд. Билотаваққуф мутаваҷеҳи он вилоят гардид. Чун аз

вилояти Тошканд берун шуд, Раҷабдевонбегиро пешҷанг сохта, рухсати иҷозат

дод ва худ аз ақиби ӯ саворӣ намуд. Чун Раҷабдевонбегӣ бо лашкари ҷаррори

кинагузор мутаваҷеҳи Ясси шуд, даҳрӯза роҳро дар се шабу рӯз дар ғояти

таъҷил қатъ намуда нимишабӣ аз як фарсах замин сипоҳро пиёда карда, ба

оҳистагӣ мутаваҷеҳи қалъа шуд. Қабл аз дамидани субҳи содиқ наздики он

вилоят расиданд. Чун ба дарвоза расиданд, диданд, ки дарвозабонро хоби

ғафлат рабуда аст, чанде аз муборизон ба чандин найранг нардбонро ба қалъа

чунон часбониданд, ки нақли сангбанди манори Бухоро аз хотири мардум маҳв

шуд ва худро поя- поя болои қалъа гирифтанд ва ба зер андохтанд, ба

дарвозахона расиданд ва дарвозабононе ки дар хоби ноз ғунуда буданд, ҳамаро

ба теғи бедареғ чунон хобониданд, ки то қиёмат аз ҷой бар нахезанд ва хотири

худро аз шарри эшон фориғ сохта, дарвозаро бар рӯи Раҷабдевонбегӣ боз

карданд. Билотаваққуф худро ба мазори ҳазрати қутбулақтобӣ гирифтанд ва он

буқъае аст, ки аз биноҳои амир Темури соҳибқирон, ки дар ғояти баландӣ, ва

ҳар кас худро дар он макон гирифт, шаҳр аз они он кас мебошад. Чун мардуми

шаҳр ва лашкариёни бухорӣ аз ин мансубаи фалак вуқуф ёфта, ангушти ҳайрат

ба дандон газиданд ва намедонистанд, ки чӣ илоҷ кунанд. Ҳайрону саргардон

мебуданд ва лашкари Фарғона даст ба қатлу тороҷ боз карданд ва чунон

турктозӣ карданд, ки як порчаи латтаи кӯҳна ба назди эшон аз ҷомаи кимхоб

бақадртар буд, агар иттифоқо аз барои умеди савоб касе куртаи кӯҳна медод,


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 274 ~

дар миёни эшон ба талош меафтод. Чун Раҷабдевонбегӣ аз тасхири вилоят

фориғ шуд, ба хизмати амир Умархон севанчӣ гӯён кас фиристод ва амир

Умархон баъд аз ду рӯз ба он вилоят ворид гардид... Гӯянд, дар он ҷо деге аст,

дар камоли бузургӣ. Мувофиқи нияти ҳар кас пур мешавад. Чунончи гӯянд, яке

аз бузургони Дашти Қипчоқ панҷсад гусфанд ба он дег забҳ карда андохтанд,

пур нашуд ва дигаре ба панҷ гусфанд пур сохт ва амир Умархон ба ҳафтод

гусфанд пур кард. Ин сухан дар тамоми Мовароуннаҳр шӯҳрате дорад ва аммо

ба назди фақир (муаллифи “Мунтахаб-ут-таворих”- А.Ҷ.) эътибор надорад. Чун

амир Умархон дар тамоми вилояти Дашти Қипчоқ аз Ӯкузтоқ то лаби дарёи

ҳазар фармонфармо гашт ва ҳукумати Яссиро ба Шайх Бадал Мирзо тафвиз

намуд. Худ ба ҷониби Хуқанд муроҷаат карда, чун ба вилояти Тошканд расид,

ба ваъдаи худ вафо намуда, Раҷабдевонбегиро азл намуда ва ба лашкари

девонбегӣ тафвиз намуд ва худ бо фатҳу нусрат рӯй ба мақсуд овард [9,133-

136].

Раҷабқушбегӣ солҳои зиёд барои мустаҳкам намудани мавқеи хонигарӣ

истодагарӣ намуда, мардонагию ҷасорат нишон дода буд, аммо дар натиҷаи

фитнаву адовати шахсони алоҳидаи дарбори Хуқанд, ки шӯҳрату шаҳомати ӯро

дида наметавонист, дар мавзеи Ахси ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.

Муҳаммад Ҳакимхон қатли Раҷабқушбегиро чунин баён намудааст: “Чун чанде

бар ин бигзашт дар он аср чанде аз фитнаҷӯёну нотавонбинон мукаррар ба

гӯши амир Умархон расониданд, ки Раҷабқушбегӣ (девонбегӣ) дар ин

пиронсолӣ аз ҷодаи худ мунҳариф шуда, намакҳаромиро пешаи худ сохта, ба

писарони Олимхон, ки дар вилояти Қаротегин ба дасти шоҳ Абдулазизхон

мебошанд, зимнан кас фиристода, аз салтанати дорулмулки мамлакати Хуқанд

умедвор гардонидааст”. Амир Умархон чун ин сухан аз ҳасудон шунид,

дарошуфт ва эшонро аз маҷлис дур андохт. Баъд аз чандин вақт он пирон

фурсат ёфта, ин муқаддамаро боз гӯшраси амир карданд. Амир боз тағофул

варзид. Сухани эшонро масмӯъ нафармуд. Боз фурсат ёфта, аз ин моҷаро

гузашта боз он иблистинатон ба сари ҳамон сухан гузашта, омада карданд ва ба

чандин шайтанат аз роҳи макру тазвир даромад карда, як чиз табъи амир


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 275 ~

Умархонро аз Раҷабқушбегӣ мунҳариф гардониданд. Он бебокон донистанд, ки

тадбирашон мувофиқи тақдир хоҳад афтод. Миёнро аз ҳазор ҷо баста, ба ин

амри номуносиб иқдом намуданд.

Қитъа:

Ғаразгӯён чу бо ҳам ёр гарданд,

Азизон бе ҷиноят хор гарданд.

Хушомадгӯ гар аз дунё барафтад,

Ҳалал дар кори шоҳон камтар афтад.

Алқисса, рӯзе китобате аз забони Раҷабқушбегӣ ба номи писарҳои

Олимхон навиштанд ва мӯҳре ба номи Раҷабқушбегӣ аз собун канда, ба он хат

зер карда, китобатро ба амир Умархон мунтазир гардониданд. Ду дуздро ҳам

ҳомили руқъа гуфта, ҳамроҳи хат оварданд ва таълим доданд, ки он кас гуяд, ки

ин сухани ҳақ аст, он дуздон аз тарс ҳамчунин мегуфт. Алқисса, чун чашми

амир ба он хат афтод, ангушти хайрат ба дандон газида, дар баҳри тафаккур

фурӯ рафт ва намедонист, ки ин муаммои сарбастаро ба кӣ тақрир кунад.

Билохир ба ҷаноби қиблагоҳам (падари Муҳаммад Ҳакимхон- Маъсумхон-

А.Ҷ.) изҳор кард ва ҷанобашон ҳам ҳамла ба сухани бадгӯён карданд ва бисёр

монеъ омаданд. Аммо аз он ҷо ки маа он ду дузди таълимӣ ба амир Умархон

коргар шуда буд, ба ҳеч ваҷҳ Раҷабқушбегиро ба ҳалолӣ ҳукм карда намешуд,

бал истиҳолаи дигар ҳам дошт. Чун ҷаноби қиблагоҳам табъи амирро ба ӯ

мунҳариф мутолеа фармуданд, лоилоҷ ба ризои амир нигоҳ карданд.... Алқисса

амир рӯзе дар ҳарам нишаста мусаллас мехӯрд.

Ғайр аз фақир ва Муҳаммадалихон касе дар пеши ӯ ҳозир набуд. Дар ин

айни мастӣ Муҳаммадалихонро фармуд, ки Раҷабқушбегиро биёр.

Муҳаммадалихон берун давид. Фақир ба хизмат соқӣ будам. Рӯ ба фақир овард.

Ба забони туркӣ гуфт: “Ит Раҷаб келса, мандин бохабар бӯл”. Шамшери худро

аз мех гирифта, ба зонуи худ монд. Чун фақир аз забони амир ин суханро

шунидам, ларза ба андомам афтод ва ҳазор бор даст аз зиндагии он бегуноҳи

қадрдон шустам. Гуфтам:

Қитъа:


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 276 ~

Шаҳо, олам андар паноҳи ту бод,

Замину замон некхоҳи ту бод.

Калиди дари фатҳ бодат ба даст,

Сари душманон зери пойи ту бод.

Ва дар он ҳин буд, ки Раҷабқушбегӣ омад ва ба ду зонуи одаб нишаст. Шоҳ

ва вазир ба якдигар сухан мекарданд. Боз бар сари ҳамон сухани гузашта омад

ва Раҷабқушбегӣ ба аҳду паймон муболиға менамуд ва далерона сухан мегуфт

ва ин байтро Раҷабқушбегӣ мукаррар мехонд:

Байт:

Машнав сухани ҳар касу бишнав сухани ман,

К- арбоби ғаразрост ба ҳар боб суханҳо.

Баъд аз гуфтугӯи бисёр хилъати маликонаи худро аз бар кашида, ба

Раҷабқушбегӣ инъом фармуд ва рухсати иҷозат дод ва Раҷабқушбегӣ дар ғояти

хурсандӣ ба хона мураххас шуд... Дар он вақт Ирназардевонбегиро аз ҳукумати

вилояти Қурама азл намуда, вилояти Тӯрақурғон ва Намангонро ба ӯ тафвиз

намуд. Раҷабқушбегӣ ва Эшони уроқи калонро ҳукм намуд, ки

Ирназардевонбегиро ба вилояти Тӯрақурғон бурда, насб гардонанд.

Чун эшон аз хизмати амир Умархон рухсати иҷозат ёфтанд, дар он вақт

амир ба Ирназардевондегӣ фармуд, ки Раҷабқушбегиро дар он ҷониб ҳалок

кунад. Умаро мутаваҷеҳи он савб гаштанд. Баъд аз таи масофат аз дарёи

Сайҳун убур намуда, дар мавзеи Ахсӣ нузул фармуданд. Чун ним аз шаб

гузашта буд, ки Ирназардевонбегӣ чаҳор ҷаллоди бебокро амр кард. Он

бераҳмон ба сари он бегуноҳ омада, ба фатилаи туфанг хафа карда, ҳалок

намуданд. Ба ҷувол андохта, дар он нимишабӣ ба дарёи Сайҳун андохтанд.

Байт:

Ба тунди сабук даст бурданд ба теғ,

Ба дандони газӣ пуст дасти дареғ.

Чун ин хабари ғамандӯз баъд аз се рӯз бар тамоми вилояти Хуқанд

мунташир шуд, ҳама ангушти ҳасрат ба дандон газиданд ва афсӯс мехӯрданд ва


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 277 ~

муддати умраш шасту шаш сол буд. Дар он вақт Мавлоно Ҳозиқ таърихи ӯро

некӯ гуфта, ин аст:

Килки девони қазояш пайи таърих бигуфт,

Зад рақам марги Раҷаб хаждаҳуми шаҳри раҷаб [9, 216-220].

Моддаи таърих 1232-ро медиҳад, яъне соли 1816 милодӣ. Мувофиқи

маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон Раҷабқушбегӣ шасту шаш сол тақрибан

солҳои 1750- 1816 зиндагӣ ва фаъолият намудааст.

Пайнавишт:

1. Бабаджанов Б. Кокандское ханство: власть, политика, религия. – Токио-

Ташкент, 2010. – 743 с.

2. Бейсембиев Т.К. “Таърихи Шахрухи” как исторический источник/

Бейсембиев Т.К.- Алма-Ата.- 1987.- 200 с.

3. Бобобеков Ҳ.Н. Қӯқон тарихи/ Бобобеков Ҳ.Н.- Тошкент, 1996.- 200 с.

4. Воҳидов Ш., Холиқова Р. Марказий Осиёда давлат бошқаруви

тарихидан (XIX- XX аср бошлари)/ Воҳидов Ш., Холиқова Р.- Тошкент, 2006.-

72 с.

5. Зимин Л. Первые шаги Алимхана на государственном поприще / Зимин

Л.// Протоколы заседаний и сообщения членов любителей археологии (1 апреля

1913 г.- 11 декабря 1913 г.).- Год семнадцатый.- Вып. 2.- Ташкент, 1913.- 101-

108 стр.

6. Иванов П.П. Очерки по истории Средней Азии/ Иванов П.П.- М.,1958.-

234 с.

7. Йӯлчи Қосимов. Қӯқон хонлиги тарихи очерклари / Йӯлчи Қосимов.-

Тошкент-Намангон, 1994.-78 с.

8. Маҳмудов Ш. “Мунтахаб-ут-таворих”- Қӯқон хонлиги давлат

бошқарувига оид муҳим манба// Профессор Ҳамид Сулаймон номли ре

спублика

ёш

манбашинослари

ва

матншиносларининг

Ӯзбекистон

Республикаси Мустақиллигининг 15 йиллигига бағишланган илмий анжумани

материаллари/ Маҳмудов Ш.- Тошкент, 2006.- 72 с.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 278 ~

9. Муҳаммад Ҳакимхон, «Мунтахаб- ут- таворих» (Ба чоп њозиркунанда,

муаллифи сарсухан ва фехристи асар Е. Кавахара ва К. Хонеда) / Муҳаммад

Ҳакимхон.- Токио, 2006.- 716 с.

10. Мухтаров, А. Очерки истории Уратюбинского владения в XIX в / А.

Мухтаров.- Душанбе, 1964.- 200 с.

11. Хотираҳои Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи Русия (баргардонанда аз

ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ ба кириллӣ, ба чоп ҳозиркунандаи матн, муаллифи

муқаддима, луғатнома, феҳрист ва замима Ҷамолиддин Абдукаримов) / Ҷ.

Абдукаримов.- Хуҷанд: Ношир, 2013.- 104 с.

Библиографические ссылки

Бабаджанов Б. Кокандское ханство: власть, политика, религия. – Токио-Ташкент, 2010. – 743 с.

Бейсембиев Т.К. “Таърихи Шахрухи” как исторический источник/ Бейсембиев Т.К.- Алма-Ата.- 1987.- 200 с.

Бобобеков Ҳ.Н. Қӯқон тарихи/ Бобобеков Ҳ.Н.- Тошкент, 1996.- 200 с.

Воҳидов Ш., Холиқова Р. Марказий Осиёда давлат бошқаруви тарихидан (XIX- XX аср бошлари)/ Воҳидов Ш., Холиқова Р.- Тошкент, 2006.- 72 с.

Зимин Л. Первые шаги Алимхана на государственном поприще / Зимин Л.// Протоколы заседаний и сообщения членов любителей археологии (1 апреля 1913 г.- 11 декабря 1913 г.).- Год семнадцатый.- Вып. 2.- Ташкент, 1913.- 101-108 стр.

Иванов П.П. Очерки по истории Средней Азии/ Иванов П.П.- М.,1958.- 234 с.

Йӯлчи Қосимов. Қӯқон хонлиги тарихи очерклари / Йӯлчи Қосимов.- Тошкент-Намангон, 1994.-78 с.

Маҳмудов Ш. “Мунтахаб-ут-таворих”- Қӯқон хонлиги давлат бошқарувига оид муҳим манба// Профессор Ҳамид Сулаймон номли ре спублика ёш манбашинослари ва матншиносларининг Ӯзбекистон Республикаси Мустақиллигининг 15 йиллигига бағишланган илмий анжумани материаллари/ Маҳмудов Ш.- Тошкент, 2006.- 72 с.

Муҳаммад Ҳакимхон, «Мунтахаб- ут- таворих» (Ба чоп њозиркунанда, муаллифи сарсухан ва фехристи асар Е. Кавахара ва К. Хонеда) / Муҳаммад Ҳакимхон.- Токио, 2006.- 716 с.

Мухтаров, А. Очерки истории Уратюбинского владения в XIX в / А. Мухтаров.- Душанбе, 1964.- 200 с.

Хотираҳои Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи Русия (баргардонанда аз ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ ба кириллӣ, ба чоп ҳозиркунандаи матн, муаллифи муқаддима, луғатнома, феҳрист ва замима Ҷамолиддин Абдукаримов) / Ҷ. Абдукаримов.- Хуҷанд: Ношир, 2013.- 104 с.

Наиболее читаемые статьи этого автора (авторов)