Авторы

  • Муҳайёхон Холматова
    ДДХ бa нoми aкaдемик Б. Ғaфуpoв

Биография автора

  • Муҳайёхон Холматова , ДДХ бa нoми aкaдемик Б. Ғaфуpoв
    мaгистpaнти куpси 2- уми

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78103

Аннотация

Мақсад аз таҳлили ин мавзӯъ дар он аст, ки муаллиф мехоҳад доир ба муносибатҳову робитаҳои адабию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои араб чӣ гуна аст алоқамандии фарҳангии ҷудонашавандаро доро мебошад. Робитаҳои адабию фарҳангии мардуми тоҷик бо мардуми араб хело алоқаи ногусастани доранд. Таърих гувоҳ аст, ки дӯстиву робитаҳои адабию фарҳангии мардуми аҷам бо кишварҳои араб ҳанӯз аз давраҳои қадим вуҷуд доштанд.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 279 ~

МУНОСИБАТҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО

МАМЛАКАТҲОИ АРАБ

Хoлмaтoвa Муҳaйёхoн Aбдувaлиевнa

мaгистpaнти куpси 2- уми ДДХ бa нoми aкaдемик Б. Ғaфуpoв

Мақсад аз таҳлили ин мавзӯъ дар он аст, ки муаллиф мехоҳад доир ба

муносибатҳову робитаҳои адабию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо

мамлакатҳои араб чӣ гуна аст алоқамандии фарҳангии ҷудонашавандаро доро

мебошад. Робитаҳои адабию фарҳангии мардуми тоҷик бо мардуми араб хело

алоқаи ногусастани доранд. Таърих гувоҳ аст, ки дӯстиву робитаҳои адабию

фарҳангии мардуми аҷам бо кишварҳои араб ҳанӯз аз давраҳои қадим вуҷуд

доштанд. Ҳатто дар давраҳои тоисломӣ низ тарҷумаи китобҳои арабӣ ба

паҳлавӣ ва паҳлавӣ ба арабӣ ба роҳ монда шуда буданд. Масалан, Абдулло

ибни Муқаффаъ китобҳои “Калила ва Димна”, “Тоҷнома”, “Худойнома”,

“Номаи Тансар” ва амсоли онро ба забони арабӣ тарҷума намудааст, ки дорои

арзиши бузург мебошад. Дар натиҷаи омӯзиш ва тадқиқот бароямон возеҳ

гардид, ки дар давраҳои Шӯравӣ низ муносибати Тоҷикистон бо давлатҳои араб

хуб будаанд: “ИҶШС Тоҷикистон дар муддати нисбатан кӯтоҳ аз кишвари

қафомондаи мустамликаи Россияи подшоҳӣ ба давлати мутараққии шукуфон

табдил ёфт. Ин аст, ки Тоҷикистони имрӯзаро омӯхтани мамлакатҳои Шарқ ва

умуман дигар мамлакатҳои хориҷӣ аҳмияти хеле калон дорад, зеро дар миёни

ҳайати намояндагӣ ва вакилони ҷудогонае, ки аз мамлакатҳои хориҷа ба ИҶШС

Тоҷикистон меоянд, бештар намояндагони мамлакатҳои Осиё ва Африка

мебошанд”[ 7, с.5]. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 150

кишвари олам Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Дар “Эъломияи

истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ ёфтааст: “Ҷумҳурии

Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои

хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва робитаҳои дигар барқарор

менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 280 ~

шартномаҳои байналхалқӣ мебандад”. [14, с.1]. Дар ин замина пай дар пай

ҳамкориву таваҷҷуҳи кишварҳо ба ҳамдигар беш гардида, дар ҳаёти сиёсиву

иқтисодиву фарҳангиву адабӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар замони муосир

низ ин ҳамдастиву пайвандгароӣ баръало намудор аст. Кишварҳо дарҳоро ба

рӯи якдигар кушода, рӯзҳои фарҳангии хешро барпо менамоянд, ки боиси боз

ҳам наздиктару пайванд гардидани давлатҳо боис мегардад. Бояд тазаккур дод,

ки рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ки моҳи

майи соли 2018 барпо шуданд, муҳимтарин падида ба шумор меравад. Қобили

зикр аст, ки ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 3

майи соли 2018 ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Меҳмононро дар

фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, директори Рӯзҳои

фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим

Акрамов пешвоз гирифтанд. Баъдан, санаи 5 майи соли 2018 дар Китобхонаи

миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳангии

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари

департаменти фарҳанги вазорати фарҳанг ва иттилоъоти Шоҳигарии

Арабистони Саудӣ Аҳмад ал-Музайяд баргузор гардид. Роҳбари департаменти

фарҳанги вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад

ал-Музайяд дар ин нишасти матбуотӣ чунин изҳор дошт: “ Мо мардуми ду

кишвар дар забон, мусиқӣ ва шеър муштаракоти зиёде дорем ва баргузории

рӯзҳои фарҳанги кишвари мо дар Тоҷикистон доираи ин муштаракотро васеъ

хоҳад намуд [9, с.2].280

Дар аснои ин чорабинӣ Созишномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расид, ки

тибқи он тарафҳо минбаъд дар фестивалу муколамаҳои фарҳангии ҳарду

кишвар мубодилаи афкору таҷриба хоҳанд намуд. 5 майи соли 2018 дар

даромадгоҳи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 281 ~

Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва

санъати наққошӣ, хаттотию аккосии ҳунармандони халқии Арабистони Саудӣ

шурӯъ гардид, ки то 9 майи соли 2018 идома ёфт. Барномаи консертии

ҳунармандони араб 5 майи соли 2018, соати 16:00 дар театри давлатии опера ва

балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, ки аҳли толор суруду мусиқӣ,

рақси фолклорӣ ва рақсҳои мардумии арабҳоро бо шамшер бо кафкӯбиҳои

пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари департаменти фарҳанги вазорати фарҳанг

ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал-Музайяд иштирокчиёни

рӯзҳои фарҳангӣ ва аҳли толорро бо ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ муборакбод

намуда, оид ба таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст ва аҳамияти рӯзҳои

фарҳангӣ сухан гуфтанд. Аҳмад ал -Музайяд дар баромади худ чунин изҳор

дошт: “Рӯзҳои фарҳангии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аввалин рӯзҳои

фарҳангӣ аст, ки Арабистони Саудӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргузор менамояд.

Ин нишонаи таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвари мо барои густариши ҳамкориҳо бо

Тоҷикистон аст”[3,5].

Қобили зикр аст, ки “Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

дар ҷумҳуриамон аввалин бор доир гашта, дар таърихи муносибатҳои ду давлат

саҳифаи навро кушод”[4,3]. Дар вохӯрӣ инчунин сафири Шоҳигарии

Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Абдулазиз ал-Бодӣ ва сафири

Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ иштирок

намуданд.“Муколамае, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи

“Мавқеи зан дар Арабистони Саудӣ” бо иштироки профессор, доктори илмҳои

ҷомеашиносӣ ва маорифи донишгоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Фозия

Албакр баргузор гардид, ба олимону муҳаққиқон ва рӯзноманигорони тоҷик

имкон дод, ки оид ба тарзи зист ва фаъолияти бонувон дар Арабистони Саудӣ

шинос гарданд” [6,4]. 8 майи соли 2018 дар майдони 800-солагии Москва, ки

айни замон боғи Куруши Кабир ном дорад, пӯшидашавии рӯзҳои фарҳангии

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи эҷодии рӯзҳои фарҳангии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 282 ~

Холид ал-Умейр ба роҳбарият ва вазоратҳои ду кишвар арзи сипос намуда, аз

пазироии гарми мардуми тоҷик муассир будани худро иброз намуд. Сипас ӯ ба

ҳунарпешагони Арабистони Саудӣ сипосномаҳо супорид. Дар ин муддат яъне

аз 3-юм то 9-май делегатсияи арабҳо аз манзараҳои зебою нотакрори Норак,

Ҳисор ва Варзоб дидан намуданд. “Арабистони Саудӣ ба ҳайси яке аз

марказҳои ҷаҳонии нуфуз шинохта шудааст. Ҳамзамон ба пешбурди сиёсати

фаъолонаи исломӣ (ҷонибдории ислом дар миқёси ҷаҳонӣ, расондани кумаки

ҳамаҷониба ба кишварҳои мусулмоннишин, маблағгузории барномаҳои

гуногуни мазҳабӣ) Арабистони Саудӣ робитаҳои устувори низомӣ - сиёсӣ ва

иқтисодиву тиҷоратиашро бо Ғарб гум накардааст. [11, с.7].

Қобили тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ

Раҳмон дар чорчӯбаи 50-солагии Ассамблеяи умумии Созмони Миллали

Муттаҳид ба Ню–Йорк сафари корӣ намуд ва бо намояндаи расмии подшоҳи

Арабистони Саудӣ – шоҳзода Султон ибни Абдулазиз вохӯриҳои судманд

гузаронид, ки пас аз он дарҳои ин мамолик ба ҳамдигар боз гардиданд [5, с.35].

Дар баробари ин, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 маротиба (солҳои

1997, 2001 ва 3юми январи 2016) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боздиди

расмӣ ба амал овардааст. Дар рафти ин сафарҳо мулоқоту музокироти Сарвари

Тоҷикистон бо Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ҳамчунин бо дигар

шахсони воломақоми ин кишвар доир гардиданд. Дар мулоқоти охирон, яъне 3-

юми январи соли 2016 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли

Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибати ду кишвар баррасӣ шуд ва

ҳамчунин, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.24-26 майи 2016 Раиси

Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад

ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. 22

феврали 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии

Арабистони Саудӣ (ШАС) барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

11 январи 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият

шинохт.Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе моҳи октябри


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 283 ~

соли 2010 ифтитоҳ ёфт. Нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии

Арабиcтони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил

Маҳмуд ба ҳисоб мерафт. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи сафири283Арабистони

Саудӣ дар Тоҷикистон Ҳамза Бахит ал Ҳарбӣ, кордори сафорати Саудӣ ба

ҳисоб мерафт. Аз сентябри соли 2016 инҷониб, Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ

сафири фавқуллода ва мухтори ШАС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб

мешавад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2008 дар шаҳри

Риёз, яъне дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ кушода шуд. Сафири

Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони

Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои

исломӣ Заробиддин Қосимӣ мебошад. Собиқ сафири Шоҳигарии Арабистони

Саудӣ доктор Бандар Ҷамил дар яке аз мусоҳибаҳо перомуни ҳамкории байни

донишгоҳҳои ду кишвар, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

чунин зикр намудааст: “Ҳамзамон мо мехоҳем, ки дар оянда ҳамкориҳоро

байни ниҳодҳои илмӣ ба роҳ монем. Инчунин Сафорати Саудӣ дар Душанбе

кӯшиш мекунад, ки ба табъу нашри баъзе китобҳо саҳмгузорӣ кунад. Масалан,

ба қарибӣ китоби Ибни Надим «Ал- Феҳрист», ки аз арабӣ ба забони тоҷикӣ

тарҷума шудааст, чоп хоҳад гашт. Боташаббуси Сафорат Қуръони карим ба

забони тоҷикӣ ба таври электронӣ мунташир гаштааст, инчунин барои ҳоҷиён

як китобча низ чоп намудааст”[12,1].

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки сафорати Шоҳигарии Арабистони

Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангӣ дорад. Гӯшаи

фарҳангӣ санаи 29 - марти соли 2013 бо ҳузури ноиби вазири хориҷии

шоҳигарии Арабистони Саудӣ Амир Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Сауд ва

вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ расман

ифтитоҳ гардид. Гӯшаи фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шурӯъ аз

санаи 2-юми сентябри соли 2013 расман фаъолияташро оғоз намудааст. “Гӯшаи

мазкур дорои зиёда аз 3000 номгӯи китобҳои гуногунҷабҳаи арабӣ буда,

паҳлӯҳои гуногуни илмро дар бар мегирад. Аз ҷумла, китобҳои илмию амалӣ,

луғат, ҷуғрофия, илмҳои сиёсӣ, таърих, таърихи исломӣ, фарҳанги умумӣ,


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 284 ~

маълумотҳои умумӣ, техникию иттилоотӣ, қиссаҳо ва китобҳои таълимии

забони арабӣ барои донишҷӯёну наврасон мебошад. Ҳамчунин аз ин маҷаллаву

рӯзномаҳои арабиро низ доро мебошанд. Гӯша бо таҷҳизоти техникии муосир

муҷаҳҳаз мебошад”[13,1]. Бояд тазаккур дод, ки дар гӯшаи фарҳангии

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омӯзиши забони арабӣ барои хоҳишмандон ба

роҳ монда шудааст, ки дарсҳо комилан ройгон мебошанд. Ҳамчунин филмҳои

тасвирӣ барои наврасон, филмҳову барномаҳои ҷолиби таълимӣ роҷеъ ба

мавзӯъҳои гуногун барои тамошо омодаанд ва дар ҷараёни дарс истифода

мешаванд. Дар назар аст, кикитобҳои мухталифу лозима ва дарсӣ пурра

гардонида шавад. Абдулазиз ал-Бодӣ, сафири фавқуллода ва мухтори

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маросими

таҷлили 89-умин солгарди Рӯзи миллии Арабистони Саудӣ дар суҳбат бо

хабарнигорон аз сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

Арабистони Саудӣ якчанд суханҳо гуфтааст, ки фишурдаи он музокирот ин ҷо

оварда шуд: “Ҳамкориҳо байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии

Тоҷикистон идома доранд. Роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод як силсила

лоиҳаҳо ҷиҳати маблағгузорӣ аз ҷониби Шоҳигарӣ мавриди омӯзиши Бунёди

Саудии рушд ва маркази малик Салмон оид ба имдод ва ёриҳои башардӯстона

қарор доранд. Бунёди саудии рушд то имрӯз, дар маҷмӯъ, барои тадбиқи

лоиҳаҳои зерсохтории Тоҷикистон 167 миллион доллар ҷудо намудааст, ки он

барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва

бемористону марказҳои тиббӣ сарф шудааст. Аз ҷумла, маркази мазкур ба

Тоҷикистон 10 миллион доллар кӯмак расонд, ки он дар соҳилмустаҳкамкунӣ

барои ҳимояи моликияти мардум аз хатари обхезиҳо масраф шудааст.

Ҳамчунин, (бинои) маркази омӯзиши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва

мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва муҷаҳҳаз

карда шуд”[2,2]. 28-уми январи соли 2020 раиси Иттифоқи нависандагони

Тоҷикистон Низом Қосим сафири фавқуллода ва мухтори шоҳигарии

Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

Суҳбат оид ба густариши робитаҳои адабии байни ду кишвар мерафт. Раиси


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 285 ~

Иттифоқи нависандагони ҶТ Низом Қосим зикр намуд, ки осори бадеиву илмии

гузаштагони моро бе истифода аз забони арабӣ тасаввур кардан номумкин аст,

зеро ин робитаҳо таърихи қадима доранд. Ӯ иброз дошт, ки ба шарофати

таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти адибон

ва робитаҳои адабӣ имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омадаанд. То ҳол тарҷумаи

осори адибони ду ҷониб аҳёнан буд, ҳоло бошад, тибқи барнома сурат хоҳад

гирифт. Ҳамчунин, Низом Қосим ба суханони худ замм намуд, ки адибони

нотакроре ба амсоли Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода барои пайванди

адабиёт ва таҳкими дӯстии халқи Осиё ва Африқо, минҷумла бо давлатҳои араб

корҳои бузургеро анҷом додаанд. “Боиси ифтихори мост, ки Конфронси

адибони Осиёву Африқо сардафтари адабиёти навини тоҷикро дар шумори се

адиби забардасте зикр намуд, ки ба адабиёту тафаккури халқи гуногуни ин

қитъаҳо таъсиргузор будаанд” [1,5].285Шоири тавонои тоҷик Мирзо

Турсунзода роҳбари Кумитаи ҳамраъйии адибони Осиёву Африқоро ба уҳда

дошт. Ҷаноби Абдулазиз ал-Бодӣ аз ташкил шудани маркази тарҷума дар назди

Иттифоқи нависандагон ва фаъолияти бахши арабӣ қаноатманд гашт. Инчунин

изҳор дошт, ки барои ташкили чорабиниҳои дуҷонибаи адабӣ ва ривоҷи

тарҷумаи асарҳои ҳарду кишвар шурӯъ хоҳад намуд. “Боиси хушнудист, ки ба

забони арабӣ вожаҳои зиёди тоҷикӣ - форсӣ дохил гашта, ба моли худӣ табдил

ёфтаанд. Забони тоҷикӣ низ аз калимаву ибораҳои арабӣ хеле ғанист. Ин аз

ҷумла имкон медиҳад, ки омӯхтани забони тоҷикӣ барои ман осон бигардад”

[1,5]. Ҳамчунин, нақши олимону мутарҷимон низ барои рушду таҳкими

давлатҳо хеле бориз аст. Устодон Тоҷиддин Мардонӣ, Нарзуллоҳи Назар,

Низомидддин Зоҳидӣ, Умеда Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, Нурулло

Ғиёсов, Сулаймон Саидраҳмонов, Қобилҷон Дадобоев, Абдушукур Ғафуров,

Фия Исаева, Субҳиддин Зиёев ва даҳҳо номҳои ховаршиносонро метавон

баршумурд, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангиву адабии Тоҷикистон бо

кишварҳои араб саҳми назаррас гузоштаанд. Нарзуллоҳи Назар, мутарҷим, узви

Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ сафири Тоҷикистон дар

Миср барои таҳкими робитаҳои адабӣ байни ин ду кишвар саҳми назаррас


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 286 ~

гузоштааст. Тарҷумаи арабии “Суруди миллӣ” - и Тоҷикистон низ ба қалами Н.

Назар мутааллиқ аст. Инчунин, шоҳасари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар 3

муҷаллад дар зери назар ва таҳрири Назруллоҳи Назар ба забони арабӣ тарҷума

ва соли 2009 дар Қоҳира нашр карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки маҷмӯаи

мақолаҳои Сарвари давлат таҳти унвони "Назаре ба мероси Имоми Аъзам

Абуҳанифаи Нӯъмон" низ дар зери назари Н. Назар ба арабӣ тарҷума ва соли

2009 дар Ар-Риёз чоп карда шудааст. Инҷо чанд нуктае роҷеъ ба ховаршиноси

дигаре, ки барои пайванди робитаи адабиву илмиву фарҳангии Ҷумҳурии

Тоҷикистон бо кишварҳои араб хидматҳои беҳисоб намудааст, зикр намудан

бамаврид аст. Устод Тоҷиддин Мардонӣ арабшинос, олим, муҳаққиқи нотакрор

низ барои рушду таҳкими робитаи адабии арабу аҷам басо саҳми калон доранд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна

ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор мераванд. Китобҳои

камназирро таълиф намуда ба амсоли “Саҳифаҳое аз равобити арабу аҷам”,

“Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX-X”, “Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ”,

“Равобити адабии Арабу Аҷам”, “Шеъри арабии Ибни Сино”, “Масъуди Саъди

Салмон ва шеъри арабӣ”, “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”, “Сухане дар бораи Абӯалӣ

ибни Сино. Тадқиқот ва тарҷумаҳо”, “Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин

Айнӣ” ва ғайра. Устод Тоҷиддин Мардонӣ осори бисёре аз эҷодиёти Абубакри

Розӣ, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигаронро аз забони арабӣ

ба забони русӣ тарҷума намуда, муаллифи зиёда аз сесад мақолаҳои илмӣ

мебошанд, ки мақолаҳояшон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи

кишвар низ ба табъ расидааст. Ҳамчунин, устод Тоҷиддин Мардонӣ раиси

Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон - мамлакатҳои Араб” буда, бо сафоратҳои

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва сафорати Қатар пайваста дар иртиботанд ва

барои рушду нумӯи робитаҳои адабию фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики

Араб хизматҳои шоиста намудаанд. Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон Тоҷикистон

- мамлакатҳои Араб” дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 287 ~

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 10-уми июли соли 2012 таъсис

ёфтааст. “Мақсад аз таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Мамлакатҳои

Араб» ин густариши равобити илмию фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои

араб мебошад. Тавассути комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурии мо мардуми

кишварҳои араб аз урфу одат, анъанаҳои миллӣ огаҳии бештар пайдо намоянд.

Бо истифода аз дипломатияи мардумӣ табодули таҷрибаи фарҳангӣ метавон

робитаҳоро боз ҳам қавитар гардонд” [8, с.22-23].

Метавон ба чунин хулоса омад, ки робитаи фарҳангии Ҷумҳурии

Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар сатҳи бисёр хуб қарор доранд. Бастани

созишномаҳо байни ду давлат, гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ ва дарҳои кушод

шоҳиди онанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар Тоҷикистон якчанд факултетҳои

забонҳои Шарқ фаъолият доранд, ки бевосита барои омӯхтани забони арабӣ

барои донишҷӯён мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, марказҳои таълимиву

омӯзишӣ низ аз худ намудани забони арабиро ба роҳ мондаанд. Олимони тоҷик

пайваста бо тарҷума намудани китобҳои нодири арабӣ машғул ҳастанд ва дар

кишварҳои Араб низ тарҷумаи осори гаронмояи тоҷикӣ низ ба роҳ монда

шудааст, ин ҳама аз робитаи ногусастании фарҳанги доштани Тоҷикистон бо

мамлакатҳои араб далолат мекунад.

АДАБИЁТ

1. А. Мирзозода. Сӯҳбат бо сафир. Адабиёт ва санъат, 30-юми январи соли

2020, №5 (2028), С. 5

2. Мунаввари Сафар, “Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, Марҳилаи нави

рушди ҳамкориҳо”, “Ҷумҳурият”, 23 сентябри соли 2019, № 181 (23784) , С.2

3. “Намоиши фарҳангии тамаддуни арабҳо дар Душанбе, рӯзномаи

ИмрӯзNews, 7 майи 2018, С. 5

4. “Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон”

маҷаллаи Фирӯза 4-5, 2018, С.3

5. Саидов З. “Республик Таджикистан на межгосударственной арене до и после

объявление политики “открытых дверей””, - Душанбе, 2015. - 315 С. 35.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 288 ~

6. Тоҷикистон дар ҳақиқат биҳишти рӯи замин будааст” Баҳори Аҷам

№14(453), 16 майи соли 2018, саҳ.4

7. Тиллобег Багадирович Акбаров. Равобити байналхалқии РСС

Тоҷикистон. “Ирфон”, Душанбе – 1965, - 58

8. Файзулло Тиллоев. Маҷаллаи “Дӯстӣ”, шумораи №1, 2013 -С.22 - 23

9. Фарзонаи Файзалӣ . Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

дар Тоҷикистон, Ҷумҳурият, 7 майи соли 2018, № 89(23432) С.2

10.“Ҷавонон - таъмингарони равобиту дӯстӣ” Маҷаллаи Дӯстӣ, № 1 - 2, соли

2017 - С. 48-49288

11.Шарипов А. Н. “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ҶТ бо кишварҳои

араб”. Душанбе, - 2017, 108-С.7

12.www. khowar.tj. Марзия Саидова, АМИТ «Хо

13.www.khowar.tj. Раъно Нусратуллоева, АМИТ “Ховар”

14.www.mfa.tj288

Библиографические ссылки

А. Мирзозода. Сӯҳбат бо сафир. Адабиёт ва санъат, 30-юми январи соли 2020, №5 (2028), С. 5

Мунаввари Сафар, “Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, Марҳилаи нави рушди ҳамкориҳо”, “Ҷумҳурият”, 23 сентябри соли 2019, № 181 (23784) , С.2

“Намоиши фарҳангии тамаддуни арабҳо дар Душанбе, рӯзномаи ИмрӯзNews, 7 майи 2018, С. 5

“Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон” маҷаллаи Фирӯза 4-5, 2018, С.3 5. Саидов З. “Республик Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявление политики “открытых дверей””, - Душанбе, 2015. - 315 С. 35.

Тоҷикистон дар ҳақиқат биҳишти рӯи замин будааст” Баҳори Аҷам №14(453), 16 майи соли 2018, саҳ.4

Тиллобег Багадирович Акбаров. Равобити байналхалқии РСС Тоҷикистон. “Ирфон”, Душанбе – 1965, - 58

Файзулло Тиллоев. Маҷаллаи “Дӯстӣ”, шумораи №1, 2013 -С.22 - 23

Фарзонаи Файзалӣ . Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Ҷумҳурият, 7 майи соли 2018, № 89(23432) С.2 10.“Ҷавонон - таъмингарони равобиту дӯстӣ” Маҷаллаи Дӯстӣ, № 1 - 2, соли 2017 - С. 48-49

Шарипов А. Н. “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ҶТ бо кишварҳои араб”. Душанбе, - 2017, 108-С.7

www. khowar.tj. Марзия Саидова, АМИТ «Хо

www.khowar.tj. Раъно Нусратуллоева, АМИТ “Ховар”

www.mfa.tj

Наиболее читаемые статьи этого автора (авторов)