Авторы

  • Ботурхоҷа Қобилов
    н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсияи ДДҲБСТ

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78108

Ключевые слова:

тафтиши пешакӣ экспертиза донишҳои махсус муфаттиш парвандаи ҷиноятӣ амалҳои тафтишӣ мутахассис эксперт

Аннотация

Дар доираи мақола масъалаи иштироки мутахассис дар гузаронидани амалҳои тафтишӣ, хосатан таъин кардан ва гузаронидани экспертизаҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст.

Аз ҷониби муаллиф бо баназаргирии меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фикру ақидаҳои олимони соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика оид ба иштироки мутахассис дар гузаронидани амалҳои тафтишӣ таклифу пешниҳодҳо баён карда шудаанд.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 332 ~

ИШТИРОКИ МУТАХАССИС ДАР ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛҲОИ

ТАФТИШӢ

Қобилов Ботурхоҷа Қобилхоҷаевич

н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва

муқовимат ба коррупсияи ДДҲБСТ

Аннотатсия:

Дар доираи мақола масъалаи иштироки мутахассис дар

гузаронидани амалҳои тафтишӣ, хосатан таъин кардан ва гузаронидани

экспертизаҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст.

Аз ҷониби муаллиф бо баназаргирии меъёрҳои қонунгузории мурофиавии

ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фикру ақидаҳои олимони соҳаи мурофиаи

ҷиноятӣ ва криминалистика оид ба иштироки мутахассис дар гузаронидани

амалҳои тафтишӣ таклифу пешниҳодҳо баён карда шудаанд.

Калидвожаҳо:

тафтиши пешакӣ, экспертиза, донишҳои махсус, муфаттиш,

парвандаи ҷиноятӣ, амалҳои тафтишӣ, мутахассис, эксперт

Дар ҷараёни тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ мунтазам

масъалаҳое ба миён меоянд, ки истифодаи донишҳои махсусро дар соҳаи илму

техника, фарҳанг ё касбу ҳунар талаб менамоянд.

Донишҳои махсус он донишҳое ба шумор мераванд, ки шахс дар ҷараёни

фаъолияти худ ба воситаи омодагиҳои махсус ё таҷрибаи касбии ба системаи

донишҳои назариявӣ асосёфта дар соҳаи (масалан донишҳо дар соҳаи

технологияи матоъбофӣ, таркишшиносӣ, биология, кимёвӣ, техника ва ғайр)

мувофиқ ба даст овардааст.

Ташхис дар мавридҳое таъин карда мешавад, ки агар барои муқаррар

кардани ин ва ё он ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта донишҳои махсуси

соҳаи илм, техника, санъат ё касбу ҳунар заруранд. [4. С. 116]

Донишҳои махсус дар рафти тафтишоти ҷиноятҳо дар ду шакл истифода

бурда мешаванд – мурофиавӣ ва ғайри мурофиавӣ. Субъектони истифодабарии


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 333 ~

донишҳои махсус ин – шахсони пешбарандаи тафтишот; прокурор-

криминалист; прокурор дар давраи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва тафтишоти

пешакӣ; мутахасис; эксперт; шахсоне, ки дар соҳаи илму техника, фарҳанг ё

касбу ҳунар донишҳои махсус доранд ва инчунин кормандони оперативӣ

мебошанд.

Ба шаклҳои асосии ғайримурофиавии истифодаи донишҳои махсус инҳо

дохил мешаванд:

1.Маслиҳат ва машварат бо шахсоне, ки донишҳои махсусро дошта

маълумоти шифоҳӣ ё хаттӣ медиҳанд. Маълумоти хаттӣ ба парвандаи ҷиноятӣ

ё маводҳои санҷишӣ ҳамроҳ карда мешаванд. Инчунин бо маълумоти зарурӣ

муфаттишро кормандони воҳидҳои экспертӣ, ки бо коргузрии карточкаҳои

махсус машғуланд метавонанд таъмин намоянд;

2.Гузаронидани санҷишҳои молиявӣ (ревизия) ва баҳисобгирии амвол;

3.Аз тарафи мутахасисон гузаронидани таҳқиқоти пешакӣ оид ба

фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ (натиҷаҳои чунин санҷишҳо аҳамияти

далелнокӣ надоранд, чун ки онҳо дар сарчашмаҳои дар КМҶ Ҷумҳурии

Тоҷикистон пешбинӣ нашуда нигоҳ дошта мешаванд, вале ин натиҷаҳо ҳамчун

маълумоти муайянкунандаи самти корӣ оиди кофтукови ҷинояткорони

пинҳоншуда, муайян намудани тарзи содиркунӣ ва руйпушкунии ҷиноят,

муайян намудани тайёриҳо ба содиркунии ҷиноят ва ё ҷинояти содиршуда ба

таври васеъ истифода карда мешаванд). [3.С, 92]

Шаклҳои ғайри мурофиавии иштироки мутахасисон дар тафтишот дар

меъёрҳои КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда нашуда, онҳо дар асоси

санадҳои идоравӣ ё бо ташаббуси шахсии муфаттишу таҳқиқбаранда ба амал

бароварда мешаванд.

Ба шаклҳои мурофиавии истифодаи донишҳои махсус инҳо дохил

мешаванд:

1.Аз тарафи муфаттиш, таҳқиқбаранда истифода бурдани донишҳои

махсуси шахсӣ;

2.Иштироки мутахасис дар амалҳои тафтишӣ;


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 334 ~

3.Гузаронидани экспертизаҳо.

Донишҳои шахсӣ аз тарафи муфаттиш бо чунин мақсадҳо истифода

бурда мешаванд:

-бевосита ошкоркунӣ, бақайдгирӣ, омўзиши пешакӣ ва баҳодиҳии далелҳо;

-ҳалли масъала оид ба дахлдории далелҳо;

-бандубасти дурусти кирдор;

- муайян намудани предмет ва ҳадди исботкунӣ;

-босифат гузаронидани амалҳои мурофиавӣ;

-ташкили кор бо мутаҳасисони зарурӣ дар ҷараёни тафтишот.

Бархурдор будан аз донишҳои касбӣ ва махсус ба муфаттиш,

таҳқиқбаранда, имконият медиҳад, ки маълумоти ба даст омадаро хубтар дарк

намояд. Донишҳо нисбати техникаи криминалистӣ, масалан, таснифи хатҳои

папилярӣ имконият медиҳад, ки аллакай дар марҳилаи ташкил ва гузаронидани

амалҳои тафтишӣ, аз рўи намудҳои ҳатҳо ҳаммонандкунӣ гузаронида шуда

доираи гумонбаршудагон маҳдуд карда шавад.

Ба сарчашмаҳои гирифтани донишҳои махсус–соҳаҳои криминалистика,

экспертизаи судӣ, тибби судӣ, равоншиносии судӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Масалан, донишҳо дар соҳаи экспертизаи судӣ имконият медиҳанд дар назди

эксперт саволҳои дуруст гузошта шаванд, ҷараён ва натиҷаҳои таҳқиқоти

гузаронидашуда баҳогузорӣ карда шаванд, дар асоси маълумоти гирифташуда

нақшаи пурсиш тартиб дода шавад, бо назардошти маҷмўъи маълумоти ба даст

омада кирдорҳои ҷиноятбанду баст карда шаванд.

Мутахассис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор набуда,

дорои донишу таҷрибаи махсус аст ва барои мусоидат намудан ба

таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар ошкор ё дарёфт намудани

далел, асоснок кардани онҳо, инчунин дар татбиқи воситаҳои техникӣ мумкин

аст ҷалб карда шавад. [1. М. 57]

Мутахасис ҳамчун шахси дорандаи донишҳои махсус ва мавқеъи

мурофиавӣ дар амалҳои тафтишӣ иштирок намуда ба муфаттиш, таҳқиқбаранда

ёрии амалӣ мерасонад. Мутахассис уҳдадор аст бо даъват ҳозир шуда,


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 335 ~

фаъолона дар амали тафтишӣ иштирок намояд, диққати муфаттиш,

таҳқиқбарандаро ба далелҳои мавҷуда, гирифтан ва қайду мустаҳкам намудани

онҳо ҷалб намояд, моҳиятан маслиҳатҳои заруриро оид ба амалҳои

иҷрошудаистода диҳад, инчунин ҳуқуқ дорад арзу дархостҳо кунад, ки ба

протоколи амали тафтишӣ ворид карда мешаванд.

Иштироки мутахасис дар амалҳои тафтишӣ, ба монанди рубарукунӣ,

кофтуков, озмоиши тафтишӣ, имконият медиҳад саривақт оид ба масъалаҳои

ҳалталаб, ки донишҳои махсусро талаб мекунанд кумак расонад (тавсифи ин ё

он амалҳои ҷинояткор, хусусиятҳои равонии ў, муайян намудани хусусиятҳои

предмети дарёфт гардида ва ғ). Ҳамкории мутахасис инчунин метавонад дар

аксбардорӣ, сабти навори видеоӣ, кор бо микрообъектҳо ва пайҳои буйдор, дар

вақти нақшакашиҳои ҷои ҳодиса зоҳир гардад.

Шакли муҳимтарини истифодаи донишҳои махсус дар мурофиаи судии

ҷиноятӣ экспертизаи судӣ ба шумор меравад. Тибқи қонун коршинос дар

ҳолатҳое даъват карда мешавад, ки барои пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё

ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба дониши махсус дар соҳаи илм, техника,

фарҳанг ё касбу ҳунар зарурат ба миён ояд (м.58 КМҶ ҶТ). Ҳатмӣ будани

таъини экспертиза дар ҳолатҳои зерин пешбинӣ карда шудааст - барои муайян

намудани:

сабаби марг;

хусусият ва дараҷаи вазнинии зарари ҷисмонӣ;

синну соли гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ба шарте, ки

ҳуҷҷатҳо доир ба синну сол вуҷуд надошта ё шубҳаовар бошанд;

ҳолати рўҳӣ ё ҷисмонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, вақте ки

дар масъалаи мукаллафӣ ё қобилияти онҳо дар бобати ҳимояи мустақилонаи

ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ дар мурофиаи ҷиноятӣ шубҳа ба миён меояд;

ҳолати рўҳӣ ва ҷисмонии ҷабрдида, шоҳид дар ҳолатҳое, ки

қобилияти онҳо дар бораи дуруст дарк кардани ҳолатҳои барои парванда

аҳамиятдошта ва додани нишондод доир ба онҳо таҳти шубҳа қарор

мегирад.(м.209 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 336 ~

Экспертизаи судӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ, яке аз шаклҳои маъмул ва

инкишофёфтаи истифодаи донишҳои махсус ба шумор меравад. Бо таъини

эспертизаҳои судӣ ва истифода аз тамоми воситаҳои замонавии илму техника

кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар сатҳи баланд имкониятҳои васеъи

азхуднамоии донишҳои махсусро ба даст меоранд.

Экспертизаи судӣ – ин аз тарафи экспертҳо дар шакли муқаррар намудаи

қонун бо супориши мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд гузаронидани таҳқиқоти

махсус, дар соҳаҳои алоҳидаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар, бо мақсади

муайян намудани ҳолатҳои ба парванда аҳамиятдошта мебошад.

Аломатҳои асосии экспертиза ин:

-истифодаи донишҳои махсус;

-гузаронидани таҳқиқот бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои ба

парванда аҳамият дошта;

-субъекти махсуси экспертиза;

-гузаронидани

экспертиза дар асоси муқаррароти қонунгузории

мурофиавӣ-ҷиноятӣ;

-барасмиятдарории натиҷаҳои таҳқиқоти экспертӣ бо ҳуҷҷати махсуси

мурофиавӣ (хулоса).

Вобаста аз асосҳои мавҷудбуда муфаттиш одатан аз нуқтаи ақидаи худ оид

ба парвандаи ҷиноятӣ зарурати гузаронидан ё нагузаронидани экспертизаро

муайян мекунад, кадом намудаи экспертиза бояд таъин карда шавад.[2.С. 74]

Экспертиза аз тарафи коршиносони муассисаҳои экспертии давлатӣ ва ё

ғайридавлатӣ ё шахсони воқиф, ки дорои донишҳои махсус буда аз тарафи

муфаттиш интихоб карда мешаванд гузаронида мешавад. Дар навбати аввал

муфаттиш қарор ва маводҳои заруриро дар бораи таъин кардани экспертизаи

дахлдор ба роҳбари муассисаи экспертӣ равон мекунад. Роҳбари муассисаи

экспертӣ вазифадор аст: гузаронидани экспертизаро ба як ё якчанд коршинос

супорида, дар ин бора ба муфаттиш хабар диҳад; ба коршиносон ҳуқуқ ва

уҳдадориҳои онҳоро, ки дар моддаи 58 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ

шудаанд фаҳмонад, оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 337 ~

хулосаи бардурўғ огоҳ кунад ва дар ин бобат аз онҳо забонхат гирад, ки он

якҷоя бо хулосаи эксперт ба муфаттиш равон карда мешаванд.

Агар экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ гузаронида шавад, муфаттиш

пеш аз баровардани қарор оид ба таъини экспертиза бояд ба шахсияти нафаре,

ки экспертизаро ба ў супориданист, ба салоҳиятнокии ў итминон ҳосил намуда,

муносибати ўро бо айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида ва бо шахсе, ки

таҳти экспертиза қарор гирифтааст, муайян намояд ва санҷад, ки оё асосҳо

барои дур кардани коршинос мавҷуданд ё не.

Коршинос дар ҳолатҳое даъват карда мешавад, ки барои пешбурди таҳқиқ,

тафтиши пешакӣ ё ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба дониши махсус дар

соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар зарурат ба миён ояд. Ба сифати

коршинос ҳар шахсе, ки барои пешниҳоди хулоса дониши махсус ва дар

ҳолатҳои зарурӣ иҷозатномаи дахлдор дорад, даъват шуданаш мумкин аст. [1]

Муфаттиш баъди аниқ кардани маълумоти зарурӣ дар бораи таъини

экспертиза қарор мебарорад, онро ба коршинос месупорад, ба ў ҳуқуқ ва

уҳдадориҳои дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинишударо мефаҳмонад ва аз

ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўғ огоҳ

мекунад. Доир ба иҷрои амалҳои мазкур муфаттиш дар қарори таъин кардани

экспертиза қайд мегузорад ва он бо имзои коршинос тасдиқ карда мешавад.

Ҳамин тариқ моҳияти экспертизаи судӣ дар таҳқиқи объектҳои моддӣ

(далелҳои шайъӣ) инчунин ҳуҷҷатҳои гуногун (аз он ҷумла протоколҳои

амалҳои тафтишӣ), ки ба коршиносон пешниҳод мегарданд асос ёфта, мақсади

он аз муайян намудани маълумоти воқеъии ба ҳалли дурусти парвандаи

ҷиноятӣ алоқаманд иборат аст.

Чуноне, ки дар аксарияти мавридҳо ба ҳайси мутахасис дар амалҳои

тафтишӣ кормандони воҳидҳои экспертию-криминалистӣ иштирок мекунанд,

тартиб ва шартҳои иштироки онҳо бо санади асосноккардашуда – бо Фармони

№ 465 аз 10.07.2006 сол «Дар бораи ташкили кори воҳидҳои ташхиси

криминалистии МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастурамал ба танзим

дароварда мешавад.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 338 ~

Иштироки мутахасис-криминалист дар азназаргузаронии ҷои ҳодиса

инчунин бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №207 аз 20.02.2010 сол «Дар

бораи тасдиқ намудани дастурамал доир ба хамкории сохторхои тафтишотӣ бо

хадамоти оперативӣ ва Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД Ҷумҳурии

Тоҷикистон зимни ошкор кардан ва тафтиш намудани ҷиноятҳо» асоснок карда

шудааст.

Дар моддаи 57 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шарти асосии иштироки

мутахасис дар гузаронидани амалҳои тафтишӣ мустаҳкам карда шудааст, ин

ҳам бошад ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор набудан ва салоҳиятмандӣ

– яъне, доштани донишу таҷрибаи махсус доштан мебошад.

Дар қ.2 м.179 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст, ки пеш

аз оғози амали тафтишӣ муфаттиш ба шахсият ва салоҳиятмандии мутахассис

боварӣ ҳосил намуда, муносибати ўро нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда

ва ҷабрдида муайян мекунад. [1.м. 179]

Салоҳиятмандии мутахассис мумкин аст, ки бо ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи

шахсият, вазифа, унвони махсус, инчунин дар асоси шаҳодатномаи шакли

муқарраршудае, ки ба кормандони воҳидҳои экспертӣ-криминалистӣ барои

иҷрои мустақилонаи ин ё он фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи намуди

муайян дода мешавад санҷида шавад.

Тибқи муқаррароти м.м.70 (61) КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахасис

ҳангоми мавҷуд будани асосҳои зерин дар пешбурди парванда иштирок карда

наметавонад:

-оид ба ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида, даъвогари гражданӣ,

ҷавобгари гражданӣ ё шоҳид бошад;

-дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ба сифати коршинос, тарҷумон, шахси

холис, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, котиби маҷлиси суд, ҳимоятгар,

намояндаи қонунии гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи

ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ иштирок карда бошад;

-худ, хешовандони наздики ў бевосита ё бавосита ба ҳалли парванда

манфиатдор бошанд;


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 339 ~

-хешованди айбдоркунандаи давлатӣ, айбдоркунандаи хусусӣ, муфаттиш,

таҳқиқбаранда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари

гражданӣ, намояндаи онҳо, ҳимоятгар бошад;

-ҳолатҳое мавҷуд бошанд,ки беғаразии ўро таҳти шубҳа гузоранд.

Масъалаи рад намудани мутахасис ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши

пешакӣ мутаносибан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, дар

мурофиаи судӣ аз ҷониби суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда

мешавад.

Дар умум тартиби кори мутахассис ҳангоми баамалбарории амалҳои

тафтишӣ аз инҳо иборат мебошад: пешакӣ шинос шудан бо вазъияти ҷинояти

содиршуда, инчунин бо намуд, вазифаҳо ва мақсадҳои амали тафтишие, ки ў

вазифаҳои мутахассисро иҷро мекунад; шинос шудан бо нақшаи амали

тафтишӣ ва вазифаҳое, ки муфаттиш дар назди ў мегузорад; дар мувофиқа бо

муфаттишу таҳқиқбаранда пешниҳоди таъғирот ба нақшаи амали тафтишӣ

кунад; истифодаи воситаҳои техникаи криминалистиро татбиқ намояд,

махсусан аксбардориро барои тасвир намудани рафти амали тафтишӣ;

ҳаракатҳоро баҳри дарёфт, гирифтан ва қайди изҳо ва дигар далелҳои шайъӣ

анҷом диҳад; ба муфаттиш, таҳқиқбаранда оиди қайди далелҳои аҳамиятдошта,

истифодаи воситаҳои техникии криминалистӣ дар тартиб додани протоколи

амали тафтишӣ кумак кунад; далелҳоро мувофиқи қоидаҳои тавсияшудаи

криминалистӣ бастабанд (упаковка) кунад; бо иҷозати муфаттиш,

таҳқиқбаранда дар ҷои гузаронидани амали тафтишӣ далелҳоро баҳри

андешидани чораҳои бетаъхир ва ошкор намудани шахсони ҷинояткор таҳқиқи

пешакӣ гузаронад ва ғ.

Дар баъзе ҳолатҳо мутахасис дар бастубанд намудани далелҳо ба

муфаттиш, таҳқиқбаранда ёрӣ расонида, дар ҳолатҳои мавҷуд будани қарор дар

бораи гузаронидани экспертиза ё пайдо шудани зарурат далелҳоро барои

таҳқиқот ё гирифтани маълумоти оперативӣ ба муассисаи дахлдори экспертӣ

бурда мерасонад.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 340 ~

Инчунин мутахасис ба муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳангоми таъин намудани

экспертиза, оиди вақти таъин кардани экспертиза, объектҳое, ки мавриди

таҳқиқоти экспертӣ бояд қарор дода шаванд ва интихоби саволҳое, ки дар назди

коршиносон гузошта мешаванд кумак мекунад.

Руйхати адабиёти истифодашуда:

1.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. аз 3.12.2009,

№564 бо тағйироту иловагиҳо дар ҳолати 03.01.2024

№ 2017

// Ахбори Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024, № 2017, мод.142

2.

Божьев В.П. Уголовный процесс. Учебник для студентов вузов,

обучающихся по специадьности «Юриспруденция»/-3-е изд.,испр.в доп.-М.:

Спарк,2002.- 434с.

3.

Воробьева Б.И., Малинина Н.И. Следы на месте преступления.

Саратов, 1996. 258с.

4.

Раҳматҷонов А., Оқилова М. Мурофиаи ҷиноятӣ. Курси лексия.

Хуҷанд. «Хуросон».- 2008. – 483с.

Библиографические ссылки

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. аз 3.12.2009, №564 бо тағйироту иловагиҳо дар ҳолати 03.01.2024 № 2017// Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024, № 2017, мод.142

Божьев В.П. Уголовный процесс. Учебник для студентов вузов, обучающихся по специадьности «Юриспруденция»/-3-е изд.,испр.в доп.-М.: Спарк,2002.- 434с.

Воробьева Б.И., Малинина Н.И. Следы на месте преступления. Саратов, 1996. 258с.

Раҳматҷонов А., Оқилова М. Мурофиаи ҷиноятӣ. Курси лексия. Хуҷанд. «Хуросон».- 2008. – 483с.