Авторы

  • Муҳаббат Тиллохоҷаева
    МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров

Биография автора

  • Муҳаббат Тиллохоҷаева , МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров
    н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78135

Ключевые слова:

Инсонгароӣ сифатҳои касбӣ маърифат арзишҳои маънавӣ мактабҳои олӣ стандарт барнома.

Аннотация

Дар мақола масъалаҳо оид ба муамммоҳои инсонгароии омӯзиш, таваҷҷуҳ ба тарзи татбиқи раванди таълими ба ташаккули шахсият нигаронидашуда ҳамчун мақсад, натиҷа ва меъёри асосии самарабахши он; эътирофи донишҷӯ ҳамчун субъекти раванди педагогӣ; фароҳам овардани шароити зарурии ба инкишофи шахсияти донишҷӯ нигаронидашуда; барқарор намудани муносибатҳои инсондўстӣ байни омўзгор ва донишҷӯён; тасдиқи моҳияти бисёрсубъективӣ, муоширати раванди педагогӣ дар асоси ҳамкорӣ, эҷодкории муштараки омӯзгор ва донишҷӯ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 499 ~

ҒОЯҲОИ ИНСОНГАРОИИ ОМӮЗИШ ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ОЛӢ

Тиллохоҷаева Муҳаббат Набиҷоновна

н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики

МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров

Дар мақола масъалаҳо оид ба муамммоҳои инсонгароии омӯзиш, таваҷҷуҳ

ба тарзи татбиқи раванди таълими ба ташаккули шахсият нигаронидашуда

ҳамчун мақсад, натиҷа ва меъёри асосии самарабахши он; эътирофи донишҷӯ

ҳамчун субъекти раванди педагогӣ; фароҳам овардани шароити зарурии ба

инкишофи шахсияти донишҷӯ нигаронидашуда; барқарор намудани

муносибатҳои инсондўстӣ байни омўзгор ва донишҷӯён; тасдиқи моҳияти

бисёрсубъективӣ, муоширати раванди педагогӣ дар асоси ҳамкорӣ, эҷодкории

муштараки омӯзгор ва донишҷӯ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Рушди шахсияти донишҷўён дар асоси ташаккули салоҳиятҳо, ки яке аз

ҳадафҳои асосии таълими замони муосир буда, нақши фаъоли хонандагон дар

ҷараёни таълим меъёри асосии интихоби педагогӣ мебошад, ки барои рушди

фаъолияти маърифатӣ, инкишофи шахсият ва мутобиқати он бо талаботи

рӯзафзуни бозори меҳнат имконият фароҳам меорад. Муаллиф таъкид медорад,

ки дар ҳалли ин ё он супориш донишҷўён бояд дорои захираи муайяни дониш

бошад ва ҳангоми зарурат онро истифода карда тавонанд.

Калидвожаҳо:

Инсонгароӣ, сифатҳои касбӣ, маърифат, арзишҳои

маънавӣ, мактабҳои олӣ, стандарт, барнома.

В статье рассматриваются вопросы, связанные с гуманистической

проблемы

образования,

особое

внимание

уделяется

реализации

образовательного процесса, ориентированного на формирование личности как

его цели, результата и главного критерия эффективности; признание студента

субъектом педагогического процесса; создание необходимых условий,

направленных на развитие личности студента; восстановление гуманных


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 500 ~

отношений между преподавателями и учениками; Обсуждается утверждение

многосубъектности педагогического процесса, общения, основанного на

сотрудничестве, совместном творчестве педагога и ученика и т. д. Развитие

личности обучающихся на основе формирования компетенций является одной

из основных целей современного образования, а активная роль обучающихся в

образовательном процессе — основным критерием педагогического отбора,

который обеспечивает возможности для развития познавательной активности,

развития личности, ее соответствия постоянно растущим требованиям рынка

труда. Автор подчеркивает, что при решении той или иной задачи учащиеся

должны иметь определенный запас знаний и уметь использовать его при

необходимости.

Ключевые слова:

Гуманизм, профессиональные качества, образование,

духовные ценности, высшие учебные заведения, стандарты, программа.

Муносибатҳои нави таълим тамоюли умумии такмили таълим –

гуманизатсияи он, ба шахсияти донишҷӯ нигаронидашударо инъикос мекунанд.

Гуманизатсия ё худ инсонгароии омӯзишро М.Шакурӣ чунин тавзеҳ медиҳад:

“Асли инсонгароӣ рӯ овардан ба маънавият аст. Инсонгароӣ дар мактаб чунин

маънӣ дорад, ки омӯзишу парвариш такя бар илмҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ

меоварад, дарсҳое, ки маънавияти инсонро қувват медиҳанд, дар таълиму

тарбия мавқеъи асосӣ ишғол менамоянд. Бештар аз ҳама забон, адабиёт, санъат,

зебошиносӣ (эстетика), таърих, фалсафа ҷавҳари инсонии ҳастиро тақвият

медиҳанд, инсонро инсоният илқо менамоянд; одамият, хулқи нек, одобу услуб

меомӯзанд. Аз ин рӯ, дарсҳое, ки бунёди инсонии инсонро устувор мекунанд,

дар омӯзишу парвариш мавқеи асосӣ бояд дошта бошанд. Он чи одамро

одамият меомӯзад, чунончи адабиёти классикие, ки ба маънавиятгароӣ дар

ҷаҳон шӯҳрат дорад, бояд дар омӯзишу парвариш ҷойгоҳе басазо дошта бошад,

ба ақидаи банда аз кӯдакистон то охири таҳсили донишгоҳӣ (дар ҳамаи

донишгоҳҳо) саҳм бигирад” [4, 17].


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 501 ~

Дар лоиҳаи Консепсияи мактаби миллии тоҷикӣ масъалаи инсонӣ шудани

таълим зикр шудааст ва ғояҳои инсонгароӣ дар педагогика нав нестанд. Онҳо

дар принсипҳои дидактикӣ, афзалияти таълим, нақши махсуси донишҷӯён ва

фаъолияти онҳо дар равандҳои таълим инъикос меёбанд. Аммо дар марҳалаи

имрўзаи рушди маориф онҳо мазмуни нав касб карда, яке аз омилҳои эҳтиёҷоти

навовариҳои педагогӣ маҳсуб дониста шудаанд, ки ба проблемаи сарбории

иттилоотии донишҷӯён алоқаманд ҳастанд.

Таҳлили адабиёт оид ба муамммоҳои инсонгароии омӯзиш имкон дод, ки

самтҳои асосии он мураттаб карда шаванд: таваҷҷуҳ ба тарзи татбиқи раванди

таълими ба ташаккули шахсият нигаронидашуда ҳамчун мақсад, натиҷа ва

меъёри асосии самарабахши он; эътирофи донишҷӯ ҳамчун субъекти раванди

педагогӣ; фароҳам овардани шароити зарурии ба инкишофи шахсияти донишҷӯ

нигаронидашуда; барқарор намудани муносибатҳои инсондўстӣ байни омўзгор

ва донишҷӯён; тасдиқи моҳияти бисёрсубъективӣ, муоширати раванди педагогӣ

дар асоси ҳамкорӣ, эҷодкории муштараки омӯзгор ва донишҷӯ. Дар ин маврид

консепсияи таълими ба донишҷӯ нигаронидашуда асоснок карда мешавад.

Мутахассиси касбӣ мавзуъро, пеш аз ҳама, ҳамчун воситаи ташаккули

шахсияти донишҷӯ азхуд мекунад. Ин дар таҳсилоти касбии педагогӣ хеле

муҳим аст. Имрўз, ки нақши иҷтимоии маориф хеле баланд рафта истодааст,

дурнамои рушди иҷтимоӣ бештар ба самти инсонпарварӣ ва самаранокии он

вобаста аст [2, 63].

Чунин тарбияро танҳо дар асоси ғояҳои инсонгароии маориф, пешниҳод

намудани мафҳуми «Инсонгароӣ+эҷодкорӣ» ҳамчун самти афзалиятнок,

ҳамчун принсипи асосии омодасозии омўзгор дар раванди навсозии маориф

метавон ба роҳ монд.

Маҳаки инсонгароӣ дар таълим ба фарҳанги ҷаҳонбинии ҷавон, ба сатҳи

инкишофи маънавии ӯ талаботи махсус мегузорад. Маҳз ташаккули маънавиёт

ҳамчун фарҳанги гаронарзиш яке аз проблемаҳои муҳимтарини маорифи

муосир мебошад. Хусусияти бартаридошта дар инкишофи маънавии шахсияти

донишҷӯ қобилияти худтакмилдиҳии он мебошад.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 502 ~

Инсонгароии омӯзиш инчунин «таваҷҷуҳ ба рушди мазмуни таълим, сарфи

назар аз дараҷа ва намуди он, ки имкон медиҳад, ба манфиати шахс ва ба таври

осон мушкилоти асосии иҷтимоӣ ҳал карда шавад; забони модарӣ, таърих ва

фарҳанг хуб аз худ гардад; бо забонҳои хориҷӣ озодона муошират карда

тавонад; аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ саводнок бошад» фаҳмида мешавад [3,

273].

Дар мактабҳои олӣ самтҳои мушаххаси инсонгароии омӯзиш муайян карда

шудаанд, ки инҳо дар бар мегиранд:

1.Таҳияи консепсияи таълими инсонгароёна, ки чунин консепсия бояд

муаммоҳои зеринро ҳал кунад:

-таҷдиди назар ба барнома ва дастурҳои сикли фанҳои гуманитарӣ;

-риояи таносуби фанҳои табиӣ ва гуманитарӣ, зеро маҳз таносуби

донишҳои гуманитарӣ ва дақиқ моҳияти воқеии ҷаҳоншиносиро таъмин

менамояд;

- ҷорӣ намудани фанҳои интихобии фарҳангшиносӣ ва инсонӣ, курсҳои

махсус, фанҳои тахассусӣ ва ғайра.

2.Таваҷҷуҳ ба муносибати шахсӣ, ки таълиму тарбия, педагогикаи

ҳамкориро инкишоф медиҳад.

3.Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мувофиқи омӯзгорон, зеро пояҳои

фарҳанги башардӯстона, арзишҳои маънавӣ, инсондӯстонаро ба насли наврас

метавонад танҳо шахсе гузорад, ки худ соҳиби он бошад.

4.Дар ҷараёни таълим дохил намудани вазифаҳое, ки ба бознигарии

таҷрибаи шахсӣ, рушди тафаккури эҷодӣ, қобилияти маърифатӣ ва эҷодӣ,

муколамаи фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд.[1, 36].

Тавре ки таҳлили стандартҳо нишон медиҳад, дар таҳсилоти олии муосир

то ҳол мафҳуми илман асосноки дарки мақсад ва муҳтавои таҳсилоти касбӣ аз

ҷиҳати ин самтҳои рушди системаи маориф вуҷуд надорад. Хусусиятҳои

тахассусии ҷории ихтисосҳои педагогӣ моделҳои умумии фаъолияти касбии

соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад, ки дар онҳо талаботи умумӣ танҳо нисбат

ба мундариҷа нигаронида шудаанд. Камбудии асосии онҳо иборат аз он аст, ки


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 503 ~

тавсифи сифатҳои касбии мутахассис дар асоси салоҳиятҳои фаннӣ ба таври

пурра кофӣ нест.

Ҳамин тариқ, аз нуқтаи назари консептуалӣ ҳадафи раванди инсонгароиро

ба таври зайл ифода кардан мумкин аст: инсонгароӣ равиши мақсаднокест, ки

ба шиносоии инсон бо фарҳанг, арзишҳои маънавӣ тавассути афзоиши ҳиссае

аз фанҳои инсонӣ дар мундариҷаи таълим нигаронида шудааст. Яке аз

муҳимтарин фанҳои ин сикл – «Забони тоҷикӣ ва маданияти нутқ» аст, ки ба

нақшаҳои таълими ҳамаи ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил карда

шудаанд. Дар ин шароит аҳамияти тайёр кардани муаллимони забони тоҷикӣ

боз ҳам меафзояд. Самаранокии маҳорати касбии онҳо бояд пеш аз ҳама бо

қобилияти ташаккули малакаҳои маърифатӣ, ки ба тарбияи фарҳанги

маърифатӣ нигаронида шудааст, алоқаманд бошад. Дар системаи таҳсилоти

олии касбӣ арзишҳои инсондўстие, ки дар раванди инсонпарварӣ ва

инсонгароии омӯзиш ташаккул меёбанд, дар доираи вазифаҳои умумии таълим

дар ҷанбаҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:

- ташаккули салоҳияти иҷтимоию фарҳангии донишҷӯ;

- такмили сифатҳои шахсии донишҷӯ (шуур, таваҷҷуҳ, хотира, эҳсос ва

ҳавасмандии шахсият, яъне онҳое, ки бо қобилиятҳои маърифатӣ

алоқаманданд);

-инкишоф

додани

қобилиятҳои

муоширати

байнифарҳангӣ

(таҳаммулпазирӣ);

-ташаккули сифатҳои касбии шахс дар соҳаи ҳамкории касбии байнишахсӣ

ва сатҳи интерактивии муоширати касбӣ. Ин маънои онро дорад, ки

самаранокии таҳсилоти касбӣ дар заминаи инсонгароӣ бо низоми муносибати

таълимӣ-маърифатӣ имкон медиҳад, ки шахсияти мутахассисе ташаккул ёбад,

ки дар ҳама гуна муҳити касбӣ, ҳатто вазъияти душвори педагогӣ озодона

муошират карда тавонад.

Арзишҳои инсонпарвариро ҳамчун вазифа ва натиҷаи раванди таълим дар

ҷанбаи ғояҳои умумитаълимӣ баррасӣ намуда, ин истилоҳро ҳамчун маҷмуи

сифатҳои ҳам марбути шахсияти донишҷӯ, ки дар он, пеш аз ҳама, фарҳанги


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 504 ~

ахлоқӣ, маънавӣ ва касбии ӯ ифода меёбад, арзёбӣ намоем. Тавре ки таҷрибаи

педагогӣ нишон медиҳад, ҳангоми баррасии ташаккули арзишҳои инсондӯстӣ

дар раванди таълим дар асоси муносибати маърифатӣ мушкилоти зерин муайян

карда мешаванд:

- зарурати таҷдиди назар ба мундариҷаи фанҳои таълимӣ, пеш аз ҳама,

фанҳои инсонӣ, ки ба ташаккули шуури инсондӯстона мусоидат мекунанд;

системаи арзишҳо, ки барои ба назар гирифтани манфиатҳо ва ниёзҳои шахсият

нигаронида шудаанд. Ин ба фанҳои забоншиносие низ дахл дорад, ки

қобилияти методии донишҷуён-филологҳоро ташкил медиҳанд;

- аз нав дида баромадани мақсаду воситаҳои таълими касбие, ки дар асоси

муносибати таълимӣ-маърифатӣ таҳия карда шаванд;

– ташаккули модели маърифатии азхудкунии донишҳои методӣ дар асоси

фаъолият.

Ва ин модел бояд ба се принсип асос ёбад, ки сегонаи донишро ташкил

медиҳанд:

1.азхудкунии дониш;

2. сохтор;

3. амал намудан аз рӯйи он.

Дар баробари равандҳои инсонгароӣ ва башардӯстона раванди

стандартикунонӣ дар таҳсилоти олии муосир фаъолона ҷараён дорад.

Муаллимони донишгоҳ маҳз дар асоси стандартҳои давлатӣ барои фанни худ

барномаи таълимӣ, дар асоси он барномаи корӣ ва баъдан маҷмуаҳои таълимию

методӣ таҳия мекунанд, ки мафҳумҳои асосии дидактикиро инъикос мекунанд.

Аз ин рӯ, стандартҳо дар соҳаи маориф бояд чунин масъалаҳоро фаро гиранд:

истилоҳоту мафҳумҳои асосии илм; ғояҳои пешбари илм; ҳудуд ва технологияи

дар амал татбиқ намудани илм; номгӯи малака ва маҳоратҳои асосии таълим;

номгӯи малакаҳои асосии зеҳнӣ, фаъолият ва қобилиятҳо. Се унсури аввал

ташаккули чаҳонбинии илмӣ, дуи охирин — инкишофи мустақилияти ҷустуҷӯӣ

ва қобилияти маърифатии донишҷӯён, инчунин нерӯи эҷодии онҳоро таъмин

менамояд. Азхудкунии маҷмуи нишондиҳандаҳои стандарти таълимӣ сифати


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 505 ~

масъулияти донишҷў барои сифати таҳсилот ва омодагӣ ба фаъолияти

мустақилонаи касбӣ мебошад

Ҳамин тавр, мақсади таҳсилоти олӣ на танҳо тайёр кардани мутахассис,

балки ташаккули шахсияти дорои арзишҳои инсондўстӣ мебошад ва

самаранокии таҳсилоти касбӣ дар заминаи инсонгароӣ бо низоми муносибати

таълимӣ-маърифатӣ имкон медиҳад, ки шахсияти мутахассисе ташаккул ёбад,

ки дар ҳама гуна муҳити касбӣ, ҳатто вазъияти душвори педагогӣ озодона

муошират карда тавонад.

Пайнавишт:

1

.

Гусейнова, Т.В. Практическая направленность методической подготовки

учителей русского языка: Дисс. д.п.н.: 13.00.02 / Т.В.Гусейнова.-Душанбе, 1997.

2.Мартынов, В.В. Категории языка: Семиологический аспект / B.

В.Мартынов. - М.: Наука, 1982. - 192с.

3.Попков, В.А. Учебный процесс в вузе: состояние, проблемы, решения /

В.А.Попков, А,В,Коржуев, - М,, 2000.

4.Шукуров М. Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ [Матн] / М.Шукуров.

– Душанбе, 2002. –98с.

Библиографические ссылки

Гусейнова, Т.В. Практическая направленность методической подготовки учителей русского языка: Дисс. д.п.н.: 13.00.02 / Т.В.Гусейнова.-Душанбе, 1997.

Мартынов, В.В. Категории языка: Семиологический аспект / B. В.Мартынов. - М.: Наука, 1982. - 192с.

Попков, В.А. Учебный процесс в вузе: состояние, проблемы, решения / В.А.Попков, А,В,Коржуев, - М,, 2000.

Шукуров М. Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ [Матн] / М.Шукуров. – Душанбе, 2002. –98с.