100
Vol. 5, No. 11 – Special Issue (EJMTCS)
ISSN: 2181-2861
МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ-МОЛИЯВИИ
ТОҶИКИСТОН
Ҳаитов Саидали Поргиевич
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти
кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва зиддикоррупсионӣ. Суроға: 734067, ш. Душанбе, Ҷумҳурии
Тоҷикистон, кӯчаи Нахимов, 64/14. E-mail: saidali.66@list.ru
Бегмирзоев Шерали Нуралиевич
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи андоз ва
андозбандӣ. Суроға: 734067, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Нахимов, 64/14.
Ҳаитов Сулаймон Саидалиевич
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, докторанти Ph.D-и кафедраи молия. Суроға:
734067, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кўчаи Нахимов, 64/14. Е-mail: Somon94@list.ru
https://doi.org/10.5281/zenodo.17510635
Дар мақола масъалаҳои мубрами сиёсати молиявию ҳуқуқии Тоҷикистон дар шароити рушди
муосири иқтисодӣ ва ҳамгироӣ ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ таҳлил карда мешаванд. Аз ҷумла, роҳҳои
такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии танзими молиявӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии
молияи давлатӣ, инчунин тадбирҳои мубориза бо коррупсия ва амалиёти ғайриқонунии молиявӣ
баррасӣ карда мешаванд. Мақола мушкилоти асосии кишварро ҳангоми татбиқи сиёсати молиявию
ҳуқуқи таҳлил намуда, барои рафъи онҳо тавсияҳо пешниҳод шудааст, ки ин бояд ба рушди устувори
иқтисодӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории Тоҷикистон мусоидат намояд.
Калидвожаҳо
: сиёсати молиявӣ-ҳуқуқӣ, танзими молиявӣ, қонунгузорӣ, коррупсия, молияи
давлатӣ, рушди иқтисодӣ, Тоҷикистон, ҷолибияти сармоягузорӣ, заминаи меъёрию ҳуқуқӣ.
СОВРЕМЕННЫЕ ПРОБЛЕМЫ ФИНАНСОВО-ПРАВОВОЙ ПОЛИТИКИ
ТАДЖИКИСТАНА
Хаитов Саидали Поргиевич
кандидат юридических наук, доцент кафедры административного и антикоррупционного права
Таджикского государственного финансово-экономического университета. E-mail: saidali.66@list.ru
Бегмирзоев Шерали Нуралиевич
старший преподователь кафедры налог и налогоабложения. Таджикского государственного
финансово-экономического университета.
Хаитов Сулаймон Саидалиевич
Таджикский государственный финансово-экономический университет, докторант Ph.D кафедры
финансов. Адрес: 734067, г. Душанбе, Республика Таджикистан, улица Нахимова, 64/14. Е-mail:
В статье анализируются актуальные вопросы финансово-правовой политики Таджикистана в
условиях современного экономического развития и интеграции в мировое экономическое
пространство. В частности, рассматриваются пути совершенствования нормативно-правовой базы
финансового регулирования, повышения прозрачности и эффективности государственных финансов,
а также меры по борьбе с коррупцией и нелегальными финансовыми операциями. В статье
анализируются основные вызовы, с которыми сталкивается страна при реализации своей финансово-
правовой политики, и предлагаются рекомендации по их преодолению, что должно способствовать
устойчивому экономическому росту и повышению инвестиционной привлекательности Таджикистана.
Ключевые слова:
финансово-правовая политика, финансовое регулирование, законодательство,
коррупция, государственные финансы, экономическое развитие, Таджикистан, инвестиционная
привлекательность, нормативно-правовая база.
101
Vol. 5, No. 11 – Special Issue (EJMTCS)
ISSN: 2181-2861
MODERN PROBLEMS OF FINANCIAL AND LEGAL POLICY OF
TAJIKISTAN
Khaitov Saidali Porgievich
Candidate of Juridical Sciences, Associate Professor of the Department of Administration and Anti-
Corruption Law of the Tajik State University of Finance and Economics. Tell: 901030164 E-mail:
Begmirzoev Sherali Nuralievich
senior lecturer at the Department of Taxation and Taxation. Tajik State University of Finance and
Economics.
Khaitov Sulaymon Saidalievich
Tajik State University of Finance and Economics, Ph.D. candidate of the Department of Finance. Address:
734067, Dushanbe, Republic of Tajikistan, Nakhimov Street, 64/14. E-mail: Somon94@list.ru
The article analyzes current issues of Tajikistan's financial and legal policy in the context of modern
economic development and integration into the global economic space. In particular, ways to improve the
regulatory framework for financial regulation, increase transparency and efficiency of public finances, as well
as measures to combat corruption and illegal financial transactions are being considered. The article analyzes
the main challenges that the country faces in implementing its financial and legal policy, and offers
recommendations on how to overcome them, which should contribute to sustainable economic growth and
increase Tajikistan's investment attractiveness.
Keywords:
financial and legal policy, financial regulation, legislation, corruption, public finance,
economic development, Tajikistan, investment attractiveness, regulatory framework.
Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи муайяни муносибатҳои молиявие
мебошад, ки дар раванди онҳо воситаҳои пулӣ ташкил ёфтаву мавриди истифода қарор мегиранд.
Ба ин васила, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои
солҳои 2018-2028, тибқи фармони рақами 668 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли
2023 тасдиқ кардааст.
Доктор Носир Котузиён қайд кардааст, ки: «Ҳуқуқи молия ин қоидаҳои муассисаҳои андозу
боҷҳое, ки давлат аз шаҳрвандон меситонад, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба буҷети оммавӣ
ва уҳдадориҳои Палатаи ҳисоб мебошад» [1, с.94].
Бояд дар ёд дошт, ки молиёти оммавӣ ё ҳуқуқи молия набояд бо ҳуқуқи андоз маҳдуд шаванд,
чунки ин фақат қисме аз ҳуқуқи молия ҳасту бас.
Бино ба таърифи Луи Протаб ва Жан Марӣ Куттере, «ҳуқуқи андоз - соҳаи ҳуқуқи оммавӣ
мебошад, ки қоидаҳову муқаррароти андозбандӣ ва бартариҳои иҷроиши онҳоро муқаррар менамояд»
[4, с.14].
Ба фикри мо, ҳуқуқи молия илм дар бораи таҳлили қонуну қоидаҳо оид ба даромад ва хароҷоти
давлатии буҷети оммавии кишвар ва оқибатҳои он мебошад.
Масъалаҳои муосири сиёсати ҳуқуқӣ-молиявии кишвар ҳамчун мавзуи таҳқиқ аз инҳо
иборатанд: масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ-молиявӣ; таҳлили ислоҳоти буҷет ва ҳуқуқи буҷетӣ;
масъалаҳои ҳуқуқии ташаккулёбии даромадҳои оммавӣ ва иҷроиши хароҷоти оммавӣ; масъалаҳои
танзими андоз ва такмилдиҳии қонунгузории андоз; ошкор намудани сабабҳои бемувозинатии
буҷетҳои тамоми сатҳҳо ва фондҳои давлатии мақсаднок; исбот (асоснок) кардани зарурати ислоҳоти
низоми андоз (аҳамияти аввалиндараҷа бояд ба ААИ (НДС), андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва
ҳуқуқӣ ва ғ., инчунин ба пурзӯр кардани назорати андоз дода шавад); масъалаи баланд кардани меъёри
андозбандӣ барои истифодабарандагони табиат, ки фоидаи молиявӣ мегиранд; масъалаҳои тамвили
буҷетии норасо; омӯхтани сабабҳои сатҳи баланди таваррум ва паёмадҳои рушди демографӣ; баён
кардани сабабҳои афзоиши ҳаҷми содироти софи манфӣ ва истеҳсоли норасоии молҳои
102
Vol. 5, No. 11 – Special Issue (EJMTCS)
ISSN: 2181-2861
воридотивазкунанда, ки боиси коҳишёбии даромадҳои давлат ва ихтисори даромадани асъор ба буҷет
мегардад.
Алҳол аҳамияти масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳам хеле калон мебошад. Пойгоҳи меъёрии ҳуқуқии молиёти
давлатӣ як қатор санадҳоро дар бар мегирад. Аҳамияти аз ҳама бештарро дар ин шумор қонунҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Буҷети
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доранд. Ин қонунҳо хусусияти умумии сохти буҷет, ба шумули
принсипҳои ташкил ва амалкарди низоми буҷет, тартиби муайян кардани даромадҳо ва тасдиқи
хароҷоти буҷетҳо, мазмун ва ҳудуди танзими ҳуқуқии буҷетҳои сатҳҳои мухталиф, амалисозии
мурофиаи буҷетӣ, инчунин тартиб ва шартҳои ҷаавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузории
буҷетро муқаррар мекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
муносибатҳои алоқаманд бо таҳияи лоиҳа, баррасӣ, тасдиқ ва иҷроиши буҷети давлатӣ, назорат аз
болои амалӣ шудани он ва муносибатҳои байнибуҷетиро танзим мекунад, инчунин принсипҳои
умумии амалисозии мурофиаи буҷетиро дар мақомоти давлатии ҳокимияти марказӣ ва маҳаллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад [2].
Гуфтан муҳим аст, ки ба вазъи муосири низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равандҳои
ҷаҳонишавӣ ва табдили Тоҷикистон ба яке аз ширкаткунандагони низоми молия ва иқтисоди ҷаҳон
таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Бинобар ин, буҳрону таваррумҳои ҷаҳонӣ бевосита ба вазъи иқтисоди
Тоҷикистон таъсир мегузоранд.
Таъмини суботи макроиқтисодӣ ва коҳиши таваррум шартҳои асосии рушди иқтисодӣ ва
ивазшавии сенории рушди иқтисод мебошанд. Барои Тоҷикистон ин гузаштан аз модели кишоварзӣ-
саноатӣ ба модели саноатӣ-кишоварзии рушд мебошад.
Дар ин ҳол сухан дар бораи инкишофдиҳии афзалиятноки соҳаҳои саноат дар ҷумҳурӣ меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздиктарин ба таври устувор дар масири дигаргунии бузурги
саноатию инноватсионӣ қарор мегирад, ки дар оянда афзоиши солонаи 8-9 дарсадии сатҳи ММД-ро
таъмин хоҳад кард.
Албатта, вазъи молиявии иқтисодиёти Тоҷикистони муосир дар зери таъсири он тағйироти сиёсӣ
ва иҷтимоию иқтисодие қарор дорад, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон ба вуқуъ меоянд. Ин низоми молияи
ҷумҳуриро аз ҷиҳати хатарҳои фискалӣ осебпазир мегардонад ва ба татбиқи сиёсати сахттари буҷети
пуливу қарзӣ водор мекунад, то ки ҳукумат дар иҷрои уҳдадориҳояш ба ҳеҷ душворие мувоҷеҳ
нашавад.
Имрӯз дар сиёсати молиявии Тоҷикистон ба масоили зерин аҳаммияти хоса дода мешавад:
•
додани кафолати мутавозинии буҷетҳои тамоми сатҳҳо ва фондҳои давлатии мақсаднок;
•
Беҳтаргардонии низоми андоз ва қонунгузории андоз;
•
Муносибгардонии таркиби хароҷоти давлатӣ;
•
Қабул кардани буҷети шаффофу воқеӣ;
•
Афзоиши тамвили сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ;
•
Таъмини ягонагӣ ва тавофуқи сиёсати фаъолияти пуливу қарзӣ ва молиявӣ;
•
Таҳкими арзиши пули миллӣ;
•
Идораи меъёрҳои фоиз;
•
Беҳтаргардонии истифодаи моликияти давлатӣ;
•
Беҳтаргардонии усулҳои иҷроиши буҷетҳо дар сатҳҳои гуногун;
•
Густариш додани равобити молиявӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ ва хориҷи дур;
•
Пурра гузаштани низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар соҳаҳои андоз, гумрук, бонк,
буҷет ва диг.) ба технологияҳои рақамӣ, ки шаффофии тамоми равандҳои молиявиро таъмин
хоҳад кард.
Аз моҳияти вазифаҳои ояндаи ҳуқуқи молияи муосири Тоҷикистон чунин бармеояд, ки он бо
соҳаҳои дигари ҳуқуқ ҳамбастагӣ дорад. Зимнан, фаромӯш набояд кард, ки мубоҳисаҳои илмӣ дар
бораи мавқеъ ва нақши ҳуқуқи молия, дар мавриди мавзуъ ва усул, низом ва принсипҳои он то ҳол қатъ
103
Vol. 5, No. 11 – Special Issue (EJMTCS)
ISSN: 2181-2861
намешаванд. Ин аз мубрам будани муносибатҳои ҳуқуқие дарак медиҳад, ки тавассути ин соҳаи ҳуқуқ
танзим мешаванд.
Сиёсати ҳуқуқӣ-молиявӣ баробари инкишофи ҷомеа ва давлат пайваста дар ҷустуҷӯи
механизмҳоест, ки барои танзими самарабахштари вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат
кунанд. Дар ин ҷо сиёсати ҳуқуқӣ-буҷетӣ, албатта нақши худро мебозад, яъне бо истифода аз он
мушкилоти номавзунии буҷетҳо ва фондҳои махсус бояд ҳал карда шаванд.
Бо сабаби номусоид будани вазъият дар ҷаҳон, давлатҳоро лозим меояд ба механизмҳои
молиявии махсус, аз қабили қарзи давлатӣ, эмиссияи коғазҳои қиматнок ва фурӯши онҳо дар бозори
дохилии зинаи дувум ва ба фурӯши вомбаргҳо дар кишварҳои хориҷӣ машғул шаванд.
Афзоиши доимии тамвили буҷетӣ барои рушди иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи
некуаҳволии мардум зарур мебошад. Афзоиши хароҷоту меъёри андозбандӣ, инчунин афзудани
заминаи манбаъҳои эмиссионӣ ва ноэмиссионии пӯшиши касри буҷет вазъро тағйир дода метавонанд.
Мушкилоти норасоии буҷети давлатӣ ин аст, ки он барои оянда тарҳрезӣ мешавад. Ба ин васила,
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст, ки вазифаҳои байналмилалиашро оид ба
афзудани ҳосилнокӣ ва такмилдиҳии стандартҳо ҳамчун заминаи асосии банақшагирии буҷетӣ иҷро
намояд.
Соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дошт даромадҳоро ба 42,9 млрд. сомонӣ расонад, вале ин
нишондиҳанда ҳам мисли пешин хеле паст мебошад.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2024 бояд 44,1 млрд. сомониро ташкил медод, ки аз ҷамъи
даромадҳо қариб 1,2 млрд. сомонӣ бештар аст.
Бар асоси лоиҳаи тасдиқкардаи ҳукумат, ҳамон сол пешгӯӣ шуд, ки ба буҷет 42 млрд. 956 млн.
463 ҳаз. сомонӣ ворид мешавад; касри он, тибқи пешгӯӣ, 1,2 млн. сомониро ташкил медод.
Дар ин ҷо, ҳамчунин бояд қайд кард, ки тамоми нишондиҳандаҳо дар асоси даромадҳои
молиявии воридшаванда ба суратҳисобҳои ташкилоти буҷетӣ ҳисоб карда шудаанд, ки ҳангоми
банақшагирӣ ва истифодабарии захираҳои молиявӣ барои хизматрасонӣ ба аҳолии Тоҷикистон ба
ҳисоб гирифта мешаванд. Тамоми ин раванд механизми меъёрии такмилро талаб мекунад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми банақшагирии буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2024 ва бо мақсади
ҳалли масъалаи мувозинати буҷетҳо, каср, яъне хароҷоти бештар аз даромад, бо назардошти хароҷоти
хизматрасонии қарзи давлатӣ ва тамвили лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо,
тамоюл дар ин самт дар шароити муосир нисбат ба пешгӯиҳо бадтар баромад. Касри буҷети давлатӣ
барои соли 2024 хеле калон буд ва аён аст, ки солҳои 2025-2026 ин нишондиҳандаҳо аз рақамҳои
банақшагирифта тафовути назаррас хоҳанд дошт.
Чунончӣ, даромади буҷети давлатӣ барои соли 2025 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2024 ба 16%
ё ба 6,9 млрд. сомонӣ зиёд гардида аст.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2024 бошад, ба зиёда аз 4,5 млрд. сомонӣ афзуд. Касри буҷет
дар сатҳи 0,8 дарсади ММД, ё 1,1 млрд. сомонӣ тасдиқ карда шуд.
Зимнан, хароҷот барои соҳаи маориф 8,2 млрд. сомонӣ, барои ҳифзи иҷтимоӣ 9,4 млрд. сомонӣ
ва барои хизматрасонии қарзи хориҷӣ 3,4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Дар сохтори иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои мавсимии истеҳсолот [3, с.4] ва соҳаҳои
хизматрасонӣ бартарӣ доранд. Бисёре аз онҳо камдаромад буда, маблағи хеле камеро ба буҷет
медиҳанд. Баъзан чунин корхонаҳо уҳдадории андозашонро иҷро намекунанд, ки ин вазъи молиявии
давлатро бадтар месозад. Дар ин миён, чуноне ки Г.Н. Оймаҳмадов қайд мекунад, навъҳои мавсимии
истеҳсолот зиёда аз 50%-и ММД-ро истеҳсол мекунанд. Бинобар ин, барои тағйир додани вазъи
иҷроиши уҳдадориҳои андоз аз ҷониби чунин корхонаҳо ба санадҳои дахлдори қонунгузорӣ тағйирот
ворид кардан лозим аст.
Ба ғайр аз ин, истифодабарии нишондиҳандаҳои тавозуниро маҳдуд ва расмиёти муфлисшавиро
бо ёрии формулаи муфлисӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ содатар кардан зарур аст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, бо
мақсади амалигардонии сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар
104
Vol. 5, No. 11 – Special Issue (EJMTCS)
ISSN: 2181-2861
қабул шуда буд. Ин санад бояд ба коҳишёбии таъсири омилҳои манфӣ ва тавсеаи зерсохтор мусоидат
намояд. Мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Афзоиши ҳадди аксари даромадҳои буҷет аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳо боз як масъалаи
муҳимтарин дар соҳаи сиёсати молиявӣ мебошад. Воситаҳои асосии танзим дар ин соҳа тавсеаи
заминаи (манбаи) андозбандишаванда, бартараф кардани қарзи муҳлатгузашта, пурзӯр кардани
назорати андоз, тағйир додани тартиби баҳисобгирии пардохтҳо дар сатҳҳои низоми буҷетӣ ва ҷорӣ
намудани монополияи давлат ба истифодабарии захираҳои табиӣ мебошанд. Сабабҳои маъмултарини
нишондиҳандаҳои пасти андозситонӣ пинҳон доштани фоида аз ҷониби андозсупорандагон, саркашӣ
аз супоридани андозҳо бо сабаби нуқсони қонунгузорӣ ва аз ҳама асосӣ - ихтисори доимии манбаи
андозбандишаванда дар натиҷаи коҳишёбии маҷмуи маҳсулоти дохилии воқеӣ мебошанд. Имрӯзҳо
қувваи асосии истеҳсолкунандаи ҷомеа захираҳои инсонӣ мебошанд, ки ҳатто талаботи иҷтимоиро
қонеъ карда наметавонанд, чунки онҳо одатан ба истеҳсоли молҳое машғуланд, ки дар бозор талабгор
надоранд. Истеҳсоли маҳсулоти бе тақозо даромад намедиҳад. Дар натиҷа, истеҳсолот инкишоф
намеёбад, маблағ ҷамъоварӣ намешавад, сармоягузорӣ вуҷуд надорад. Албатта, ҳаҷми воридот дар
кишвар бе майлон меафзояд ва қурби пули миллӣ меафтад. Дар натиҷаи ҳамаи ин қарзҳо меафзоянд,
пардохтҳо амалӣ намешаванд, меъёри фоиз боло меравад ва ин ба вобастагии иқтисод аз сармояи
хориҷӣ оварда мерасонад. Ин мушкилоти печидаи иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад, ки ба сиёсати
молиявӣ, буҷетӣ, андоз ва пулию қарзӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад ва вазъиятро танҳо дар сурати
такмили низоми андозбандӣ, гузариши босуръат ба иқтисоди рақамӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти
ватанӣ ва муборизаи фаъол бо иқтисоди ниҳон беҳтар кардан мумкин аст.
Дар марҳилаи муосир, аллакай назорати электронӣ аз болои моддаҳои хароҷоту даромади
буҷетҳои тамоми низоми буҷетӣ муқаррар шудааст, ки ин ба ҳалли мушкилот мусоидат хоҳад кард.
Масъалаи бозсозии сохтори қарзи давлатӣ яке аз уҳдадориҳои асосии мақомоти ваколатдори
ҳокимияти давлатӣ мебошад. Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки истифодабарии маблағҳо барои
пӯшонидани касри буҷет тавассути барориши коғазҳои қиматноки камхаридор самаранокии идораи
қарзи хориҷиро коҳиш медиҳад.
Вазифаи асосии тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ татбиқи қарорҳои самарабахш ва махсусан,
саривақтӣ оид ба моддаҳои мушаххаси буҷет ва санадҳои меъёрии танзимкунандаи тамоми сиёсати
молиявӣ мебошад. Муқаррар кардани буҷети воқеӣ имкони назорати иҷроиши қисми хароҷоти буҷет
ва он дар навбати худ, имкони хулосабарории нисбатан асоснокро дар бораи вазъи иқтисодиёт таъмин
менамояд.
Яке аз сабабҳои асосӣ барои ворид намудани тағйирот ба сиёсати молиявӣ афзоиши таваррум
мебошад, ки он аз таъсири як қатор омилҳо, ба монанди коҳиши қобилияти харидории аҳолӣ,
ликвиднокии пул ва уҳдадориҳои қарзӣ, коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ рух
медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир тамоми ҷаҳду талошро асосан ба сармоягузорӣ дар соҳаи молия равона бояд кард.
Ин равандро аз ҳисоби қарзҳои дохилӣ ва хориҷӣ, пасандозҳои синфи миёна, инчунин даромади
шахсони соҳиби даромади баланд ва аз ҳад баланд ва маблағҳои ғайрирезидентон амалӣ метавон кард.
Бо кам кардани ҳиссаи бахши давлатӣ ва афзудани саҳми бахши хусусӣ дар иқтисод, инчунин густариш
додани сармоягузорӣ ба бизнеси хурд ва истеҳсолоти илмталаб, заминаи босуботро барои шаклгирии
некуаҳволии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овардан мумкин аст.
Омилҳои зикршуда ба сатҳи қурби пули миллӣ (сомонӣ) таъсири манфӣ мерасонанд ва боиси
кам шудани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тибқи мизони қобилияти харидорӣ мегарданд, ин мувозинати
низоми миллии пулро вайрон ва механизмҳои танзими онро заиф мекунад. Барои ҳалли мушкилоти
пайдошуда давлат бояд ба мубодилаи асъори хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ тааллуқ дорад ва дар шакли
пасандозҳо берун аз низоми бонкӣ маҳфуз аст, рӯ оварад. Ин амал барои ҷалби маблағ ба
суратҳисобҳои бонкҳои тиҷоратӣ иҷро мешавад, дар ин ҳангом бояд кафолати бақои пасандозҳо ва
индексатсияи онҳо дода шавад.
105
Vol. 5, No. 11 – Special Issue (EJMTCS)
ISSN: 2181-2861
Ғайр аз ин, дар заминаи сиёсати молиявӣ сатҳҳои меъёрҳои фоиз ва меъёрҳои андоз бояд дақиқан
танзим карда шаванд.
Дар ин миён бояд дар хотир дошт, ки буҷети давлатиро маҳз андозсупорандаи масъулиятнок
ташаккул медиҳад, ки иҷроиши уҳдадориҳои андози худро тибқи қонунгузории андоз таъмин мекунад.
Ба ин васила, барои таъмини суботи тамоми низоми иқтисодӣ ва молиявӣ корҳои зеринро иҷро
бояд кард:
а) таъмин кардани мувозинати буҷетҳо ва тасдиқ кардани зарурати онҳо дар асоси пешгӯии
воқеии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;
б) амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳо барои тавсеаи базаи андозбандӣ.
в) муқаррар намудани ҳадди даромаднокии қарзҳои давлатӣ, кушодани Бонки миллии
Тоҷикистон барои тиҷорат дар бозори озод ва ғайраҳо.
Сиёсати молиявӣ, пуливу қарзӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ бояд тавофуқшуда бошанд ва талаботи
тамоми қишрҳои аҳолиро, ки боигарии миллиро ба вуҷуд меоранду дорои иқтидори зеҳнӣ ва иқтисодӣ
мебошанд, қонеъ намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон баҳри паси сар кардани буҳрони молиявӣ аз ҳисоби ҷонноксозии иқтисод
ва инкишофи иқтисоди воқеӣ, ки заминаи андозбандиро афзуда, мавқеи геополитикӣ ва стратегии
кишварро мустаҳкам мекунад, кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Foydalanilgan adabiyotlar:
1.
Котузиён Носир. Муқаддимаи илмӣ, ҳуқуқ ва мутолиа дар низоми ҳуқуқии Ирон. -Теҳрон: АО
Ширкати саҳомии интишор, 1378. -№75. -С.94.
2.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ»
// Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -2004. -№5. -М. 339; 2006. -№11. –М. 472;
2009. -№12. -М.814; 2010. -№12. Қ.1. -М. 800; 2013. -№3. -М.179; №7. -М.500.
3.
Оймахмадов Г.Н. Региональные проблемы роста уровня жизни. Автореферат: дис. …к.э.н. –
Душанбе, 1989. –С.4.
4.
Протаба Луи и Куттере Жан. Ҳуқуқи молиётӣ. Тарҷумаи Муҳаммад Алӣ Яздонбахш, нашри
Хотун. -Теҳрон, 1367. -С.14.
