Авторы

  • Шокирҷон Исмоилов
    муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ
  • Гульчеҳра Исмоилова
    муаллима кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ

DOI:

https://doi.org/10.71337/inlibrary.uz.international-scientific.78133

Ключевые слова:

Фаъолгардонии таълим тафакури интиқодӣ методҳои интерактивӣ таълими муаммовӣ кейс-метод мубоҳисаҳо фаъолияти лоиҳакашӣ муҳити таҳсилотӣ.

Аннотация

Дар мақола методҳои муосири таълим, ки ба инкишофи тафаккури интиқодӣ дар таълимгирандагон равон карда шудааст, баррасӣ мешаванд. Асосҳои назариявӣ ва ҷанбаҳои амалии татбиқи технологияҳои интерактивӣ, таълими муаммовӣ, кейс-методҳо, мубоҳисаҳо ва фаъолигии лоиҳакашӣ таҳлил карда мешаванд. Нақши омӯзгор дар созиши муҳити таҳсилотии ҳавасмандкунанда, ки барои ташаккулёбии малакаҳои таҳлил, баҳо ва таркиби ахборот мусоидат менамояд, қайд карда мешавад. Натиҷаҳои тадқиқот, ки самаранокии методҳои додашударо дар баланд бардоштани пешрафти академӣ, ва инкишофи тафаккури интиқодиро тасдиқкунанда аст, пешниҳод гардидаанд.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 486 ~

МЕТОДҲОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ ТАЪЛИМ ВА ИНКИШОФИ

ТАФАККУРИ ИНТИҚОДӢ

Исмоилов Шокирҷон Ғуломович

муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Исмоилова Гулчеҳра Сайфиддиновна

муаллима кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ

Аннотатсия:

Дар мақола методҳои муосири таълим, ки ба инкишофи

тафаккури интиқодӣ дар таълимгирандагон равон карда шудааст, баррасӣ

мешаванд. Асосҳои назариявӣ ва ҷанбаҳои амалии татбиқи технологияҳои

интерактивӣ, таълими муаммовӣ, кейс-методҳо, мубоҳисаҳо ва фаъолигии

лоиҳакашӣ таҳлил карда мешаванд. Нақши омӯзгор дар созиши муҳити

таҳсилотии ҳавасмандкунанда, ки барои ташаккулёбии малакаҳои таҳлил, баҳо

ва таркиби ахборот мусоидат менамояд, қайд карда мешавад. Натиҷаҳои

тадқиқот, ки самаранокии методҳои додашударо дар баланд бардоштани

пешрафти академӣ, ва инкишофи тафаккури интиқодиро тасдиқкунанда аст,

пешниҳод гардидаанд.

Калидвожаҳо:

Фаъолгардонии таълим, тафакури интиқодӣ, методҳои

интерактивӣ, таълими муаммовӣ, кейс-метод, мубоҳисаҳо, фаъолияти

лоиҳакашӣ, муҳити таҳсилотӣ.

Аннотация:

В статье рассматриваются современные методы обучения,

направленные на развитие критического мышления у обучающихся.

Проанализированы теоретические основы и практические аспекты реализации

интерактивных технологий, проблемного обучения, кейс-методов, дискуссий и

проектной деятельности. Роль учителя подчеркивается в создании

стимулирующей образовательной среды, которая способствует формированию

навыков анализа, оценки и синтеза информации. Были представлены

результаты исследований, подтверждающие эффективность данных методов в

повышении академического прогресса и развитии критического мышления.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 487 ~

Ключевые слова:

Активизация обучения, критическое мышление,

интерактивные методы, проблемное обучение, кейс-метод, дискуссии,

проектная деятельность, образовательная среда.

Дар шароитҳои босуръат ивазшавандаи олам ва сарбории барзиёдии

иттилоотӣ инкишофи тафаккури ннтиқодӣ яке аз вазифаи калидии таҳсилоти

муосир мегардад. Тафаккури интиқодӣ – ин қобилияти таҳлили ахборот,

баҳодиҳии далелҳо, ошкорсозии зиддият, ташаккулдиҳии фикри шахсӣ ва

қабули қарори асоснок аст. Ин бахотиргирии оддии механикии далелҳо не,

балки раванди фаъоли фаҳмидагириву тафсири донишҳои бадастоварда аст.

Тафаккури интиқодӣ – ин тафаккури мустақил буда, он аз гузориши

масъалаҳои ҳалталаб оғоз мегардад. Тафаккури интиқодӣ тафаккури баҳогӣ,

рефлексифиро мефаҳмонад. Ин нуқтаи такягош барои тафаккури одам, ин тарзи

табиии таъсири байниҳамдигарӣ бо ғояҳо ва ахборотҳо мебошад.

Методҳои анъанавии таълим, ки ба идроки ғайрифаъолонаи ахборотҳо

асос карда шудааст, барои ташаккули малакаҳои тафаккури интиқодӣ нокифоя

аст. Методҳои фаъолгардонии таълим заруранд, то таълимгирандагонро ба

фаъолияти маърифатии фаъол ҷалб созанд, шавқу ҳаваси онҳоро ба фанни

таълимӣ бедор карда, ба инкишофи қобилиятҳои таҳлилӣ мусоидат намоянд.

Муаммои инкишофи тафаккур аллакайҳо объекти омӯзиш қарор гирифта

буд, зеро инкишофи соҳаи зеҳнии одам шарти муҳимми ташаккулёбии

шахсияташ ба шумор меравад.

Чӣ қадаре ки дараҷаи инкишофи фаъолияти маърифатӣ баланд бошад,

ҳамон қадар донишҳо чуқуртар, мазмуннок азхуд карда мешаванд.

Фаъолгардонии таълим – ин равандест, ки ҷиҳати баландбардории фаъолнокии

маърифатии таълимгирандагон, маромнокии онҳо ба омӯзиш ва ҷалбшавандагӣ

ба раванди таҳсилот равона карда шудааст.

Инкишофи

тафаккури

интиқодӣ

бо

ташаккулёбии

малакаҳои

метакогнитивӣ, ба монанди худтанзимкунӣ, банақшагирӣ, мониторинг ва баҳои

фаъолияти худ зич алоқаманд аст. Таълимгирандагон бояд тарафҳои зӯру сусти


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 488 ~

худро дарк намоянд, маҳорати мақсадгузорӣ, интихоби стратегияи таълим ва

баҳодиҳии натиҷаҳои корҳои худро дошта бошанд.

Омили муҳимми инкишофи тафаккури интиқодӣ ба вуҷуд овардани

муҳити ҳавасмандгардонандаи таҳсилот ба шумор меравад, ки дар он

таълимгирандагон худро бароҳат ва дар амн эҳсос мекунанд, аз баёнкунии

фикри худ ва додани савол наметарсанд.

Дар амалияи педагогӣ муаммои ҷустуҷӯи тахнологияҳои нисбатан

самарабахши таълим яке аз муаммоҳои мубрам аст. Дар муддати тамоми давраи

барқароршавӣ ва рушди педагогика ба масъалаи фаъолгардонии таълим

диққати махсус дода мешуд. Алҳол дар маркази муҳокима раҳёфтҳо нисбати

ташкили таълим бо истифодабарии методҳои фаъоли таълим дар ҳамҷоягӣ бо

технологияҳои иттилоотии муосир қарор дорад, ки онҳо метавонанд, то

самаранокии раванди таҳсилотиро хеле баланд бардоранд.

Методҳои фаъоли таълим – ин методҳои фаъолияти маърифатии

таълимгирандагонро ҳавасмандгардорнанда буда, онҳо дар асоси диалог сохта

мешаванд, ивазкунии озоди фикрҳоро дар бораи роҳҳои ҳалли ин ё он

муаммоҳоро

дар

назар

дорад,

бо дараҷаи баланди

фаъолнокии

таълимгирандагон тавсиф дода мешаванд [4].

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дар машғулиятҳои фаъол

таълимгирандагон маводро нисбатан пурра ва бо фоида барои худ азхуд

мекунанд. Самти стратегии фаъолгардонии таълим ба вуҷуд овардани

шароитҳои дидактикӣ ва психологии фаҳмидагирии таълимот, ба он

вориднамоии таълимгиранда на танҳо дар дараҷаи ақлӣ, балки боз дараҷаи

фаъолнокии шахсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Таҳлили назариявии муаммоҳои нишондода (Полат Е.С., Михайло В.Ю.,

Гостев В.М., Грудзинская Е.Ю., Вербитский А.А., Абрамова И.Т., Борисова

Н.В., Бириштейн М.М., Платов В.Я.), таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ дар ин

бора хабар медиҳад, ки ҳалли нисбатан созишкорона ин созиши чунин

шароитҳои психологӣ-педагогӣ дар таълим аст, ки дар онҳо таълимгиранда


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 489 ~

метавонад ҳолати шахсии фаъолро ишғол намояд ва чун субъекти фаъолияти

таълимӣ нисбатан пурра худро ифода намояд.

Методҳои таълими фаъол хусусият ё аломатҳои фарқкунанда доранд:

Муаммовӣ будан. Таълимгирандаро ба вазъияте бурдан зарур, то дониши

ӯ барои аз он баромадан нарасад. Дар ин ҳолат маҷбур мешавад, то донишҳои

навро бо ёрии ҳамсолон ва омӯзгор ташаккул диҳад.

Комилан мувофиқ будани фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ ба масъалаҳои

муносибати байниҳамдигарӣ ва муоширати шахсӣ тааллуқ дорад. Бо ёрии он

ташаккулёбии

идроки

эмотсионалӣ-шахсии

фаъолияти

касбии

таълимгирандагон имконпазир мегардад.

Таълимгирии тарафайн. Асоси он фаъолияти коллективона ва шакли

ақлии муҳокима аст. Вале дар ин маврид фардикунонии таълим низ ҷой дорад.

Тадқиқи муаммо ва ҳодисоти омӯхташаванда. Дар асоси ин аломат

ташаккулёби малакаҳои равонакунандае мехобад, ки барои худмаълумотгирии

ба маҳорати таҳлил ва ҷамъбасткунӣ, ба истифодаи донишу таҷрибаҳо

муносибати эҷодӣ кардан асосноккардашуда заруранд.

Маромнокӣ – зимни он фаъолияти мураттаби таълимӣ-маърифатии

мустақилонаи инфиродиву коллективона истифода бурда мешаванд.

Татбиқи методҳои фаъоли таълим пеш аз ҳама ба инкишофи тафаккури

интиқодӣ равона карда шудааст. Танқиднокӣ маҳорати дар шароитҳои интихоб

ва қабули қарорҳои алтернативӣ амалкунӣ, маҳорати инкоркунии қарорҳои

баръало дурӯғро дар назар дорад [9].

Асоси технологии тафаккури интиқодиро амсилаи пойдевории се зина

ташкил медиҳад: “даъват-татбиқи маънӣ (фаҳмидагирӣ) – рефлексия

(мулоҳизакунӣ)”, ки он ба таълимгиранда худаш муайянсозии мақсадҳои

таълим имкон медиҳад, амалӣ намудани ҷустуҷӯи фаъолияти маълумотҳо ва

мулоҳизаронӣ дар бораи он ки чиро онҳо донистанд [3].

Чунин амсила имкон медиҳад, ки тарзҳои гуногуни муттаҳидкунии

ахборотҳо азхуд шаванд. Дар ин маврид таълимгирандагон коркарди фикрҳои


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 490 ~

худро дар асоси фаҳмидагирии таҷрибаҳо, ғояҳои гуногун, сохтани

хулосабарории худ, аниқ ва фаҳмо ифодасозии фикрҳои худро ёд мегиранд.

Методҳои сершумори фаъолгардонии таълим мавҷуданд, ки ба инкишофи

тафаккури интиқодӣ равона карда шудаанд:

-

Методҳои интерактивӣ – таъсири мутақобилаи таълимгирандагон ва

алоҳида бо омӯзгорро ифода мекунад. Ба он баҳс, ҳуҷуми зеҳнӣ, бозиҳои

нақшдор, мубоҳисаҳо, кор дар гурӯҳи хурд дохиланд. Ин методҳо имкон

медиҳанд, ки ивази фикр намоянд, нуқтаи назари худро далелнок намоянд,

дигаронро шунаванд, муаммоҳоро ҳал намояд.

-

Таълими муаммовӣ – дар назар дорад, ки таълим аз гузариши вазъияти

муаммовӣ, ки таҳлил ва ҳалли онро талабкунанда аст, оғоз мегардад.

Таълимгирандагон бояд мустақилона ахборотро банд, фарзияҳоро ба шакли

муайян оранд, озмоишҳо гузаронида, хулоса бароранд.

-

Кейс-метод – таҳлили вазъияти мушаххасро аз ҳаёти воқеӣ ифода

мекунад, ки бо мавзуи омӯхташаванда алоқаманд аст. Таълимгирандагон бояд

муамморо ҳаммонанд кунанд, омилҳои ба вазъияти таъсиркунандаро таҳлил

намоянд, вариантҳои ҳалро пешниҳод ва оқибатҳои онҳоро баҳо диҳанд. Кейс-

метод малакаҳои таҳлил, баҳо, қабули қарор ва корҳоро дар даста инкишоф

медиҳад.

-

Методи мубоҳисаҳо муҳокимаи саволҳои баҳснокро дар назар дорад, ки

аз рӯйи он нуқтаҳои назари гуногун мавҷуданд. Таълимгирандагон бояд

далелҳоро баҳри ҳимояи ҳолати худ тайёр кунанд, далелҳои муқарризонро рад

намоянд ва аудиторияро дар ҳақ будани худ бовар кунонанд. Мубоҳисаҳо

малакаҳои тафаккури интиқодӣ, далеловарӣ, баромадҳои ошкоро ва корҳоро

дар даста инкишоф медиҳанд.

-

Фаъолияти лоиҳакашӣ аз ҷониби таълимгирандагон иҷро кардани

лоиҳаҳои инфиродӣ ё гурӯҳиеро ифодакунанда аст, ки ба ҳалли муаммоҳои

мушаххас равона шудааст. Таълимгирандагон бояд кори худро ба нақша

гиранд, ахборот дарёфт намоянд, тадқиқот гузаронанд, маҳсулро коркард

намоянд ва натиҷаҳои корҳои худро пешкаш кунанд.


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 491 ~

-

Омӯзгор дар бунёди муҳити ҳавасмандкунандаи таҳсилот ва ташкили

фаъолияти маърифатӣ нақши калидӣ бозида, бояд:

фазои боварӣ ва эҳтиромеро созад, ки дар он таълимгирандагон худро

бароҳат ва дар амн эҳсос намоянд;

саволҳоеро пешниҳод созад, ки боиси мулоҳизаронӣ ва баҳс гардад;

намунаи тафаккури интиқодӣ ва худтакмилдиҳии доимӣ бошад.

алоқаи бозгашти ошкоронае пешниҳод намояд, ки барои беҳтарсозии

кори таълимгирандагон ёрирасон бошад;

методҳои гуногунобрази таълимиеро истифода барад, ки хусусияти

инфиродии таълимгирандагонро баҳисобгиранда бошад;

тафаккури интиқодиву мустақилиятро ҳавасманд гардонад;

таълимгирандагонро бо малакаҳои метакогнитивӣ, ба монанди

худтанзимкунӣ, банақшагирӣ, баҳо омӯзонад;

Тадқиқотҳои зиёд самаранокии методҳои фаъолгардонии таълим дар

инкишофи тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани пешрафти академии

таълимгирандагон тасдиқ менамоянд. Масалан, методҳои интерактивии таълим

барои баландсозии дараҷаи ҷалбшавандагӣ ба раванди таҳсилотӣ, беҳтар

намудани малакаҳои коммуникативӣ ва инкишофи тафаккури интиқодӣ

қобилиятнок мегардонад. Таълими муаммовӣ ва кейс-методҳо барои инкишофи

қобилиятҳои таҳлилӣ, малакаҳои қабулнамоии қарор ва корҳо дар даста

мусоидат мекунад. Мубоҳисаҳо малакаҳои далеловарӣ, баромадҳои ошкоро ва

тафаккури интиқодиро беҳтар мегардонанд. Фаъолияти лоиҳакашӣ малакаҳои

банақшагирӣ, ташкил, корҳои мустақилона ва ҳалли муамморо инкишоф

медиҳад.

Хулоса, методҳои фаъолгардонии таълим дар инкишофи тафаккури

интиқодӣ дар таълимгирандагон нақши муҳим мебозанд. Технологияҳои

интерактивӣ, таълими муаммовӣ, кейс-методҳо, мубоҳисаҳо ва фаъолияти

лоиҳакашӣ ба таълимгирандагон имкон медиҳанд. ки фаъолона дар раванди

таҳсилотӣ иштирок намоянд, қобилиятҳои таҳлилӣ, малакаҳои қабул кардани

қарор ва корҳоро дар даста инкишоф диҳанд. Омӯзгор бояд муҳити


background image

Конференсияи илмии байналмилалй

“Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ”

“Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya

~ 492 ~

ҳавасмандкунандаи таҳсилотиеро ба вуҷуд оварад, ки дар он таълимгирандагон

озод, ором, бароҳат ва дар амн эҳсос кунанд. Тафаккури интиқодӣ ва

мустақилиятнокии таълимгирандагонро ҳавасманд гардонад, методҳои

гуногунобрази таълимро истифода барад ва таълимгирандагонро ба малакаҳои

метакогнитивӣ омӯзонад.

Рӯйхати адабиёт:

1. Вукич, Е. (2006). Как развить критическое мышление. М.: Альпина

Паблишер.

2. Грудзинская Е.Ю., Марико В.В. Активные методы обучения в высшей

школе [Текст] / Е.Ю. Грудзинская, В.В. Марико. Нижний Новгород, 2007, 182 с.

3. Заир-Бек, Е. С. (2003). Основы педагогического проектирования. СПб.:

Просвещение.

4. Кларин, М. В. (2002). Педагогическая технология в учебном процессе:

Анализ зарубежного опыта. М.: Знание.

5. Новик, Е. Б. (2008). Как развивать критическое мышление: пособие для

педагогов. М.: Просвещение.

6. Селевко, Г. К. (2005). Современные образовательные технологии. М.:

Народное образование.

7. Столбникова Е.А. Развитие критического мышления студентов

педагогического вуза в процессе медиаобразования [Текст] / Е.А. Столбникова.

Таганрог: Изд-во Кучма, 2006. 160 с.

8. Учитель и ученик: возможность диалога и понимания. – Том 1 [Текст] /

Сост. Е.А. Генике, Е. А. Трифонова // Под общ. ред. Л.И. Семиной. – М.: Изд-во

«Бонфри», 2002. – 239с.

9. Халперн, Д. (2000). Психология критического мышления. СПб.: Питер.

Библиографические ссылки

Вукич, Е. (2006). Как развить критическое мышление. М.: Альпина Паблишер.

Грудзинская Е.Ю., Марико В.В. Активные методы обучения в высшей школе [Текст] / Е.Ю. Грудзинская, В.В. Марико. Нижний Новгород, 2007, 182 с.

Заир-Бек, Е. С. (2003). Основы педагогического проектирования. СПб.: Просвещение.

Кларин, М. В. (2002). Педагогическая технология в учебном процессе: Анализ зарубежного опыта. М.: Знание.

Новик, Е. Б. (2008). Как развивать критическое мышление: пособие для педагогов. М.: Просвещение.

Селевко, Г. К. (2005). Современные образовательные технологии. М.: Народное образование.

Столбникова Е.А. Развитие критического мышления студентов педагогического вуза в процессе медиаобразования [Текст] / Е.А. Столбникова. Таганрог: Изд-во Кучма, 2006. 160 с.

Учитель и ученик: возможность диалога и понимания. – Том 1 [Текст] / Сост. Е.А. Генике, Е. А. Трифонова // Под общ. ред. Л.И. Семиной. – М.: Изд-во «Бонфри», 2002. – 239с.

Халперн, Д. (2000). Психология критического мышления. СПб.: Питер.

Наиболее читаемые статьи этого автора (авторов)