АЗ ТАЪРИХИ БЕМОРХОНАҲОИ БУХОРО
(ДАР АСРҲОИ IX-XII)
Зоирзода Сомон
(Тоҷикистон, Панджакент)
Шаҳри Бухоро яке аз марказҳои асосии илму фарҳанг ва тамаддун ба
шумор меравад. Аз ҷумла дар давраи ҳукмронии давлати Сомониён ба
дараҷаи баланди рушди илму фанро дар шаҳри Бухоро мушоҳида
намуданомон мумкин аст. Бо фармони амир Исмоили Сомонӣ ва
меросхӯрони ӯ, дар шаҳри Бухоро қасрҳои пурҳашамат, биноҳои
баландошёна барои даҳ девон, масоҷиду мадорис, китобхонаи бузург,
бемористонҳо ва ғайраҳо бино карда шуда буд. Бунёди бемористонҳо
таърихи қадима дошта, дар тӯли таърихи рушду нумӯъ намудааст. Аз давраи
қадим дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна дар баробари биноҳои гуногуни
ҷамъиятӣ биноҳои бемористонҳо низ мавҷуд буданд, ки дар онҳо
дандонпизишкон, шикастабандону чашмпизишкон ва ҷарроҳону табибони
бемориҳои мухталиф ба табобати беморон машғул буданд. Бемористон
вожаи форсии мураккаб буда, аз ду калима «бемор» ба маънои дардманд ва
пасоянди «стон» ба маънии ҷойгоҳ ё хона ва маҷмӯан ба маънии
дорулмаризӣ, ба кор фармуда шудааст.
Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки чунин беморхонаҳо дар
мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла дар Осиёи Миёнаи асрҳои IX-X, аксар вақт дар
шаҳрҳои калон сохта мешуданд. Онҳо на танҳо муассисаҳои тиббӣ, балки
як навъ сарпаноҳ барои бечорагон низ буданд. Дар бисёр шаҳрҳои калон,
монанди Бухоро, Самарқанд, Урганҷ, Марв, Ғазна беморхонаҳои гражданӣ
мавҷуд буданд.
Дар Осиёи Миёна мадрасаҳо дар Бухоро, Самарқанд ва Марв
фаъолият мекарданд, ки дар онҳо илми тиб васеъ таълим дода мешуд. Онҳо
як навъ омӯзишгоҳҳои тиббӣ буданд, ки дар онҳо ба ҷавонон бо супурдани
ҳатмии имтиҳонҳои хатм ва савганди духтурӣ назария ва амалияи тибро
меомӯхтанд. Бар замми ин дар ин давра, ҳар бемористон вазифаи
омӯзишгоҳи амалӣ низ ба шумор мерафтааст. Дар такя бар сарчашмаҳо
гуфта метавонем, ки дар назди аксар бемористонҳои қуруни вусто мадрасаи
тиббӣ вуҷуд доштааст. Аммо ин навъ мадрасаҳо дар назди на ҳамаи
бемористонҳо вуҷуд доштанд, аз ин лиҳоз табибон дар дохили бемористон
ба омӯзиши риштаи илми тиб машғул гардида, ҳуҷраҳои алоҳидае барои
ташкили дарсҳои лексионӣ пешбинӣ карда шуда будааст. Ҳар табиб, ҷарроҳ
ва чашмпизишк шогирдони худро доштаанд, ки мувофиқи маълумотҳои
мавҷуда ҳар табиб - даҳ шогирд, ҷарроҳ, чашмпизишк ва шикастабанд -панҷ
нафари шогирд дошта, муддати таҳсил низ панҷ сол муайян гардида буд.
Мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки дар ин гуна бемористонҳо шароит барои
гузаронидани озмуни шогирдон низ ба назар гирифта шуда буд. Барои
шогирдон устодони моҳиру донишмандони риштаи тиб дарс мегузаштаанд,
ки ин гуна ҳолатро дар замони муосир мушоҳида намуда метавонем.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бештари бемористонҳои қуруни вусто
аз ҷумла бемористонҳои собити Бухоро аз ҷиҳати навъи дармон ба ду гурӯҳ
тақсим мешудааст, ки яке сарупоӣ ва дигаре бистарӣ номида шудааст.
Қабули беморони сарупоӣ дар рӯзу соати муайян анҷом дода мешудаанд.
Рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе пизишкони пуртаҷриба қабули худро нисбат
ба ин намуди беморон ба роҳ монда буданд. Ҳар беморе, ки муоина мешуд
дорухатро гирифта барои сохташудани доруҳо ба дорухона мерафтааст.
Дар раванди кори бахши бистарӣ бемороне, ки дар шиддати беморӣ
қарор доштанд ва муолиҷаи сарупоӣ барояшон кофӣ набуд, барои дармон
бахшидан ба бахше, ки ба бемории онҳо мутааллиқ ҳаст равона мекарданд.
Дар ҳар бахш вобаста ба теъдоди беморон ва аҳамияти бемориҳо ду ё се
табиб дар ихтиёр доштаанд. Агар мушкилие ба вуҷуд ояд пизишки дигаре
аз бахши дигар барои машварату ёрӣ ҳозир мешуд.
Аксарияти кулли табибони ин бемористонҳо ба мисли Ибни Сино,
Ибни Рушд, Ибни Туфайл, Ибни Зуҳр, Мусо ибни Маймун ва ғ. дар
баробари табиб буданашон инчунин ҳаким ва файласуфҳои номдори асри
худ буданд. Ба навиштаи Низомии Арузии Самарқандӣ «ҳар табиб, ки
шарафи нафси инсон нашиносад рақиқ-ул-хулқ набувад ва то мантиқ
надонад ҳаким-ун-нафс набувад ва то муъайяд набувад ба таъйиди илоҳӣ
ҷайдулҳадс набувад ва ҳар ки ҷайдулҳадс набувад ба маърифати иллат
нарасад». Дар асрҳои IX-X машҳуртарин намояндагони илми тиб ва химия
ба монанди Абӯбакр Закариёи Розӣ, Абубакри Аҳовайнии Бухороӣ, Ҳаким
Майсарӣ, Абӯмансури Муваффақ ва дигарон умр ба сар бурда, бо донишу
маҳорати худ барои пешрафти илми пизишкӣ саҳми босазои худро
гузоштаанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Абӯбакр Ахавайнии Бухороӣ, ки
шогирди Абулқосими Муқонӣ ва Абулқосим шогирди Закариёи Розӣ
будааст, ки бо асари “Ҳидоятул-мутааллимина фи-т-тиб”-и хеш таҷрибаи
беш аз 30-солаи фаъолияти худро барои писараш, ки низ табиб будааст бо
забони форсӣ ба қалам овардааст ва аз ҷумлаи арзишмандтарин осори тиббӣ
ва насрии форсу тоҷик ба шумор меравад. Ӯ табиби машҳур ба шумор рафта,
дар табобати беморони руҳӣ дасти тавоно доштааст, ки аз ин сабаб ӯро
“пизишки девонагон” ном мебурдаанд.
Мувофиқи маълумотҳои дигар бо ташаббуси Ибни Сино дар шаҳри
Ҳамадон беморхонае (мувофиқи баъзе маълумотҳо ду беморхона) бунёд
мегардад ва пас аз итмоми сохтмон, ҳокими Ҳамадон Шамсуддавла таклиф
менамояд, ки номи онро “Хонаи беморон” бигзоранд. Аммо Ибни Сино
онро қабул намекунад ва боадабона ба таври боварибахш ҷавоб мегардонад,
ки “Хонаи беморон” дар беморон барои шифо ёфтан умеду боварӣ
намебахшад. Аз ин лиҳоз номи онро “Хонаи Шифо” гузошта шавад, ки ба
беморон умед мебахшад ва ин барои муолиҷаи бомуваффақонаи беморон
мусоидат менамояд. Бо ҳамин номи беморхонаи мазкур “Хонаи Шифо”
номгузорӣ мегардад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки фикру мулозаҳои Ибни Сино дар
барои ба тартиб бино намудани биноҳои ҷамъиятӣ қиммати баланд доранд.
Ба фикри ӯ бояд дар бунёди манзилу биноҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама,
шароити ҷуғрофӣ, иқлим, вазиши шамол, вуҷуд доштани обҳои равон ва
дастрасии офтобро ба назар гирифтан зарур аст. Беморхонаҳо бояд дар
ҷойҳои баланд, шамолрав, дар наздикии обҳои тоза ва ҷангалзор аз
қабристонҳо, ботлоқзорҳо ва дигар объектҳое, ки обу ҳаворо ифлос
мегардонад сохта шуда, ҳавои бино бояд озодона тоза карда шавад, дару
тирезаҳо ба самти ҷанубу шарқ рӯ ба рӯ шаванд то ки нури офтоб вориди
бино шавад. Аз ин бармеояд, ки Ибни Сино дар масъалаи тарзи сохтмони
беморхонаҳо ва биноҳои ҷамъиятӣ низ таҷрибаи баланд доштааст.
Foydalanilgan adabiyotlar:
1.
Темиров, Ф., & Халикова, Н. (2021). Бухоро амирлигида ташқи сиёсат ва
дипломатиянинг ривожланиши тарихидан.
Scientific progress
,
2
(1), 1276-1282.
2.
Темиров, Ф., & Умаров, Б. (2021). Бухоро амирликда оила, никоҳ ва мерос ҳуқуқининг
амалда қўлланиши.
Scientific progress
,
2
(1), 1201-1207.
3.
Temirov, F. (2023). SADRIDDIN AYNIY IJODIDA TURKISTON TARIXI
MASALALARI.
Farg'ona davlat universiteti
, (1), 70-70.
4.
Temirov, F. Of the journalistie work of Sadriddin Ayni Concerning Issues of Bukhara
history.
Irish Interdisciplinary of Science & Research (IIJSR) Vol
,
6
, 12-17.
5.
Темиров, Ф. У. (2023). Жизнь И Научно-Творческая Деятельность Садриддина Айни
В Трудах Его Современников.
Central Asian Journal of Social Sciences and History
,
4
(2),
128-134.
6.
Темиров, Ф. У. (2022). Мустақил ўзбекистонда инсон ҳуқуқлари ва қадрини улуғлаш–
энг олий немат.
Academic research in educational sciences
, (1), 184-188.
7.
Umarov B.B. & Temirov, F. (2023). Sources of information on the socio-economic life of
the Somanian dynasty.
International Journal of Intellectual Cultural Heritage
,
3
(3), 35-41.
8.
Темиров, Ф., & Исломов, Д. (2021). САДРИДДИН АЙНИЙ–ЗАМОНДОШИ ФИТРАТ
ҲАҚИДА.
Scientific progress
,
2
(1), 1349-1354.
9.
RAJABOV, O. (2022). " TARIKHI MULLOZODA" IS AN IMPORTANT SOURCE ON
THE HISTORY OF THE SACRED PLACES AND SHRINES OF BUKHARA.
International
Journal of Intellectual Cultural Heritage
,
2
(2), 89-93.
10.
Rajabov, O. (2021). “Тарихи Муллозода” асари–Бухоро муқаддас қадамжолари ва
зиёратгоҳлари тарихи бўйича муҳим манба.
Центр научных публикаций (buxdu. uz)
,
8
(8).
11.
Rajabov, O. (2021). Chor Bakr tarixiy me’moriy majmuasi xususida.
Центр научных
публикаций (buxdu. uz)
,
8
(8).
12.
Rajabov, O. I. (2022). History of fortress of Makhmud Torobi.
International Journal of
Intellectual Cultural Heritage
,
2
(6), 50-54.
13.
Temirov, F., & Umarov, B. (2021). Practical application of family, marriage and
inheritance rights in bukhara emirates.
Scientific progress
,
2
(1), 1201-1207.
14.
Rajabov,
O.
I.
(2021).
Buxorodagi
ayrim
muqaddas
qadamjo-qal’alar
xususida.
Scientific progress
,
1
(6), 1162-1168.
15.
Iskandarovich, R. O. (2022). Historical Architectural Complex of the Chor (Pers. Four)
Bakr Ensemble.
Telematique
, 6886-6890.
16.
Rajabov, O. I. (2022). History of fortress of Makhmud Torobi.
International Journal of
Intellectual Cultural Heritage
,
2
(6), 50-54.
17.
Болтаев, А. Ҳ. (2018). Бухоро шаҳри 11 дарвозасининг тарихи ва тақдири
(ўлкашунос ТФ Гелах тадқиқотларида). Тюркоязычные страны. Республиканский
научно-методический и познавательный журнал.
Алмати
,
2
, 6-8.
18.
Болтаев, А. Ҳ. (2018). Бухоро ўлкашунослиги тарихини ўрганишда СН Юренев
ёзишмаларининг ўрни.
Тошкент: Ўзбекистон Миллий университети хабарлари
, (1), 5-9.
19.
BAXTISHOD, U., & ULUG‘BEK, Q. Y. (2022). MS ANDREEV-THE GREAT
EASTERN SCIENTIST.
International Journal of Philosophical Studies and Social
Sciences
,
2
(3), 120-123.
20.
Болтаев, А. Х. (2019). Исследование С. Юренева в мечети Калян.
Вестник
археологии, антропологии и этнографии
, (1 (44)), 45-53.
21.
Болтаев, А. Ҳ. (2018). Бухоро ўлкашунослиги тарихини ўрганишда СН Юренев
ёзишмаларининг ўрни.
Тошкент: Ўзбекистон Миллий университети хабарлари
, (1), 5-9.
22.
Болтаев, А. Х. (2019). Бухарские коллекционеры. In
Россия-Узбекистан.
Международные образовательные и социально-культурные технологии: векторы
развития
(pp. 142-143).
23.
Болтаев, А. (2020). Бухородаги биринчи музей.
ЦЕНТР НАУЧНЫХ
ПУБЛИКАЦИЙ (buxdu. uz)
,
1
(1).
24.
Naimov, I., & Toshpo‘latova, S. (2023). MARRIAGE CEREMONY OF TAJIKS IN
THE WORK OF MIKHAIL STEPANOVICH ANDREYEV “TADJIKI DOLINI
KHUF”.
International Journal of Intellectual Cultural Heritage
,
3
(1), 12-16.
25.
Umarov, B. (2021). OLIY TA’LIMDA TALABALAR O ‘QUV-BILUV
FAOLIYATINING PSIXODIDAKTIK ASOSLARI.
ЦЕНТР НАУЧНЫХ ПУБЛИКАЦИЙ
(buxdu. uz)
,
8
(8).
26.
Umarov, B. B. (2021). FAMILY AND MARRIAGE RELATIONS IN NA
KISLYAKOV'S RESEARCH.
Journal of Central Asian Social Studies
,
2
(02), 127-135.
27.
Naimov, I. N. (2021). A coverage of the activities of the Mangitic Emirs in the works
of Ahmad Donish.
International Journal on Integrated Education
,
4
(5), 36-45.
28.
Naimov, I. (2023). AHMAD DONISH ILMIY MEROSIDA ISLOM HUQUQI
MASALALARI.
Scientific journal of the Fergana State University
, (1), 71-71.
29.
Ismat, N. (2021). “MEYORU-Т-TADOYYUN” AS RELIGIOUS AND MORAL
SOURCE.
The Light of Islam
,
2021
(2), 46-54.
30.
Klichev, O. (2020). Scholarships of Emirs of Bukhara.
Oriente moderno
,
100
(1), 57-74.
31.
Кличев, О. А. (2020). Особенности приема посольств Российской Империи в
Бухарском Эмирате во второй половине XIX в.
Россия и мусульманский мир
, (1 (315)),
99-113.
32.
Klichev, O. A. (2016). Discourse to the history of political аgency in the emirate of
Bukhara.
Europaische Fachhochschule
, (8), 14-15.
33.
Umarov, B. (2020). БУЮК ОЛИМ НА КИСЛЯКОВНИНГ ПЕДАГОГЛИК
ФАОЛИЯТИГА НАЗАР.
ЦЕНТР НАУЧНЫХ ПУБЛИКАЦИЙ (buxdu. uz)
,
1
(1).
34.
Abdurasulovich, K. O. (2023). ACTIVITY OF EDITORS OF" BUKHORONOMA"
NEWSPAPER.
Open Access Repository
,
4
(3), 1385-1388.
35.
Кличев, О. (2020). БУХОРО АМИРЛИГИ ВА РОССИЯ ИМПЕРИЯСИ
ЎРТАСИДАГИ ДИПЛОМАТИК МУНОСАБАТЛАРДА СОВҒА АЛМАШИНУВ
ТАРТИБЛАРИ.
Farg'ona davlat universiteti
, (4), 71-74.
36.
Beshimov, M. (2022). Abdulvahid Munzim-enlightened poet, state and public
figure.
International Journal of Philosophical Studies and Social Sciences
,
2
(6), 52-56.
37.
BESHIMOV,
M.
(2022).
Amir
Said
Alimkhan
and
Young
Bukhara
residents.
International Journal of Intellectual Cultural Heritage
,
2
(2), 78-83.
38.
Beshimov, M. (2023). ISSUES OF AGGRESSION OF THE RUSSIAN EMPIRE IN
THE WORKS OF MIRZO SOMI.
Modern Science and Research
,
2
(7), 316-321.
39.
Beshimov, M. (2021). Mang'itlar davrida Buxoroda madaniy hayot.
ЦЕНТР
НАУЧНЫХ ПУБЛИКАЦИЙ (buxdu. uz)
,
7
(7).
40.
UMAROV, B. (2022). ARCHITECTURE OF BUKHARA IN THE ASHTARKHANID
PERIOD.
International Journal of Intellectual Cultural Heritage
,
2
(2), 94-100.
41.
Beshimov, M. (2023). THE HISTORY OF BUKHARA OF THE DOCUMENTS OF
THE QUSHBEGI ARCHIVE IMPORTANCE IN LEARNING.
Modern Science and
Research
,
2
(7), 305-309.
42.
SHAROPOV,
D.
(2022).
ПРАВИТЕЛЬ
МАНГЫТОВ
ЭМИР
ХАЙДАР.
International Journal of Intellectual Cultural Heritage
,
2
(2), 101-104.
43.
Ravshanovich, S. D. (2022). CURRENTLY, THE PLACE OF AFGHANISTAN IN
THE COMMUNICATION OF CENTRAL AND SOUTH ASIA.
International Journal of
Intellectual Cultural Heritage
,
2
(6), 55-59.
44.
Sharopov, D. (2021). ABDURAZZOQ SAMARQANDIYNING “MATLAI SA'DAYN
VA MAJMAI BAHRAYN” ASARINING O'RGANILISH TARIXI.
Scientific progress
,
2
(1),
358-361.
45.
Nosirov, S. (2022). Sadriddin Ayniy asarlari buxoro inqilobini tarixini o ‘rganuvchi
manba sifatida.
ЦЕНТР НАУЧНЫХ ПУБЛИКАЦИЙ (buxdu. uz)
,
26
(26).
46.
Sherzod, N. (2023). HISTORIAN SCIENTIST POLAT SOLIYEV IS A
RESEARCHER OF THE HISTORY OF BUKHARA.
International Journal of Philosophical
Studies and Social Sciences
,
3
(3), 32-38.
47.
Bakhtishod, U. (2024). CONSTRUCTIVE ACTIVITIES TO THE SAMANID
RULERS.
Western European Journal of Historical Events and Social Science
,
2
(5), 169-172.
48.
Sherzod O‘ktam o‘g, N., & Komilovich, B. M. (2023). Illumination of socio-economic
issues in Turkestan in the works of Professor Polat Soliyev.
Telematique
,
22
(01), 1278-1282.
49.
Nosirov, S. (2023). TARIXCHI OLIM PO ‘LAT SOLIEV IJODIDA TURKISTON
TARIXI MASALALARINING YORITILISHI.
ЦЕНТР НАУЧНЫХ ПУБЛИКАЦИЙ (buxdu.
uz)
,
29
(29).
50.
Umarov, B. (2023). ARAB MANBALARIDA BUXORO SHAHRI TAVSIFI (“KITOB
AL-MASOLIK VAL MAMALIK” MISOLIDA).
ЦЕНТР НАУЧНЫХ ПУБЛИКАЦИЙ
(buxdu. uz)
,
38
(38).
51.
Umarov B. NA KISLYAKOV TADQIQOTLARIDA BUXORO AMIRLIGIDAGI
FEODAL VA QISHLOQ XO‘JALIGI MUNOSABATLARINING YORITILIShI //ЦЕНТР
НАУЧНЫХ ПУБЛИКАЦИЙ (buxdu. uz). – 2021. – Т. 6. – №. 6.
