ТАРАННУМИ АХЛОҚИ ҲАМИДА ДАР ЛИРИКАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Annotasiya

Дар мақола мавзӯи ахлоқи ҳамида (хислатҳои неки инсонӣ) дар лирикаи Мирзо Турсунзода мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар мақола шеърҳои “Дасти модар” ва “Баҳория”, ки шоир барои бачаҳо навиштааст мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар шеъри "Дасти модар" меҳрубонӣ, заҳматкашӣ, ғамгусорӣ ва бузургии модар васф гардида, дар "Баҳория" муҳаббати шоир ба табиат, зебоӣ, тафсифи фасли баҳор ва тифоқии инсонҳо таҷассум ёфтааст. Мақола аҳамияти тарбиявӣ дошта, наврасонро ба дӯст доштани модар ва табиат водор мекунад. Ашъори Мирзо Турсунзодаро дар ташаккули шахсияти инсон ва ахлоқи ҳамида нишон медиҳад. Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги тоҷик дар эҷодиёти худ меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, муҳаббат ба модар ва ваҳдати инсониро ситоиш кардааст. Шеърҳои ӯ пур аз ҳикмат, меҳрубонӣ ва эҳсоси гарму самимӣ мебошад.

Manba turi: Jurnallar
Yildan beri qamrab olingan yillar 2023
inLibrary
Google Scholar
Chiqarish:
291-294
0

Кўчирилди

Кўчирилганлиги хақида маълумот йук.
Ulashish
Ҳамроева Дилафрӯз, Қаюмов Нодир Найимович. (2025). ТАРАННУМИ АХЛОҚИ ҲАМИДА ДАР ЛИРИКАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА. Международный журнал научных исследователей, 12(1), 291–294. Retrieved from https://inlibrary.uz/index.php/ijsr/article/view/130464
0
Iqtibos
Crossref
Сrossref
Scopus
Scopus

Annotasiya

Дар мақола мавзӯи ахлоқи ҳамида (хислатҳои неки инсонӣ) дар лирикаи Мирзо Турсунзода мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар мақола шеърҳои “Дасти модар” ва “Баҳория”, ки шоир барои бачаҳо навиштааст мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар шеъри "Дасти модар" меҳрубонӣ, заҳматкашӣ, ғамгусорӣ ва бузургии модар васф гардида, дар "Баҳория" муҳаббати шоир ба табиат, зебоӣ, тафсифи фасли баҳор ва тифоқии инсонҳо таҷассум ёфтааст. Мақола аҳамияти тарбиявӣ дошта, наврасонро ба дӯст доштани модар ва табиат водор мекунад. Ашъори Мирзо Турсунзодаро дар ташаккули шахсияти инсон ва ахлоқи ҳамида нишон медиҳад. Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги тоҷик дар эҷодиёти худ меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, муҳаббат ба модар ва ваҳдати инсониро ситоиш кардааст. Шеърҳои ӯ пур аз ҳикмат, меҳрубонӣ ва эҳсоси гарму самимӣ мебошад.


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

291

ТАРАННУМИ АХЛОҚИ ҲАМИДА ДАР ЛИРИКАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Ҳамроева Дилафрӯз

Донишҷӯи донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон -Финландия

Роҳбари илмӣ:

Қаюмов Нодир Найимович

Дотсенти донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон -Финландия

Аннотатсия:

Дар мақола мавзӯи ахлоқи ҳамида (хислатҳои неки инсонӣ) дар лирикаи

Мирзо Турсунзода мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар мақола шеърҳои “Дасти

модар” ва “Баҳория”, ки шоир барои бачаҳо навиштааст мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар шеъри "Дасти модар" меҳрубонӣ, заҳматкашӣ, ғамгусорӣ ва бузургии модар васф

гардида, дар "Баҳория" муҳаббати шоир ба табиат, зебоӣ, тафсифи фасли баҳор ва

тифоқии инсонҳо таҷассум ёфтааст. Мақола аҳамияти тарбиявӣ дошта, наврасонро ба

дӯст доштани модар ва табиат водор мекунад. Ашъори Мирзо Турсунзодаро дар

ташаккули шахсияти инсон ва ахлоқи ҳамида нишон медиҳад. Мирзо Турсунзода ҳамчун

шоири бузурги тоҷик дар эҷодиёти худ меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, муҳаббат ба модар

ва ваҳдати инсониро ситоиш кардааст. Шеърҳои ӯ пур аз ҳикмат, меҳрубонӣ ва эҳсоси

гарму самимӣ мебошад.

Калид вожаҳо

:Мирзо Турсунзода, ахлоқи ҳамида, лирика, модар, меҳнат, муҳаббат,

ваҳдат, табиат, Баҳория, Дасти модар.

Мирзо Турсунзода (1911–1977) яке аз бузургтарин шоирони тоҷики асри XX

мебошад, ки дар осори худ мавзӯъҳои ситоиши модар, инсондӯстӣ, дӯст доштани табиат

ва ахлоқи ҳамида (хулқи нек) мавқеи муҳим доранд. Лирикаи Мирзо Турсунзода саршор

аз андешаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки хонандаро ба роҳи рост, дӯстиву муҳаббат

раҳнамоӣ мекунад. Дар шеъри ӯ мафҳуми дӯстии байни инсонҳо ва халқҳо мавқеи муҳим

дорад. Масалан, дар шеъри "Қиссаи Ҳиндустон", дӯстии мардуми тоҷик ва ҳинд инъикос

ёфтааст. Ӯ таъкид мекунад, ки дӯстии ҳақиқӣ боис ба пешрафти инсонҳо ва ҷомеа

мегардад.

Дар ашъори ватандӯстонаи Мирзо Турсунзода ишқи пок ба Ватан ва вазифаи ҳар

як шаҳрванд дар ҳифзи он таъкид мешавад. Масалан, дар ашъори "Асри ман" шеърҳо

овардашудаанд, ки ҳисси садоқат ва муҳаббат ба фаслҳои сол, садқатӣ ва вафодории

модар, хеле равшан инъикос ёфтааст. Асосан дар шеърҳои "Мамлакати тиллоӣ" , "Халқи

далер".

Шоир дар шеърҳои худ эҳтиром ба инсонҳо, ғамхорӣ ва пос доштани модар

даъват мекунад. Дар ашъори ӯ мавзӯи меҳру муҳаба ба тамоми олами зинда ҳамчун яке

аз беҳтарин хислатҳои ахлоқӣ ситоиш карда шудааст.

Мирзо Турсунзода таъкид мекунад, ки инсон бояд пайваста талоши дониш ва

худшиносиро дошта бошад. Илму маърифат дар осори ӯ ҳамчун василаи асосии рушд ва

комёбӣ инъикос меёбад.

Ахлоқи ҳамида дар шеъри “Дасти модар”

ДАСТИ МОДАР

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,

Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ,

Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

292

Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,

Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,

Қасрҳову кӯшкҳо андохтӣ,

Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин

Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,

Бо ҳамон дасте, ки карди интихоб

Дилпурона давлати олиҷаноб,

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,

Аллагуён тифлро хобондаӣ,

То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.

Шеъри "Дасти Модар" ба васфи меҳнати модар, бузургии ӯ ва нақши модар дар

ҳаёти инсон бахшида шудааст. Дар он меҳнат, фидокорӣ ва меҳрубонии модар таъриф

мешавад. Шоир дасти модарро рамзи меҳнат ва муҳаббат мешуморад. Ҳар кори бузург ва

муҳим дар зиндагӣ бо дасти модар оғоз мешавад. Фидокорӣ ва заҳмати модарон ҳамчун

такягоҳи зиндагии инсон таъриф мешавад:

"Дасте, ки чодар сӯхтӣ" – ишора ба заҳмату ранҷи модар, ки дар роҳи чодар

сохтан бисёр мушкилотро паси сар мекунад.

"Шаъну шараф афрӯхтӣ" – дастони модар сабаби шараф ва сарбаландии фарзанд

мегарданд.

"Боғ оростан" – рамзи тарбияи фарзанд ва зебо кардани муҳити атроф.

"Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ" – дасти модар ба рушди наслҳо ва ободии

миллат мусоидат мекунад.

"Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,

Қасрҳову кушкҳо андохтӣ."

"Манзил сохтан" – модар на танҳо фарзандро тарбия мекунад, балки асоси

хонавода ва ҷомеа аст.

"Қасрҳову кушкҳо андохтӣ" – дасти модар бунёдгузори хона, фарҳанг ва ҷомеа

мебошад.

"Бо ҳамон дасте, ки дар рӯйи замин,

Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин."

"Дар рӯйи замин" – ишора ба таъсири бузурги модар дар зиндагии инсон.

"Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин" – модар тамоми меҳри худро барои фарзанд

мебахшад.

"Бо ҳамон дасте, ки карди интихоб,

Дилпурона давлати олиҷаноб."

"Карди интихоб" – ишора ба роҳнамоиҳои модар дар зиндагии фарзанд.

"Давлати олиҷаноб" – модар барои фарзанд саодату бахт мехоҳад.

"Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз."

"Шабҳои дароз" – модарон барои фарзандон бехобӣ мекашанд.

"Чашми шаҳол карда во" – ишора ба он, ки модар шабона бедорхобӣ мекунад, то

ки фарзандаш дар оромӣ бошад.

"Аллагён тифлро хобондаӣ,

То саҳар гахворааш ҷунбондаӣ."

"Тифлро хобондаӣ" – модар фарзандашро мехобонад бо муҳаббат.


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

293

"То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ" – модар ҳарчанд хаставу монда мешавад, аммо

барои фарзандаш чӣ коре ки бошад мекунад.

БАҲОРИЯ

Баҳор омад, садои булбул омад,

Насими фораму бӯи гул омад.

Либоси сабзро саҳро ба бар кард.

Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.

Пас аз боридани борони найсон

Чӣ зебоянд дашту кӯҳсорон.

Баҳор омад, чаман гулпӯш омад.

Дили мо баччагон дар ҷӯш омад.

Давидему ба сўи боғ рафтем,

Ҳама монанди гул болида гуфтем:

Дарахти нав ба боғи нав шинонем,

Дарахти себу шафтолу расонем.

Ба боғи мо дарахти нек рӯяд,

Анори лоларангу ток рӯяд.

Ҳамон соле, ки онҳо бор оранд,

Ба мо хурсандии бисёр оранд.

Дар ин шеър шоир табиати мафтункоррро ифода намудаааст ва ба хонандагон

фаҳмонида истодааст, ки табиати баҳор ба мисли ҷавонон бедоршавии табиат буданашро.

Шеъри "Баҳор" васфи фасли зебои баҳор ва эҳёи табиатро дар бар мегирад. Мирзо

Турсунзода бо истифода аз образҳои бадеӣ ва забони шево, эҳсоси тозагӣ, зиндагӣ ва

шодии баҳориро ба хонанда мерасонад. Шеъри "Баҳор" на танҳо васфи фасли баҳор,

балки даъват ба меҳнат, табиатдӯстӣ ва зиндагии созанда аст. Шоир бо тасвири садои

булбул, насими форам ва гулҳои шукуфон омадани баҳорро истиқбол мекунад. Либоси

сабзи саҳро ва сап-сафед будани гулҳои олу рамзи эҳёи табиат ва зиндагии нав мебошанд.

Мирзо Турсунзода бо суханони равшану пуртаъсир дар қалби хонанда муҳаббат ба

табиат ва заҳмати созандаро бедор мекунад.

Осори Мирзо Турсунзода таълимоти ахлоқиро тарғиб мекунад ва барои хонандагон

таъсири тарбиявӣ дорад.

Хулоса

Лирикаи Мирзо Турсунзода пур аз ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, мебошад.

Меҳнатдӯстӣ ва фидокорӣ – дар "Дасти модар" таҷассум ёфтааст. Тараннуми фасли

баҳор ва шодуву нишоти кӯдакон – дар "Баҳория" зоҳир мешавад. Дӯстӣ ва итифоқии

инсонҳо – ҳар ду шеър дар роҳи ваҳдат ва ҳамбастагӣ паёмрасонанд. Дар "Дасти модар",

ӯ бузургии меҳрубонии модарон ва саҳми онҳо дар тарбияи инсонро васф мекунад.

Шеъри "Дасти Модар" як васфи заҳмати модар ва меҳрубонии беандозаи ӯ мебошад.

Дасти модар рамзи меҳнат, муҳаббат ва фидокорӣ аст. Модар такягоҳи фарзанд ва ҷомеа

мебошад.

Ҳар як муваффақияти инсон бо дастгирии модар имконпазир мегардад. Дар

"Баҳория", муҳаббат ба табиат ва ваҳдати халқҳоро таъриф менамояд. Шеър бо вазни

мусиқавӣ навишта шудааст, ки хонандаро ба ҷаҳони баҳорӣ мебарад.

Ин шеърҳо хонандаро ба эҳтироми модар, дӯст доштани табиат, меҳнакашӣ ва

ҳамзистии инсонҳо даъват мекунанд. Ин шеър на танҳо васфи баҳор, балки ифодаи

эҳсосоти инсон дар ин фасли сол мебошад. Шоир бо санъатҳои бадеӣ ва тасвирҳои зинда

фазои баҳориро ба хонанда наздик мекунад. Ҳамчунин, андӯҳ низ дар шеър эҳсос


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

294

мешавад, ки нишон медиҳад, ки на ҳама чиз бо баҳор нав мешавад—дар дили инсонҳо

метавонад ғам боқӣ монад. Дар таҳсил додан ба ҷавонон муаллим ва устодон аз ашъори

шоир хонда диҳанд, дар хонандагон ғунчаи инсондӯстӣ, меҳр пайдо мешавад. Мисли

Мирзо Турсунзода як инсони боистеъдод ва илму донишнок шуданро барояш замина

мешавад.

Рӯйхати адабиёт:

1. Турсунзода М. "Асри ман". Нашриёти "Ирфон". Душанбе,1974. -120 с.

2. Турсунзода М. Кулиёти иборат аз шаш ҷилд. Ҷилди 1. Шеърҳо. -155 с.

3. Нашриёти "Ирфон". Душанбе,1971

4. Саидраҳмон С. "Адабиёти бачагона". Душанбе-2019. -178 с.

5. Китобхона мактаб " Тазкираи адабиёти бачагона". Душанбе. "Адабиёти бачагона"

2012. -25-34 с.

6. Турсунзода М. Куллиёт, ч. 1.-Душанбе: Ирфон, 1971.-340 с.

7. Турсунзода М. Садои Осиё, Ҳасани аробакаш. Сталинобод: Нашрдавлточ., 1961.-120

с.

8. Турсунзода М. Куллиёт. Ҷилди 2.-Душанбе: Ирфон, 1971.-385 с.

9. Таърихи адабиёти советии тоҷик. Ҷилди 6. -168 с.

Bibliografik manbalar

Турсунзода М. "Асри ман". Нашриёти "Ирфон". Душанбе,1974. -120 с.

Турсунзода М. Кулиёти иборат аз шаш ҷилд. Ҷилди 1. Шеърҳо. -155 с.

Нашриёти "Ирфон". Душанбе,1971

Саидраҳмон С. "Адабиёти бачагона". Душанбе-2019. -178 с.

Китобхона мактаб " Тазкираи адабиёти бачагона". Душанбе. "Адабиёти бачагона" 2012. -25-34 с.

Турсунзода М. Куллиёт, ч. 1.-Душанбе: Ирфон, 1971.-340 с.

Турсунзода М. Садои Осиё, Ҳасани аробакаш. Сталинобод: Нашрдавлточ., 1961.-120 с.

Турсунзода М. Куллиёт. Ҷилди 2.-Душанбе: Ирфон, 1971.-385 с.

Таърихи адабиёти советии тоҷик. Ҷилди 6. -168 с.